Home Articles Абдулло Раҳнамо: «Маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад»

Абдулло Раҳнамо: «Маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад»

Абдулло Раҳнамо: «Маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад»
2019-09-27
2308

Абдулло Раҳнамо: «Маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад»

19 сентябр дар Варшава дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии фикр, виҷдон, дин ва ақида мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо суханронӣ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронияш Абдулло Раҳнамо изҳор дошт, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба озодии виҷдон ва ақоиди мазҳабӣ иҷро мекунад, инчунин қонунҳои мамлакат ба намояндагони тамоми динҳо ва равияҳо барои таъсиси муассисаҳои динӣ имкониятҳои баробар муҳайё месозанд.

Дар айни замон ӯ зикр кард, ки маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад, зеро онҳо иттиҳодияҳои динӣ нестанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Pray time in Dushanbe

11.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:52
Maghrib19:58
Isha21:28
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More