Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазонро муайян кард
Имрӯз соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагон аз Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аъзоёни Шӯрои уламо, инчунин имомхатибони шаҳри Душанбе ва сархатибони шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Нахуст дар назди уламои кишвар, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати даҳаи охири моҳи муборак ва фарорасии иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.
Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 6-уми июл рост меояд.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:
- Иди саиди Рамазон рӯзи 6-уми июли соли 2016 муайян карда шавад.
- Вақти баргузоршавии намози иди Рамазон дар қаламрави кишвар соати 6.30 муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон даъват кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни ихтитом пазируфт.
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


