Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Рамазонро муайян кард
Имрӯз соати 10.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии иди саиди Рамазон ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд намуд, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ имсол иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 26-уми июн рост меояд. Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:
- Иди саиди Рамазон дар кишварамон рӯзи 26-уми июни соли 2017 муайян карда шавад.
- Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.00 баргузор карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


