الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР ШАҳРИ МАККАИ МУКАРРАМАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ (4-5 августи соли 2024)

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР ШАҳРИ МАККАИ МУКАРРАМАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ (4-5 августи соли 2024)

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН  САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР ШАҳРИ МАККАИ МУКАРРАМАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ (4-5 августи соли 2024)
2024-08-15
1841

Рўзҳои 4-5 августи соли 2024 дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи Арабистони Саудӣ Конфронси исломии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ таҳти унвони “Нақши Вазорати корҳои исломӣ дар пешбурди принсипҳои мӯътадил ва таҳкими арзишҳои миёнаравӣ”  баргузор гардид.

Дар ин чорабинии байналмилалӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва дар мавзўи «Дин камол асту тамассук» суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ Саидмукаррам Абдуқодирзода иброз доштанд, ки Худованди мутаъол бо ин шариат башариятро аз пастиҳои зиндагӣ раҳо сохт ва онҳоро ба қуллаҳои шарофат баровард. Онҳоро аз хорию зиллат ба иззату қудрат расонд.Бояд донист, ки ҳақиқати ин дин чун нурест дар чашмҳо ва салоҳест дар ботину зоҳир ва ростист бо Худованд ва садоқатаст бо мардум ва Ватан. ҳар кӣ дар бораи он бештар маълумот пайдо кунад, ба ҳамон андоза онро бештар эҳтиром менамояд. Дини мубини Ислом дар ҳар ҷое, ки густариш пайдо кунад, ҳамроҳи худ фазилатҳоро меорад. Карам ва покӣ осори он, шуҷоату иззат самари он аст. Хислатҳои баландро дорост ва ахлоқи накўро соҳиб аст, ин ҳамаро дар нафсҳои пайравонаш тавассути дастуроти қуръону гуфтаҳои Паёмбар (с) ва донишмандони дин ҷой медиҳад.

Инчунин таъкид гардид, ки дини мубини Ислом сарчашмаи тамоми адолатҳо ва хулосаи тамоми динҳост. Ислом камолоти аҳкоми одилона ва идоракунии хирадмандона ва сиёсати ҳакимона аст.

Дар охири суханрониашон қайд намуданд, ки дини мубини Ислом дини эътидол буда, мо уммати исломӣ уммати васат ҳастем ва эътидолу миёнаравӣ дар биниш ва манишу равиш, дармони тамоми дардҳо ва ҳалли тамоми нобасомониҳои ношӣ, аз парокандагӣ ва ақибмондагии илмию иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоъӣ аст.

وقت الصلاة في طاجيكستان

03.04.2025

أكثر
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر