الصفحة الرئيسية الأخبار Семинари илми омӯзиши дар Маркази исломӣ

Семинари илми омӯзиши дар Маркази исломӣ

Семинари илми омӯзиши дар Маркази исломӣ
2017-07-21
5855

Рӯзи 20.07.2017 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон”баргузор гардид. Дар кори семинар коршиносон аз Маркази исломӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумита оид ба корҳои дин ва коршиносони мустақил бо маърӯзаҳои судманди худ ибрози ақида намуданд. Нуктаи муҳим ва асосии баромади маърӯзачиён иборат аз он буд, ки чи тавр ҷавононро аз таъсири шабакаҳои иҷтимоие, ки тарғиботи ифротгароиро пешаи худ қарор додаанд ва ба воситаи чунин шабакаҳо ҷавононро ба кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷалб месозанд, эмин нигоҳ доранд.

Дар охири семинар ба имомхатибон тавсия дода шуд, ки ҳар як имомхатиб бояд дар баробари доштани донишҳои динӣ аз донишҳои муосир ба мисли истифодаи интернет ва кор бо компютер ва илмҳои муосир бархӯрдор бошанд, то ин ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди андешаҳои ифротии гурӯҳҳои ғаразнок посухҳои қонеъкунанда дода тавонанд.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر