Home Articles Эҳтироми олим дар андешаҳои Имоми Аъзам (р)

Эҳтироми олим дар андешаҳои Имоми Аъзам (р)

Эҳтироми олим дар андешаҳои Имоми Аъзам (р)
2019-08-29
2491

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, дуруду салом бар Паёмбари охирзамон ва ҳамаи хонадону ёрони ў бод.

Худованд баъд аз он ки Одам (а) -ро офарид ба ў номҳои ашёҳоеро омўхт, ки ҳатто фариштагон аз донистани онҳо оҷиз буданд. Ин дониши Одам(а) буд, ки ўро аз фариштагон бартар кард ва мавриди эҳтиром ва икроми хосси онҳо қарор гирифт. Дар достони офариниши Одам(а) ҳам аслитарин масъала масъалаи илму дониш дониста шудааст ва арзиши асосии инсон ва ҳамон илму маърифат ва дониши ў қаламдод шудааст. Дар ҳақиқат фариштагон ба ҳамин мақоми воло ва пурарзиши илму огоҳӣ ва маърифати Одам(а) саҷда намудаанд. Мақоме, ки аз ҷониби Парвардигор ба ў ато гардид ва ўро ҷонишини Худ дар рўи замин гардонид:

 «Ва номҳои ашёҳоеро (яъне илми асрори офариниш ва номгузории мавҷудотро) ба Одам(а) омўхт баъд онҳоро ба фариштагон арза дошт ва фармуд агар рост мегўед номҳои инҳоро ба ман бигўед».

«Фариштагон гуфтанд: Поко Парвардигоро! Мо намедоним ба ҷуз ҳамон чизеро, ки ту ба мо ёд додаӣ. Ту донову ҳакимӣ».

«Худованд фармуд: Эй Одам онҳоро аз номҳо ва асрори ин мавҷудот огоҳ кун. Пас чун Одам онҳоро огоҳ кард Худованд ба онҳо хитоб кард: Оё ба шумо нагуфтам, ки ман ғайби осмонҳо ва заминро медонам ва низ медонам он чиро шумо ошкор мекунед ё пинҳон медоред». (Сураи Бақара 31-33)

Ҳамон гуна ки мебинем, дар ин се ояти карима, ки дар бораи достони офариниши инсон ва бартарии ў аз фариштагон сухан ба миён омадааст, дониши инсон ва муҳимтар аз он истеъдод ва тавоноии инсон барои ба даст овардани илму маърифат мавриди таваҷҷўҳи хос қарор гирифтааст. Зеро баъд аз неъмати офариниш зикри илму дониш ба миён омадааст ва агар неъмате болотар ва пурарзиштар аз илму дониш мебуд, ҳатман ҳангоми офариниши олам ва Одам(а) онро зикр мекард. Аз ин хотир аст, ки аввалин ояте, ки ба Паёмбари акрам (с) фуруд омад, ояти «Иқраъ» - «Бихон» буд.

Дар ҳақиқат илму дониш ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳое аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дўст медорад. Дини мубини Ислом ба масъалаи илму дониш ва донишомўзию таълим додан ба дигарон таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.

Дар дини мубини Ислом мақоми олимон ва соҳибони илму маърифат аз ҳама қишрҳои ҷомеа болотар гузошта шуда ва машғул шудан ба тафаккуру тадаббур ва фарогирии илм аз ҳар амали дигаре боарзиштар ва муфидтар қаламдод шудааст. Оятҳои фаровони Қуръони карим инсонҳоро ба тафаккуру тадаббур дар ҳодисаҳои атроф даъват намуда, ин амалро роҳи расидан ба дастовардҳои илмӣ ва дар ниҳоят расидан ба саодати дунёву охират медонанд. Дар ҳақиқат агар инсон аз роҳи илм ва барои ба даст овардани маълумоти бештар аз дунёи атрофи худ ба он назар кунад, ҳатман имони ў ба Офаринандаи ин ҷаҳони зебо бештар мегардад. Ў ҳамчунин худро беҳтар мешиносад ва нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар баробари ин ҳама неъматҳо беҳтар дарк мекунад ва аз Худо ба хотири ин ҳама шароити муносиби зиндагӣ шукргузорӣ мекунад. Пас худошиносӣ дар ҳақиқат дар партави илму маърифат ба ҷаҳони табиат ва ҳодисаҳои он беҳтар ҳосил мегардад.

