Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ
2018-01-17
4181
Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид.
Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миёна барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсусе таъйин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш мегузорад, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накӯкирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад. Мактуби як гурӯҳ намояндагони мардуми Истаравшан ба номи сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дар матбуот чоп шуд, гувоҳи он аст, ки ин шахсият он нафаре набудааст, ки худро вонамуд месозад. Ӯ яке аз таҳрикгарони ҷунбиши навест, ки ҷонибдорони он мехоҳанд ҳақиқатҳои маълумро аз нав санҷиш кунанд ва гӯиё «адолат»-ро барқарор намоянд.
Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.
Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46). Ё ин ки: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105).
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…
Саидмукаррам Абдуқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон