Дар баробари баргузории чорабиниҳои зикргардида рӯзи 28-уми майи соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид.
Ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонем, ки рӯзҳои 27-28-уми майи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид. Дар ин семинар роҳбарияти Кумитаи дин, мудирони шуъбаҳои оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои кишвар, Раёсати Маркази исломӣ ва аъзои Шӯрои уламо, сархатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд.
Дар баробари баргузории чорабиниҳои зикргардида рӯзи 28-уми майи соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони шуъбаҳои оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои кишвар, Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Маркази исломӣ, аъзоёни Шӯрои уламо ва сархатибони масоҷиди кишвар ширкат доштанд.
Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.
Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои зайл иборат буд:
1. Муайян намудани аввали моҳи мубораки Рамазони соли 2016;
2. Муайян кардани нисоби закот, садақаи фитр ва фидяи савм.
3. Тасдиқи тақвими моҳи Рамазон ва дигар масоили ҷорӣ.
Пас аз баррасии масоили зикршуда Шӯрои уламо чунин қарор қабул намуд:
1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон рӯзи душанбе 6-уми июни соли 2016 муайян карда шавад.
2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад.
3. Садақаи фитр мувоиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ муайян карда шавад.
4. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.
5. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.
6. Тақвими тартибдодаи Маркази исломӣ тасдиқ карда шуда, барои рафъи нофаҳмиҳо нусхаи он ба тамоми масоҷиди кишвар, сомонаҳои расмии интернетӣ ва ширкатҳои мобилии ватанӣ ирсол дошта шавад.
Ҷаласаи Шӯрои уламо бо қабули қарорҳои зикргардида ва бо дуои дастаҷамъонаи аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни анҷом пазируфт.