Афзалияти саҳобагон (р) Беҳтарини саҳобагон аз рӯи мақом

Эҳтирому гиромидошти саҳобагон, шинохти ҳуқуқи онон ва пайравӣ аз роҳу равиши онҳо, дуо ва истиғфор барои онҳо дар ҳақиқат эҳтирому эъзоз ба мақоми Расулуллоҳ (с) аст.
Дар ин навишта афзалияти саҳобагон, ки Худованд ва Расулаш дар оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ онҳоро бо зикри номҳову сифатҳо ва амалҳояшон зикр кардаанд, баён мегардад.
Якум: Афзали саҳобагон баъд аз пайғамбарон Абӯбакри Сиддиқ (р), сипас Умари Форуқ (р), сипас Усмони Зиннурайн (р), сипас Алии Муртазо (р) мебошанд, яъне тартибашон дар фазлу бузургӣ монанди тартиби хилофати онҳост.
Аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ривоят аст, ки гуфт: «Ба падарам Алӣ ибни Абӯтолиб (р) гуфтам: «Беҳтарин мардум пас аз Расулуллоҳ (с) кист?» Гуфт: «Абӯбакр». Гуфтам: «Сипас кист?» Гуфт: «Умар». Пас аз тарси он ки шояд Усмон мегӯяд, гуфтам: «Сипас шумо ҳастед?» Гуфт: «Ман фақат марде аз миёни мусулмонон ҳастам». (Ривояти Бухорӣ).
Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Дар замони Расули Худо (с) аз байни мардум касонеро мехостем баргузинем, Абӯбакрро, пас Умар ва сипас Усмонро интихоб мекардем». (Бухорӣ).
Пас аз халифаҳои рошидин дар фазлу бузургӣ шаш нафари дигар қарор доранд, ки Пайғамбар (с) ононро ба биҳишт мужда додаст. Аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Абӯбакр дар ҷаннат аст, Умар дар ҷаннат аст, Усмон дар ҷаннат аст, Алӣ дар ҷаннат аст, Талҳа дар ҷаннат аст, Зубайр дар ҷаннат аст, Абдурраҳмон дар ҷаннат аст, Саъд ва Саъид дар ҷаннат аст, Абӯубайда ибни Ҷарроҳ дар ҷаннат аст». (Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ)
Муҳаммад ибни Ҳусайни Оҷуррӣ гӯяд: «Воҷиб аст бар мусулмонон, то барои касоне, ки Пайғамбар (с) шаҳодати биҳишт бар онҳо додааст, гувоҳӣ диҳанд, пас вақте ки шаҳодат додааст, воқеан ононро дӯст доштааст, ҳар касе ононро дӯст дорад ва барояшон шаҳодат ба биҳишт диҳад, тамоми саҳобагон аз забони ӯ эмин мемонанд. Инчунин ба хилофати онҳо низ гувоҳӣ бояд диҳанд, ки аввалини онҳо Абӯбакр, сипас Умар, сипас Усмон, сипас Алӣ ҳастанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки Пайғамбар (с) дар ҳаққашон фармудааст: «Муҳаббати ин чаҳор фақат дар қалби мӯъмин ҷой мегирад, Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ».
Муҳаммад ибни Ҳусайн мегӯяд: «Бидон, ки ҳар касе Абӯбакрро дӯст дорад, гӯё динро барпо доштааст, ҳар касе Умарро дӯст дорад, роҳро равшан кардааст, ҳар касе Усмонро дӯст дорад, бо нури Худо нуронӣ шудааст, ҳар касе Алиро дӯст дорад, ба ресмони муҳкам чанг задааст, ҳар касе дар шаъни саҳобагони Расули Худо (с) сухани нек гӯяд, аз нифоқ барӣ шудааст».
Афзалияти онҳо ба шакли умум
Собиқони нахустин аз муҳоҷирон
Афзали саҳобагон ба таври умум муҳоҷирони нахустин, сипас ансор ҳастанд. Худованд мефармояд:
«Ва сабқаткунандагони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва онон, ки ба некӯкорӣ ба онҳо пайравӣ карданд – Худо аз ин ҷамоа хушнуд шуд ва онҳо аз Вай хушнуд шуданд; ва барои онҳо бӯстонҳое омода сохтааст, ки зери он ҷӯйҳо меравад; [онҳо] дар он ҷо ҳамеша ҷовидонанд. Ин фирӯзии бузург аст». («Тавба»; 100).
Мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат муҳоҷиронро бар ансор муқаддам медорад.
Аҳли Бадр ва Уҳуд
Баъд аз муҳоҷирони нахустин дар мақому мартаба аҳли Бадр қарор доранд. Ба касоне, ки дар ҷанги Бадр ширкат доштанд, «бадрӣ» гуфта мешавад ва Худованд онҳоро мавриди омурзиши худ қарор додааст.
Пас аз аҳли Бадр аҳли Уҳуд мақоми воло доранд. Худованд фармудааст:
«То шуморо имтиҳон кунад; ва ба дурустӣ ки аз шумо даргузашт. Ва Худо нисбат ба мӯъминон Соҳиби раҳмат аст». («Оли Имрон»; 152).
Ин савоби касоне аз онон аст, ки ҷоми шаҳодат нанӯшидаанд, пас ононе ки дар ин ҷанг ба шаҳодат расидаанд, чӣ андоза мақоми волое хоҳанд дошт.
Касоне, ки дар ғазваи Аҳзоб собитқадам буданд
Худованд фазлу суботи ононро чунин ёдоварӣ мекунад:
«Эй мӯъминон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед – вақте ки лашкарҳо бар сари шумо омад, пас, бар онҳо бод ва лашкарҳоеро, ки онҳоро намедидед, фиристодем. Ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст.
Чун аз ҷониби болои шумо ва аз ҷониби поини шумо ба шумо омаданд ва чун дидаҳо хира монданд ва ҷонҳо ба гулӯ расиданд ва (нисбат) ба Худо ба гумонҳои мухталиф гумон мебурдед, дар он ҷо мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва ба ҷунбонидани сахт ҷунбонида шуданд». («Аҳзоб»; 9-11)
Пас аз инҳо аҳли Байъатур-ризвон фазлу мартаби воло доранд. Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки фармуд: Пайғамбар (с) ба Ҳафса гуфт: «Иншоаллоҳ, аз ёроне, ки дар зери дарахт байъат кардаанд, касе ба дӯзах нахоҳад даромад». (Муслим).
Касоне, ки қабл аз фатҳи Макка ҳиҷрат кардаанд
Худованд фармудааст:
«Аз шумо онҳое, ки пеш аз фатҳ(-и Макка) харҷ намуданд ва ҷанг карданд, [бо дигарон] баробар нестанд, онҳо аз касоне, ки баъд аз фатҳ харҷ намуданд ва ҷанг карданд, дар мартаба бузургтаранд. Ва Худо ба ҳар яке ваъдаи некӯе додаст. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст». («Ҳадид»; 10)
Пас аз инҳо боқимондаи саҳобагон дорои фазлу мақоми воло ҳастанд.
Хулоса ин аст, ки афзалият ва бартарии саҳобагон ба ин тартиб аст:
Абӯбакр (р).
Умар (р).
Усмон (р).
Алӣ (р).
Шаш нафари даҳгона: Талҳа (р), Зубайр (р), Абдурраҳмон ибни Авф (р), Саъд (р), Саъид (р), Абӯубайда ибни Ҷарроҳ (р).
Аҳли Бадр.
Аҳли Уҳуд.
Аҳли Байъатур-ризвон.
Касоне, ки пеш аз фатҳи Макка ҳиҷрат кардаанд.
Соири саҳобагон.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More