ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ
Рўзи 1-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ифротишавии мафкураи ҷомеа баён гардиданд, инчунин иҷрои Нақшаи амали «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба мавзуъҳои мубрами имрӯза: асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамкорӣ ва дастгирии ноҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар пешгирии ин зуҳурот, барқарорсозӣ ва офиятбахшии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, ҳадаф, усул ва мушкилоти ин раванд бахшида шуданд.
Зимни маърузаҳо муҳтавои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027», «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони рушд ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии Стратегия, нақшаҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ташаббусҳои ояндаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Шўрои уламо зимни баромади худ қайд карданд, ки дини мубини Ислом дини сулҳу оромиши инсонҳо ва дини афкори раъиятпарварона аст. Иршодоти қуръонӣ ва дастуроти Паёмбари бузургвори ислом саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам агар ба таври дақиқ, ҳамаљониба, бетарафона ва мунсифона мавриди арзёбӣ қарор гирад, ба равшании том дар хоҳем ёфт, ки дини мубини Ислом дини раҳмат буда, дар ҳељ замоне дини террористӣ набуда ва нахоҳад буд.
Дар охир қайд намуданд, ки ягона вазифаи мо шаҳрвандон ба ҳар гуна дасисаву фитна ва фиребу найрангҳои душманону хоинон ва гурўҳҳои экстремистию террористӣ дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ ва амнияти ин Ватани азизамон мебошад. Зиндагии моро ба љуз худи мо касе беҳтару хубтар ва осудаву хотирҷамтар намекунад.
أخبار أخرى
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر


