Home Articles Афзалияти мазҳаби ҳанафӣ

Афзалияти мазҳаби ҳанафӣ

Афзалияти мазҳаби ҳанафӣ
2019-08-23
2117

Дар ҳадиси шариф ба исноди саҳеҳ, ба ривояти Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа (раҳматуллоҳи алайҳим) аз ҳазрати Абуҳурайра ва Анас ва Муовия (разияллоҳу анҳум) ба ҳамин маъно омадааст, ки Расулуллоҳ алайҳиссалом фармуданд:

 «Яҳудиҳо ба ҳафтоду як фирқа тақсим шуданд, насоро ба ҳафтоду ду гурӯҳ, зуд аст, ки уммати ман ба ҳафтоду се фирқа мутафарриқ мегардад, ки ба ҷуз як гурӯҳ дигар ҳама дар норанд, ки он як гурӯҳи наҷотёбанда ҷамоатанд» (яъне аҳли суннат ва ҷамоъат).

Дар ривояти дигар омадааст, ки саҳобагон пурсиданд, ки: «Ё Пайғамбари Худо! Он як гурӯҳи наҷотёбанда кистанд?» Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Онҳо касонеанд, ки дар роҳи ман ва асҳоби ман ҳастанд».

Ба ҳама маълум аст, ки гурӯҳе, ки пайрави Расулуллоҳ (с) ва пайрави саҳобаи киром ҳастанд, танҳо аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, зеро ки дигар фирқаҳо, гарчанде даъвои (бедалел) пайравӣ ба Расулуллоҳ (с) дошта бошанд ҳам, аммо ошкоро инкори равиши саҳобагонро доранд мисли шиаҳо.

Ва як гурӯҳи дигар адоват ба аҳли байти он Ҳазрат (с) доранд мисли салафиҳо, ҳол он ки хонадони он Ҳазрат (с) аз ҷумлаи аввалини саҳобагонанд.

Пас маълум шуд, ки танҳо аҳли суннат пайравии комил ба ҷамиъи саҳобагонро доранд ва фирқаи ноҷия ҳаминҳо ҳастанд.

Ва ҷамиъи аҳли ислом иттифоқ доранд, ки аҳли суннат ва ҷамоъат иборат аз ҳамин чаҳор мазҳаби барҳақ ҳастанд: ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ, ҳанбалӣ. Тамоми ривоёти фиқҳии саҳоба, ки аз Пайғамбар (с) омўхтаанд, мунҳасир дар ҳамин чаҳор мазҳаб аст.

Ҳамаи ин чаҳор мазҳаб дар эътиқодот як ҳастанд ва як ақида доранд. Дар фуруъот ва масоили фиқҳӣ он ихтилофе, ки байнашон ҳаст, он раҳмати Худованд аст ва ин гуна ихтилоф байни саҳобагон низ вуҷуд дошт ва мўҷиби маломату адоват нест.

Пас пайравӣ кардан ба яке аз ин мазоҳиби чаҳоргона шарти ҳидоят ёфтан ва сабаби наҷот аз залолат аст.

Чунон ки аз ин муқаддима маълум шуд, пас гуфтан ҷоиз аст, ки гарчанде ҳар чаҳори ин мазоҳиб дар асли ҳидоят ва бар ҳақ будан баробаранд, аммо дар афзалият ва авлавият аз ҳам фарқ доранд.

Ва мо пайравӣ ба мазҳаби ҳанафиро авло ва беҳтар медонем, бо чандин далелҳо:

1. Аз байни ҳар чаҳор имоми мазҳаб танҳо имоми мазҳаби мо ҳазрати Имоми Аъзам Абўҳанифаи Кўфӣ (р) аз ҷумлаи тобиъин мебошанд, ки бо башорати Расулуллоҳ (с) баъд аз саҳобаи киром (р) беҳтарини инсонҳоанд. Ҳазрати имом ба суҳбат ва дуои чанд нафар саҳоба мушарраф гаштаанд ва ба иттифоқ тобеъӣ ҳастанд. Чун аз ин ҳайсият аз дигар имомон бартарӣ доранд, мазҳабашон низ бар дигар мазоҳиб бартарӣ дорад.

2. Ҳазрати Имом фақеҳтарини муҷтаҳидин ҳастанд. Ҳатто ки имом Шофиъӣ фармудаанд: «Кулли уламои олам дар фиқҳ муҳтоҷи Абўҳанифа ҳастанд. Чун мавзуъи илми мазоҳиб илми фиқҳаст, пас дар фиқҳ, ки афзалият доранд, мазҳабашон низ афзали мазоҳиб аст». (Мақсад аз фиқҳ, донистани асли маъонии Қуръону ҳадис ва огоҳ будан аз мақосид ва дақоиқи он аст).

3. Ҳазрати Имом аввалин тадвинкунанда ва тартибдиҳандаи масоили фиқҳӣ мебошанд ва дигар имомон ба пайравӣ аз ҳазрати Имом масоилро тадвин кардаанд, ки албатта матбуъ бар тобеъ авлавият дорад.

