Роҷеъ баромади Мирзозода Азизулло «Кўмак ба мактаб ба ҷои худоӣ»
Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зиндагии аҳолии Тоҷикистон рўз то рўз маҷрои навро ба худ қабул карда истодааст. Мардум ба ҷои хараҷотҳои дандоншикан, ки дар тую маъракаҳои азодорӣ анҷом медоданд, имрўз баҳри ободии хонаву дари худ ва таълими фарзандони худ, инчунин барои дастгирии ятимону камбизоатон сарф мекунанд.
Мо бояд хуб бидонем, ки хайру эҳсон кардан аз нигоҳи аҳли суннат ва ҷамоат манфиат барои мурдагон дорад. Садақа анвои гуногун дорад. Сирф таъом додан садақа нест, балки харидани ашьёҳои таълимӣ аз қабили дафтару қалам, китоб, дастгирии моддӣ барои толибилмони камбизоат аз ҷумлаи садақот ё “Худоӣ” мебошад. Ҳамаи анвои садақот вобаста ба нияти инсон вобаста аст. Масалан нафаре барои шод кардани арвоҳи волидайнаш мактаберо таъмир кунад, аз ин амали хайраш ба арвоҳи волидайнаш савоб мерасад ва хушнуд мешаванд. Зеро расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар амали хайр садақа аст”.
Аз ин рў мо ба он андешаем, ки даъвати муовини Раиси Кумита Азизулло Мирзозода саривақтӣ буда, ба аркони шариат ягон мухолифате надорад ва боиси дастгири ҳамагон бояд бошад.
Раёсати фатвои Маркази исломӣ
أخبار أخرى
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر


