الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН ДАР НОҲИЯИ КЎШОНИЁН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН ДАР НОҲИЯИ КЎШОНИЁН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН ДАР НОҲИЯИ КЎШОНИЁН
2024-03-14
2798

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2024 ва дар партави мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва ходимони дин, рӯзи 12-уми март дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Нақши оила дар ҳифзи мероси ниёгон ва худшиносии миллӣ” вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар ин вохўрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи бунёди оила, ҳадафи асосии он, масъулияти зану шавҳар дар тақвияти оилаи солим, таваллуд ва ба воя расонидани фарзандон, инчунин масъалаҳои ҷудошавии оилаҳо, аз тарбия дур мондани фарзандон ва мушкилоте, ки пас аз пошхӯрии оилаҳо ба миён меоянд, аз нигоҳи шаръӣ суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ таъкид карда шуд, ки оила сутуни асосии ҷамъият ва давлат ба ҳисоб рафта, устувории он ба қудратмандии ҷомеа ва давлат оварда мерасонад. Ташаккули ҷомеаи солим низ аз оилаи солим сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, ки дар устувории ин ниҳоди муҳимми ҷамъиятӣ, пойдориву хушбахтии оилаҳои ҷавон ва таъмини рӯзгори неку бобаракати фарзандон саъйу талош варзем.

وقت الصلاة في طاجيكستان

06.05.2026

أكثر
الفجر03:48
الظهر12:40
العصر17:26
المغرب19:32
العشاء21:02
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

أكثر