Мулоқот бо дастандаркорони НОБ-и Роғун
15-16-уми майи соли равон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва муовинони Раиси Шўрои уламо сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Усмоналӣ Нуров аз ҷараёни иҷрои корҳои дар иншооти азиму тақдирсози нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дидан намуда, бо мутахассисон ва дастандаркорони ин иншоот мулоқотҳо анҷом доданд.
Меҳмонон дар рафти мулоқотҳо дастандаркорони иншооти азими асрро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон таҳният гуфта, онҳоро ба меҳнати ҳалолу софдилона даъват намуданд ва таъкид доштанд, ки расидан ба ормони миллат – баистифодадиҳии ҳарчи зудтари нерӯгоҳ аз кору заҳмати онҳо вобастагии амиқ дорад.
Коркунони иншооти “Роғун” бо истифода аз ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ оид ба дин ва Раиси Шӯрои уламои кишвар суолҳои худро вобаста ба масоили мухталиф ироа намуда, посухҳои мушаххаси қонеъкунанда гирифтанд.
أخبار أخرى
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


