ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 30-юми апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ» бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори чорабинии мазкур Абдуқодирзода Саидмукаррам -Раиси Маркази исломии Тоҷикистон иштирок ва сухаронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ қайд карданд, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз равияҳои асосии фиқҳи исломӣ, бо хусусиятҳои таҳаммулпазирӣ, миёнаравӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити иҷтимоӣ фарқ мекунад. Таъкид шуд, ки ин мазҳаб дар тӯли таърих дар ташаккули фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардум саҳми назаррас гузоштааст. Инчунин зикр намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо, омӯзиши арзишҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин арзишҳо метавонанд ҳамчун омили муҳими пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа хизмат намоянд.
أخبار أخرى
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


