Мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар пешрафти дин ва ҷомеа”
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 23-юмин солгарди рӯзи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар пешрафти дин ва ҷомеа”баргузор гардид. Дар мизи мудаввар коршиносон аз Маркази исломӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳои судманди худ ибрози ақида намуданд. Зимни баромади худ маърӯзачиён доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар шуда, нақши Конститутсияро дар ин бобат муҳим арзёбӣ намуданд. Бо шарофати истиқлолият ва қабули ин бахтномаи миллат имрӯз мардум дар фазои сулҳу амонӣ вазоифи динии худро озодона анҷом дода истодаанд.
Зикр гардид, ки барои обрӯю иззати миллат ва шаъну шарафи давлат донистани мазмуну муҳтавои Конститутсия ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллат – Нишон ва Парчам ҳатмӣ аст ва ин нукта дар шуури ҳар як фарди ҷомеа бояд устувор бошад.
Мизи мудаввар бо дуои дастаҷамъӣ дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
أخبار أخرى
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر


