الصفحة الرئيسية الأخبار Шукри амонии Ватан

Шукри амонии Ватан

Шукри амонии Ватан
2015-08-28
5062

Имрӯз 28-уми август дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода дар хутбаи намози ҷумъа оиди мавзӯи «Шукри амонии Ватан» суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромади худ таъкид намуд, ки муъмин дар баробари неъматҳое, ки Худованд ба ӯ арзонӣ доштааст, шукр мекунад ва агар дар зиндагии худ ба мусибате гирифтор шавад, сабр менамояд.

Номбурда дар хусуси нооромиҳое, ки имрӯз мамолики ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои исломиро фаро гирифтааст, қайд карда изҳор чунин дошт, ки барои ҳар як фард маълум аст, ки давлатҳои абарқудрат бо пиёда кардани ҷангу нооромиҳо дар ин кишварҳо ҳадафҳои зайлро ба нақша гирифтаанд: Аз худ кардани сарватҳои ин кишварҳо, бо нархи гарон фурӯхтани яроқу аслиҳаи худ ва қатлу куштори мардуми мусалмон. Бо ҳамин васила абарқудратҳо мехоҳанд, ки сафи мардуми мусалмонро, ки рӯ ба афзоиш аст, кам кунанд. Бинобар ин, ин ҷангҳо фақат ба зиёни мардуми мусалмон асту бас.

Мавсуф дар охири суханронии худ аз шахсони рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта тақозо намуд, ки бояд ҷавононро панду насиҳат кунанд ва онҳоро ба роҳи рост роҳнамоӣ намоянд, то ки дар фикри ободию оромии кишвар бошанд. 

Хутбаи ҷумъа бо дуои дастаҷамъии намозгузорон ҳусни ихтитом ёфт.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر