Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом. Аввалан ҳамагонро бори дигар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, барои онҳо аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.
Пас аз қабули Муроҷиатномаи Шӯрои уламо роҷеъ ба идгардаки кӯдакон ва риояи одоби рӯзи ид аз ҷониби расонаи хабарии «АЗИЯ Плюс» оиди ин мавзӯъ шарҳи нодуруст баён гардидааст.
Бояд донист, ки мақсади Шӯрои уламо аз қабули ин муроҷиатнома манъи идгардаки кӯдакон набуда, балки беназорат намондани онҳо аз ҷониби волидонашон ва дар ин рӯзи шодию сурур бори гарон нашудан ва ташвиш нарасонидан ба хонаводаҳои муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбу бемордошта мебошад.
Ҳадафи дигари муроҷиатнома ин аст, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, балки сарфаву сариштакорона ин амалро анҷом диҳанд.
Раёсати Шӯрои уламо
أخبار أخرى

Табрикоти Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр

Маҷлиси Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян намудани рўзи баргузории иди шарифи Рамазон дар соли 2025 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили марбут ба он.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر