Home Articles «БА ДАСТГИРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ХОТИМА ДОДА ШАВАД»

«БА ДАСТГИРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ХОТИМА ДОДА ШАВАД»

«БА ДАСТГИРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ХОТИМА ДОДА ШАВАД»
2019-10-07
2505

Матни пурраи суханронии Ҳоким Муҳаббатов дар иҷлосияи 11-уми ҷаласаи САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи андозагирии инсонӣ 23 сентябри соли 2019 дар Варшава

Раиси созмони ҷамъиятии минтақавии Москва «Ватан», муаллифи китоби «Ирода  дар роҳи  озодӣ» Ҳоким Муҳаббатов 23 сентябри соли равон дар иҷлосияи 11-уми Ҷаласаи САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи  бӯъди  инсонӣ дар Варшава суханронӣ  кард. Дар зер матни пурраи  суханронии  ӯро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Муҳтарам иштирокдорони ҷаласа, муҳтарам ҳамкасбон!

Баъди аз миён рафтани ИҶШС ва суқути идеологияи коммунистӣ ҷаҳон то имрӯз буҳрони амиқи маънавӣ ва идеологиро аз сар мегузаронад. Пошхӯрии ИҶШС дар натиҷаи «ҷанги сард» воқеан офати геополитикӣ ва гуманитарӣ буд, зеро тавозуни геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати Ғарби либерал-демократӣ халалдор шуд.

Ғолибони «ҷанги сард», мувофиқи салоҳдиди худ, арзишҳои ғарбӣ ва демократияро ба кишварҳои пайрав ва ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати ИҶШС қарор доштанд ва воқеан ба низоми нав омода набуданд, иҷборан  таҳмил намуданд.

Низоми муосири бонкӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии сармояи фаромиллӣ имкон  дод, ки дар муддати хеле кӯтоҳ сармоя аз нав тақсим шавад ва  аз як даст ба дасти дигар интиқол ёбад.

Дар солҳои 90-ум, бо дастгирии Ғарб, бо иштироки бевоситаи мушовирон ва мутахассисони кишварҳои ғарбӣ дар Россия ғорати воқеии мардум сурат гирифт.

Дар муддати хеле кӯтоҳ қисми зиёди моликияти умумимиллӣ ва маъданҳои Россия   гурӯҳи хурди одамон дароварданд, ки дар байни онҳо намояндагони сармояи Ғарб низ буданд.

Дар натиҷаи демократикунонӣ, забткунӣ ва камранг  сохтани арзишҳои шӯравӣ, мувофиқи ҳисобҳои ман, танҳо дар Россия аз 40 то 50 миллион нафар одамон пеш аз вақт фавтиданд ва эҳтимол таваллуд нашуданд. Яъне, дар асл, генотсиди аҳолии Россия рух дод.

Ба ин монанд, бисёр ҷумҳуриҳои дигаре, ки дар ҳайати ИҶШС буданд,  зиён диданд. Тоҷикистон мисоли возеҳ аст. Тибқи баъзе маълумот, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар кишври мо тақрибан 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо миллиард доллар ба иқтисодиёти миллӣ зиён  оварда шуд.

Тамоми тӯли 200 соли охир, ҳам дар давраи подшоҳӣ, ҳам дар даврони ҳокимияти шӯравӣ ва дар замони муосир бо шакли вайроншудаи демократия ё ба гуфтаи Арасту «нодуруст», кишварҳои ғарбӣ ҳамеша бар зидди Россия баромад кардаву мекунанд ва мунтазам талош меварзанд, то Россияро мустамликаи  худ кунанд.

Аммо Россия ҳар бор, тавре ки пас аз ҳуҷуми Наполеон буд ва ё дар ҷанги Қрим, ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон ва ҷанги охирини «сард», душманони худро мағлуб сохта, ба по хест, соҳибихтиёрии худро барқарор намуд. Россия рушд карда, ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегии худро идома дод. Он чизеро, ки мо имрӯз дар Россияи муосир мушоҳида мекунем. Россияи пуриқтидор ҳеҷ гоҳ ба кишварҳои ғарбӣ писанд нест.

Мо бояд иқрор шавем, ки лоиҳаи бунёди ҷаҳони якқутба ба таври назаррас ноком шуд. Имрӯз мо дар ҷаҳони бисёрқутба ба сар мебарем. Яке аз сутунҳои он Россия ва иттифоқчиёни он дар ИДМ, СҲШ ва БРИКС мебошанд. Иттифоқчиёни Россия дигар кишварҳое низ ҳастанд, ки бо Россия хушмуомилаанд.

Чини коммунистӣ, ки иқтисодаш ба наздикӣ дар ҷаҳон ба ҷои аввал хоҳад баромад, дар ин паймонҳо нақши муҳими геополитикӣ мебозад.

Низоми  либералӣ-демократӣ, ки бар ҳокимияти «гови гардун»  («золотой теленок»)  асос ёфта, дар ҷараёни он ҳамагӣ  5-10% аҳолӣ  ба  қудрати сиёсӣ дастрасӣ  ва   зиёда аз 90% тамоми сарвати ҷаҳонро  дар ихтиёр доранд, ба рушди муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ мухолиф мебошад.

Арзишҳои умумиинсонӣ ба либерализми муосир, ки маддоҳонаш танҳо ба манфиатҳои тамаъкоронаи худ амал мекунанд, бегонаанд.

Арзишҳои асосии либерализми муосир ҳифз ва пешрафти манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ва корпоратсияҳои фаромиллӣ мебошанд. Шартномаҳои бунёдии байналмилалӣ ва муносибатҳои тиҷоратӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва нақши созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, беқурб шудаанд. Як қатор кишварҳои Ғарб хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал карда, тасмим доранд, ки барои қонеъ кардани манфиатҳои худ тамоми воситаҳо, аз ҷумла қувваи ҳарбиро истифода баранд.

Бо мақсади  паҳн   ва тарғиб намудани  арзишҳои ғарбӣ ва ба ном демократия давлатҳои том — Югославия, Афғонистон, Либия, Ироқ ва Сурия бидуни таассуф бомбаборон карда шуданд. Бисёре аз ҷангҷӯёни радикалӣ ва ҷонибдорони ҳаракатҳои динии ин кишварҳо дар якҷоягӣ бо гурезаҳои сершумор дар натиҷаи ин амалиёти ҷангӣ ба ҳудуди Аврупо ворид шуданд ва маълум нест, ки онҳо кай ҳамчун силоҳи норавшани хуфта тарконда мешаванд.

Эрон, Чин, Венесуэла ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки соҳибихтиёрии худро ҳимоя мекунанд, зери  ҳадаф ва дар навбат қарор доранд.

Вақте ки Косоворо аз Сербия ҷудо карданд, кишварҳои ғарбӣ шодӣ мекарданду намегуфтанд, ки ин амали ғайриқонунист. Аммо вақте ки аҳолии нимҷазираи Қрим пас аз табаддулоти моҳи феврали соли 2014 дар Украина, ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ мешавад, аз тарси таъқибу террори   ҳукумати нави «мустақил» тариқи раъйпурсӣ қарор доданд, ки ба Россия ҳамроҳ шаванд, Ғарб натиҷаҳои овоздиҳии умумихалқиро нодида гирифта, ҳамроҳшавии Қримро ба Россия ҳамчун «тасарруф» тавсиф намуд ва бар зидди он таҳримҳои шадид  ҷорӣ  кард.

Тавре мебинем, барои қабули «чораҳои таҳримӣ» бар зидди Россия яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ҳуқуқи ҳар як халқро барои мустақилона интихоб кардани шакли мавҷудияти давлати худ муайян  мекунанд, аз ҷониби либералҳои ғарбӣ поймол карда шуд.

Аммо таҳримоти сиёсиву иқтисодӣ бар зидди Россия барои кишвар оқибатҳои назарраси манфӣ ба бор наоварданд. Баръакс, сиёсати иқтисодии «ивазкунандаи воридот», хусусан дар  муҷтамаи  ҳарбӣ-саноатӣ натоиҷи  мусбат дод.

Дар баробари ин, вазъи ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия якбора бад шуд. Россия маҷбур шуд, ки қонунҳои қатъиро барои ҳифзи бозори худ, аз ҷумла бозори меҳнат қабул кунад. Даромади миёнаи муҳоҷирони тоҷик, ки қисми бештари ММД-и Тоҷикистонро таъмин мекунанд ва оилаҳои худро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамоянд, дар ин давра беш аз ду маротиба  коҳиш ёфт. Ин дар маҷмӯъ, албатта, ба  вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон  таъсири манфии худро расонид.

Намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар кишвар ба қатори созмонҳои террористӣ дохил карда шудааст, инчунин  дигар ҳаракатҳои радикалии динӣ ин далелро истифода бурда, моҳирона «зеҳнҳоро мешӯянд» ва ба зеҳни маънавии ҷавонон, ки қисме аз онҳо аз қаламрави Россия ба сафи ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва Афғонистон шомил шуданд, сахт таъсир  мерасонанд. Қисми дигарро дар оянда метавонанд бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд. Ин қувваҳо дар амалияи худ манфиатҳои Тоҷикистону Россия ва тоҷикону халқҳои Россияро ба ҳам  бармеангезанд.

Роҳбари ҲНИ-и радикалии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷонибдорони ӯ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ва ҳимоя пайдо карданд. Ва имрӯз ӯ ошкоро аз номи ин кишварҳо ба роҳбарияти Тоҷикистон таҳдид карда, мегӯяд, ки ба зудӣ бар зидди онҳо низ таҳримҳо ҷорӣ менамоянд ва вурудашонро ба кишварҳои ғарбӣ манъ мекунанд.

Ман бар он назарам, ки дар қаламрави кишварҳои Аврупо додани сарпаноҳ ба ҲНИ кори оқилона  нест!

Ба ҳама маълум аст, ки пуштибонии Усома Бин Лодан, ки ӯро кишварҳои ғарбӣ дар мубориза бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон истифода мекарданд, бо чӣ анҷомид. Ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба ИМА! Неруҳои тундрави динӣ метавонанд Тоҷикистонро ба Афғонистони дуввум табдил диҳанд! Ва ин барои кишварҳои Ғарб бо чӣ меанҷомад, танҳо метавон тасаввур кард.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки:

таҳримҳо бар зидди Федератсияи Россия бекор карда шаванд;

дастгирии намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ қатъ карда шавад;

дар ҷаласаи навбатии соли 2020 ба барномаи конфронс дар қатори дигар масъалаҳо, бархе аз мушкилоти умумии гуманитарии аз ҷониби ман дар боло зикршударо низ дохил кардан зарур аст.

Ташаккур.

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More