РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БО МЕДАЛИ ФАХРӢ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД
2025-09-18
2663
Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода медали фахрии Анҷумани раҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатиро дарёфт кард. Ҷоиза бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар маросиме, ки дар ҷараёни баргузории Анҷумани VIII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ баргузор гардид, супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Анҷумани VIII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки рӯзи 17 сентябр дар шаҳри Остона таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, ширкат дорад. Дар ин ҳамоиш беш аз 700 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРМОНҲО ВА АРЗИШҲО ДАР ИСЛОМ»
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


