ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо унвони «Анҷумани озодандешони тоҷик» Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад. Нафароне, ки масъули ин ниҳод ҳастанд, барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад.
Ҳадафу вазифаҳое, ки дар ин баёния изҳор шудаанд, суханони обшуста ва такрор аз даҳҳо оиномаҳое ҳастанд, ки қаблан амал мекарданд. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯиё Тоҷикистон ба тӯфони азиме гирифтор бошад ва маҳз чунин афрод кишварро наҷот медода бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон вазъи хуби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, роҳи пешрафт муайян ва талошҳо барои ободии мулк ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, мардуми кишвар вазъи осуда дошта, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукмфармост. Ваҳдати давлату ҷамъият таъмин аст.
Албатта, дар замони муосир давлатеро ёфтан мушкил аст, ки камбудие надошта бошад. Дар ҷумҳурии мо низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар хориҷа анҷуману созмонҳо таъсис дода шаванд. Ба андешаи мо, масъалаҳои дохилиро дар дохили кишвар, бо роҳҳои қонунӣ, бо маслиҳату машварат, тибқи қонунҳои дохилӣ ҳал намудан лозим аст. Аз ин хотир, таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.