Барги дарахтони сабз, дар назари ҳушёр,

Ҳар варақаш дафтарест, маърифати Кирдигор.

Яъне дар миёни бандагони илоҳӣ фақат олимон ҳастанд, ки худошиносанд ва тарсу бим аз Худо ва ҳисси тақвову парҳезгорӣ дар дили онҳо роҳ дорад. Ин ҷо фақат олими дин ва шариат дар назар нест, балки олими ҳар илмеро шомил мешавад. Масалан мо агар ба зиндагиномаи аксари олимони илмҳои табиатшиносӣ, кимиё, физика, математика, ва ҳатто технология муроҷиат намоем, онҳоро дар сатҳи баланди худошиносӣ мебинем. Зеро касоне, ки бо асрори табиат ва офариниш сарукор мегиранд ва зебоиҳову назми дақиқу ҳисобшудаи ин ҷаҳонро мушоҳида мекунанд, ҳатман ба Офаридагори он мерасанд ва дар баробари илму қудрату азамати ў сари таъзим фуруд меоваранд.

Агар ҳадафи омадани дину шариат ба саодат расондани инсонҳо бошад, оятҳои зикршудаи Қуръони карим ба мо чунин ишорат мекунанд, ки бо илму дониш ва огоҳию маърифат метавон ба ин саодат расид. Пас биёед бо тавсияҳо ва супоришҳои Қуръони карим дар масири илмомўзӣ қадам бардорем ва аз илмҳои гуногуни замонаи худ баҳраманд гардем. Ҷавонони мо метавонанд дар айни фаро гирифтани илми тиб ё муҳандисӣ ё технологияи навин ба зинаҳои баланди худошиносӣ ҳам ноил гардаданд ва бо ихтирооти худ, ки аз илму имон сарчашма мегирад, тоҷику тоҷикистониёнро бори дигар дар арсаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Барои миллати барўманди тоҷик, кулли мусалмонон ва хоссатан пайравони мазҳаби ҳанафӣ боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо иқдоми наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ум соли гиромидошти олими тавоно, фақеҳи бузург, пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Нўъмон ибни Собит раҳимаҳуллоҳ, эълон гардид. Чунин тасмими хирадмандона талаби давру замон буда, барои худшиносии миллии мо мусоидат мекунад.

Боре Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар ҳалқаи саҳобагон фармуданд:

 «Агар илм дар Сурайё мебуд, марде аз фарзандони Форс онро дармеёфт». (Ин ҳадисро имом Аҳмад ривоят кардааст)

Дар китоби «Табйиз-ус-саҳифа фи маноқиби Абўҳанифа» имом Ҷалолуддини Суютӣ мегўяд, ки ҳадиси мазкур дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, чунки дар Форс касе дар мақоми илм ҳамдўши Имоми Аъзам ва шогирдонаш набуд.

Имоми Аъзам омўзиши илмро дар мадди аввал гузошта, амал кардан ба онро фарз медонист. Чунончи дар васияташ фармудааст: «Ҳар кас илмро ба хотири амал биомўзад, дар он баракат ҳосил шуда ва дар қалбаш русух хоҳад намуд ва дигарон аз илми ў баҳра хоҳанд бурд».

Ҳангоме ки Довуди Тоӣ – солики бузург ба мароҳили муҳими илмӣ расид ва масдару муқтадо шуд, ба наздики Абўҳанифа омад ва гуфт:

– Акнун чӣ кунам?

Абўҳанифа гуфт:

– Бар ту воҷиб аст, ки бо илми худ амал кунӣ, зеро дониш бидуни амал монанди ҷисм бидуни рўҳ аст.

Он гоҳ Имоми Аъзам матолиберо барои ў дар заминаи нияти холис ва покии амал тавзеҳ дод, ки ҳаргиз амалро наметавон аз илм ҷудо кард («Нур-ул-ҳақиқат»).

Дар ин маврид дар ҳадиси Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, омадааст:

 «Ҳар кас қадамҳояшро дар роҳи Худо ғуборолуд кунад, Худованд оташи дўзахро бар вай ҳаром месозад» (Ин ҳадисро имом Бухорӣ ривоят кардааст)

Илм бояд ба мардум нафъ расонад ва пўшида доштани илм ҳаргиз ҷоиз нест, чунончи Паёмбари акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармудаанд: «Агар шахси донишманде аз илме пурсида шавад, пас ҷавобашро пинҳон кунад, рўзи қиёмат лаҷоми оташин зада мешавад» (Ба ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).

Ҳазрати Имоми Аъзам нисбати илму олимон некиҳо ва саховатҳои зиёде кардааст, ки касе дар замонаш ба он андоза ба ин амали хайр даст назадааст. Ў зиёда аз 730 нафар шогирдро тарбия карда, ба воя расонидааст. Имом Абўюсуф ва Имом Муҳаммади Шайбонӣ аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин шогирдони Абўҳанифаанд, ки натанҳо кори устоди худро идома додаанд, балки дар таълифоти худ ақидаҳои устодашонро умри ҷовидона бахшидаанд.

Имоми бузург эҳтиромеро барои устодаш қоил буд, ки он аҷиб ва шигифтовар менамуд. Ҳар гоҳе ба қасди дидори устод ба хонаи ў мерафт, дар пушти манзилаш интизор мешуд, то ин ки ў барои адои намоз ва ё анҷоми кори дигаре берун меомад. Пас ўро ҳамроҳӣ мекард ва аз вай суол менамуд. Дар мавоқеи лозим ба хидматгорӣ ва хидматгузории ў мешитофт. Замоне ки дар манзил нишаста буд, ҳеҷ гоҳ пойҳояшро ба сўи хонаи устодаш дароз намекард ва мефармуд: «Ман ҳеҷ замоне намоз нахондаам, ки дуое барои устодам ва барои падару модарам дар он набуда бошад».

Маҳз қадр ва манзалати илм буд, ки ба баракати он як тоҷири Кўфа чунин рутбаи бузургеро ҳосил намуд, ки пас аз гузаштани чандин садсолаҳо, подшоҳони бузург бар оромгоҳи эшон рафта, дуои раҳмату мағфират мегўянд. 

«Бузургон ҳаргиз намемиранд». Ин ҳикмат аз ганҷинаи бобаракати ақлу заковати мардумӣ бархоста ва халқ нисбат ба фарзандони фарзонаву созандаи худ ба ин гуна ҳукм баровардан  ҳақ  дорад, зеро бузург будан ба он маъност, ки ҳам худро омўзӣ ва ҳам дигаронро, ҳам худро бишносӣ ва ҳам дигаронро, ҳам барои худ зиндагонию фаъолият кунӣ ва ҳам барои дигарон, имрўзро мунаввар намоӣ барои фардои ҳамнавъон. Бузург будан ба ин маъност, ки дили бузург бояд дошт, то дар он, дунё бо ҳама ғаму шодияш биғунҷад, хайрхоҳ бояд буд, то муаммои зиндагиро дарк намояду тавонад, ки дарду дармони мардумро бо забоне барои ҳамагон фаҳмо кушояду рўшан баён кунад, фарзанди барўманду маҳбуби дилҳои одамон, новобаста аз ному насаб, қавму халқияту миллат, дину оину мазҳаб бошад.

Аз Худованд талаби онро дорем, ки ҷавонони миллати моро дар роҳи шарифи илму дониш собитқадаму муваффақ гардонад ва дар сояи илму имон уфуқҳои тозае аз пешрафтҳоро насиби онҳо гардонад. Омин!

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More