4. Ҳазрати Имом шогирдони бузурги бисёр доштанд, ки ҳар яки онҳо дар илму тақво нодири замон буданд, ба монанди имом Абўюсуф, имом Муҳаммад, имом Зуфар, Абдуллоҳ ибни Муборак, Довуди Тоӣ, Фузайл ибни Иёз ва садҳо бузургони дигар, ки ҳар яки онҳо саромади уламову фуқаҳо ва муқтадои машоиху фузало буданд. Ҳазрати Имом ҳар як масъаларо байни ин ҳама шогирдон мегузоштанд ва барои ҳалли он, ҳар яки онҳо аз нақлу ривоят ва илму дирояти худ чизе мегуфтанд. Дар охир худашон ҳамаҷониба таҳлил намуда, хулоса мекарданд ва фатво медоданд. Албатта ба ин тарзи шўро, ҳаллу фасл намудани масоил аз хато дур аст, вале дигар мазоҳиб ин мазийятро надоштанд. Аз ин ҷиҳат низ мазҳаби мо афзалият пайдо кард.

5. Пайравони зиёд доштани Ҳазрати Имом, зеро аксари кулли мусулмонони дунё пайравӣ ба мазҳаби эшон доранд, ки ин баёнгари ҳам барҳаққӣ ва ҳам беҳтарии мазҳабашон мебошад, зеро ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Алайкум биссаводил аъзам». Яъне, бар худ ҷамоати бузургтаринро лозим гиред. Пас дар байни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон ҳеҷ ҷамъияте зиёдтар аз ҳанафиён нест. На ин ки аксарияти онҳо дар баъзе замонҳо бошад, балки сездаҳ қарн инҷониб ҳанафийят роҳнамои аксари кулли олами ислом аст. Пас ин ҳадиси шарифу бузург башоратест, ки ба лозим гирифтани мазҳаби ҳанафӣ ишорат мекунад.

Ногуфта намонад, ки ин ҳама иштиҳор ва интишори оламшумули мазҳаби Имоми Аъзам, ба сабаби қавӣ ва мустаҳкам будани далоили нақлийяи Ҳазрати Имом, ки он иборат аз: Қуръоникарим, аҳодиси поки Пайғамбар (с),  равиши саҳоба,  инчунин қиёсу истинбототи саҳеҳ вамусиби Ҳазрати Имом буд, ки дар ҳама давру замон мавриди тақвият ва таъйиди аимма ва аъломи дин ва мақбули пешвоёни аҳли яқин гардид.

Ин панҷ ваҷҳи куллии афзалияти мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки мо ба тарзи ихтисор ва иҷмол баён кардем. Шахсе, ки вуҷуҳи авлавияти ин мазҳабро дар ҷузъиёташ донистан хоҳад, бояд китобҳои муътабари бузургони ҳанафияро мутолаъа намояд, ба монанди «Ҳидояи шариф» бо ҳошияи Ибни Ҳумом ва шарҳи Аллома Айнӣ ва «Мирқот-ул-мафотеҳ»-и Мавлоно Алиқорӣ, шарҳи «Мишкотул-масобеҳ» ва ғайра.

Дар баробари ин ҳама манқабату азамат, ин мазҳаб, Имоми бузургаш ва пайравони асилаш дар ҳар давру замон, аз таъни ҷоҳилону ҳасади ҳасудон ва адовати мубтадиъон эмин набуданду намебошанд. Алалхусус, дар ин замони пур аз фитнаву ошўб ки ҷаҳл дар дин ғолиб ва шинохти ҳақиқат нодир гаштааст, хосса фитнаи «ваҳҳобия – салафия», ки асли мақсадашон дур кардани мардум аз мазҳабашон ба иддаои ин, ки гўё мазҳаб бидъату ширк аст ва ба ин восита дур кардани онҳо аз динашон аст, ҳол он ки мазҳаб айни дин аст.

Ҳазрати Мавлавии Ҳиндустонӣ (р) фармудаанд:          

Биё муслим ҳифози мазҳаб орем,

Ҳифози мазҳаб ҳифзи дин шуморем.

Барои бутлони онҳо ҳамин хислаташон кофист, ки онҳо на одобу ахлоқ доранд ва на иззату эҳтиром нисбат ба муқаддасоти дину шариъат ва на ба бузургону азизони тариқат. На илму донише ва на ақлу бинише.Ба ғайр аз муъминонро ба туҳмати ширк азияту озор ва душманӣ ба қабру мазор дигар ҳунаре надоранд.

Ва ҳатто ки фитнаи салафият ба бисёри аҳли илм низ сироят кардааст. Онҳо даъво доранд, ки ҳанафӣ ҳастанд, аммо гуфтору рафтори онҳо ба услуби ҳанафият асло рост намеояд. Балки фитнаи ин чалласалафию чалаҳанафиҳо бадтар аз салафиҳои маҳз аст. Зеро ки тамйиз ва ҷудо кардани онҳо барои авомуннос бисёр мушкил аст ва ҳар кас фиреби онҳоро хўрда, гумроҳ шуданаш мумкин аст.

Мардуми тоҷик дар авохири асри бист ба фитнаи ваҳҳобия гирифтор шуда, ҳам дар динаш зиён кард ва ҳам дар дунёяш. Имрўз, ки Худованди карим ба сабаби саъю кўшишҳои бузурги Пешвои миллат моро аз макри онҳо наҷот дод, ба он сипосгузор бошем ва ҳоло ҳам ҳушёриро аз даст надода эҳтиёт кунем, ба ин равиши беҳтарини аҳли суннат ва ҷамоъат, мазҳаби чароғи уммат Имоми Аъзам (р) мустаҳкам бошем, иншоаллоҳ саодати дунёю охират насиби мо мегардад.

сархатиби ш. Истаравшан

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More