Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард
Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард
Чанд моҳе қабл дар назди Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи босалоҳият ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳадафи он дар асоси далелҳои шаръӣ ва нишондодҳои илми муосир муайян намудани оғози моҳи мубораки Рамазон, фарорасии вақтҳои дамидани субҳ, ифтор ва рӯзи Иди Фитр, инчунин муқаррар кардани меъёри садақаи фитр ва нисоби закот аст.
Роҳбарии комиссияи мазкурро муовини аввали Раиси Маркази исломӣ Саидов Абдулбасир бар дӯш дошта, ба ҳайъати он уламои маъруф, мутахассисони варзида шомиланд. Комиссия дар муайянсозии вақтҳои дақиқ бо олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.
Аъзои комиссия баъди омӯзишу таҳқиқ чун солҳои қаблӣ ҳисоби дақиқи вақтҳои рӯза ва дигар маълумотҳои заруриро вобаста ба моҳи мубораки Рамазон барои мардум пешкаш хоҳанд кард.
Умед аст, ки мусалмонони кишвар аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи комиссияи мазкур самаранок истифода бурда, дар моҳи мубораки Рамазон, ки ба зудӣ фаро мерасад, ба ибодату корҳои хайр ва ваҳдату якдилӣ саъй хоҳанд намуд.
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


