الصفحة الرئيسية الأخبار Шӯрои уламои Маркази исломӣ санаи Иди Фитрро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ санаи Иди Фитрро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ санаи Иди Фитрро муайян кард
2015-07-13
8123

Шӯрои уламои Маркази исломӣ санаи Иди Фитрро муайян кард

Субҳи имрӯз, 13 июл дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, аҳли нишастро бо фаро расидани шаби Қадр ва иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.

Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, зикр намуд, ки имсол мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаҳои марказҳои динии кишварҳои дигар, инчунин назари уламои дини ҷумҳурӣ рӯъяти ҳилоли иди Фитр дар кишвар ба рӯзи 17-уми июл рост меояд, бинобар ин, моҳи мубораки Рамазони имсол 29 рӯз давом мекунад.

Раиси Марказ бо такя ба далелҳои муътамад тазаккур дод, ки Пайғамбари Худо (с) дар умри мубораки худ 9 сол рӯза гирифта буданд, ки аз ин шумора танҳо ду соли онро 30-рӯзӣ ва боқии онро 29-рӯзӣ рӯза доштаанд.

Сипас аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

Мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба рӯъяти ҳилол иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 17-уми июли соли 2015 таҷлил карда шавад.

Вақти баргузоршавии намози иди саиди Рамазон соати 6-30 дақиқа муайян карда шавад.

Дар назди ҳар як масҷиди ҷомеъ комиссия оид ба раванди расонидани садақаҳои фитри ҷамъшуда ба ниёзмандону бенавоён таъсис дода шуда, назорати иҷроиши банди мазкур ба зиммаи муовини аввали Раиси Маркази исломӣ Саидов Абдулбасир вогузор карда шавад.

Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд. Инчунин наврасону ҷавононро ба илмомӯзию донишандӯзӣ тарғиб намуда, аз шомилшавӣ ба ташкилоти террористии ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ҷилавгирӣ намоянд.

Комиссияи одоб, ки дар масҷидҳо фаъолият менамоянд, кори худро ҷоннок намуда, навбатдории шабонарӯзиро барои таъмини амнияти намозгузорон дар ин рӯзҳо ба роҳ монанд.

Дар анҷоми ҷамъомад раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода уламо ва тамоми мусалмонони кишварро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуда, изҳори умед кард, ки мусалмонони Тоҷикистон ин идро чун солҳои қаблӣ бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, ваҳдату садоқат қайд хоҳанд кард ва минбаъд низ барои дастгирии ҳамдигар ва ободии Ватан камари ҳиммат мебанданд

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر