Home Articles «МАЪНОИ АСЛИИ МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ РАФТОРИ ОЗОДОНА, МУСТАҚИЛОНА ВА БОМАНТИҚ ДОШТАН ДАР МУҲИТИ МАМЛАКАТИ ОБОД МЕБОШАД»

«МАЪНОИ АСЛИИ МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ РАФТОРИ ОЗОДОНА, МУСТАҚИЛОНА ВА БОМАНТИҚ ДОШТАН ДАР МУҲИТИ МАМЛАКАТИ ОБОД МЕБОШАД»

«МАЪНОИ АСЛИИ МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ РАФТОРИ ОЗОДОНА, МУСТАҚИЛОНА ВА БОМАНТИҚ ДОШТАН ДАР МУҲИТИ МАМЛАКАТИ ОБОД МЕБОШАД»
2019-09-12
2302

Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.

Мушарраф шудан ба ин рӯйдоди хотирмон ва тулӯи офтоби гарму форами санаи мубораки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омадааст. Чун ҳамасола дар ин рӯзи фараҳбахш тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ ҷашни 28-умин солгарди онро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои беҳтар аз пештар таҷлил карда истодаанд.

Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодакунандаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ пайдо намудааст. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи баршумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик шукӯҳу шаҳомати беназири худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар мегардад.

Вақте ки дар бораи рушди мустақилона дар даврони истиқлолият сухан доир мешавад, бегумон самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.

Муҳимтарин омили решадор кардани соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама,  соҳибӣ карда тавонистани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои кӯҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки ҷумҳурии мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале дар муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии мамлакат тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳал ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид.

Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ бозгӯ намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Сарвари тоҷикон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии ҷумҳурӣ ҳам буд. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро монанди пӯлод обутоб дода, ба мисли гӯшту нохун муттаҳид кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон абадулобод ҷойгузин шуд. Ҳамин омили муҳим минбаъд расидан ба дастовардҳои дигарро дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, энергетика ва логистика, саноат ва озуқаворӣ осон гардонид ва уфуқҳои тозаро ба рӯйи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон боз намуд.

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

9 СЕНТЯБР. РӮЗЕ, КИ БАРОИ МАРДУМИ ТОҶИК МУҚАДДАС АСТ

Бисту ҳашт сол муқаддам, яъне 9  сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба ҳастӣ пайваст: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Гарчанде бархе аз душманони миллат бо фармоиши хоҷагони бурунмарзӣ, ки тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро надоштанд, бо иғвову дасиса ҷанги бародаркуш ташкил намуда, ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба эъдом расондаву ба муҳоҷират маҷбур карданд, вале ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ба бахти  миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот доданд. 
Миллати моро дар тӯли таърих аз ҳаводиси замон ҷавонмардони банангу номус, фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгираш ҳифз ва нигоҳ доштааст.
Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардидем.
Бо гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавон хулоса кард, ки давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ва ҳар яки мо дар таҳкими истиқлолият ва рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем.
Раъно ИСКАНДАРЗОДА

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More