Home Articles ҚОНУНИ ТАНЗИМ ВА ҶАВОНОН

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ВА ҶАВОНОН

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ВА ҶАВОНОН
2019-10-24
2290

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бевосита бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва пас аз баррасии оммавӣ 8 июни соли 2007 қабул гардид,  муддати зиёда аз 12 соли амал дар самти танзими ҷашну маросим, беҳдошти рӯзгори мардуми кишвар, пешгирӣ аз исрофкорию хароҷоти беҳуда, боло бурдани маърифати маъракаороию дастархондории шаҳрвандон рисолати хешро иҷро карда меояд.

Имрӯз ҳамагон хуб дарк намудаанд, ки Қонуни мазкур дар таъмини низоми мақсаднок ва самараноки буҷети хонаводагӣ, танзими муносибатҳо дар оила ва ҷомеа, дар маҷмӯъ дар фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Натиҷаҳои мусбат ва судманди Қонунро дар ҳар қадам эҳсос намуда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки он пеш аз ҳама барои ҷавонон ҷанбаҳои  тарбиявиро рӯи кор овардааст.

Мақоми ваколатдори татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маро сим-Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, шаҳрвандон иҷрои қонунгузории танзимро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд.

Дар ин раванд ҷавонони кишвар саҳми назаррас нишон дода истодаанд, чунки фоизи бештари аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо хуб медонанд, ки Қонун пеш аз ҳама манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳоро ҳимоя менамояд.

Чуноне аз маълумоти оморӣ бармеояд, имрӯз танҳо дар низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ зиёда аз 46 фоиз ҷавонони то 35-сола фаъолият менамоянд.

Ҷавонони имрӯза чун ояндасозони ҷомеа дар таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ намунаи ибрат мебошанд. Онҳо дар раванди идоракунии давлатӣ, таҳия ва қабули қарорҳои барои ҷомеа судманд, корҳои созандагӣ, ободонӣ, таҳким ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Пайваст ба ин, ҷавонон баҳри беҳдошти зиндагии шоиста, ташкили оилаи солим низ доимо кӯшиш менамоянд.

Иштироки ҷавонон дар татбиқи қонунгузории танзим чунин натиҷа медиҳад:

-рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъмин карда мешавад;

- иқтидори иқтисодиёти хонаводагӣ баланд гардида, ҳар гуна расму оинҳои хурофотӣ ва нолозиму серхароҷот аз байн бурда мешавад.

Ҷавонон заминаҳои ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили:

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»;

-дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз қонунгузории танзим бармеоянд (аз ҷумла, Низомномаи Кумита, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) хуб аз худ кардаанд.

Ҳамзамон онҳо мақсадҳои асосии Қонунро, ки:

-ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон;

-мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;

-таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ;

-пешгирии зуҳуроти зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар ҷомеа;

-аз нигоҳи ислом ва қонунгузории амалкунанда сабукӣ овардан ба мардум ҳангоми гузаронидани маъракаю идҳо, маросими азодорӣ мебошад, хуб дарк кардаанд. Онҳо аҳамияти тарбиявӣ ва иқтисодӣ доштани қонунро аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дуруст дарк намуда, аҳамияти Қонунро чунин арзёбӣ менамоянд:

-ба танзими расму оинҳо мусоидат менамояд;

-мардумро барои омӯзиши фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳифз ва эҳтиром доштан нисбат ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, суннатҳои мардумӣ раҳнамун сохта, ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ҳидоят менамояд;

-низоми мақсаднок ва самараноки буҷети хонаводагиро таъмин мекунад;

-ба танзими муносибатҳо дар оила ва ҷомеа асос шуда метавонад;

-зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро таъмин менамояд;

- дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи шинохти арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва либоси миллӣ нақши муҳим дорад. 

Татбиқи дурусти Қонун чунин натиҷаҳо ба бор меоварад:

- ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд;

-ҷавонон метавонанд арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, расму анъанаҳои таърихии мардумиро аз  одатҳо ва оинҳои хурофотӣ ба хубӣ фарқ кунанд;

-Танзим метавонад фишанги идоракунии оилаи ҷавон арзёбӣ шавад. Агар идоракунии оилаи ҷавон бонизом ташкил шуда, танзим меъёри асосии идоракунии оила бошад, пас рӯзгори орому солиму бобаракат насиби хонадони ҷавон аст. Ҷавонон Қонунро риоя намуда, дар як вақт оини маъракаороӣ, дастархондорӣ омӯхтаанду меомӯзанд.

Воқеан ҳам Қонуни мазкур дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи шинохти арзишҳои миллию фарҳангӣ нақш бозида, ҷавонон тавассути тадбирҳои дар асоси Қонун андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, арзишҳои миллию фарҳангӣ, расму анъанаҳои таърихии мардумиро аз  одатҳо ва оинҳои хурофотӣ ба хубӣ фарқ кунанд.

Қонун ҷанбаи иқтисодӣ низ дорад. Аз риояи меъёрҳои он ҳар сол садҳо ҳазор сомонӣ сарфа мешавад. Мардум дигар барои оростани маъракаву маросимҳояшон қарз намегирад. Маблағи сарфашуда барои беҳтар намудани шароити рӯзгор, сохтмону таъмири манзил, таҳсили фарзандонашон истифода мегардад. Ин далел воқеӣ буда, натанҳо аз таҳлилҳои оморӣ, балки дар суҳбати садҳо нафароне, ки маърака ва маросим гузаронидаанд, дар қиёс ба 8-10 соли пеш мисол оварда мешавад.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вусъати васеи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар саросари ҷумҳурӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Расидан ба ҳадафҳои воқеан ҳам миллии Қонун, таъмини ҷанбаҳои тарбиявӣ ва иқтисодии танзим аз ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017  изҳор доштанд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.».

Дар навбати худ ҳадафҳои қонунгузории танзим низ ба иҷрои амалҳои созанда, мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқамон ва саъю кӯшиш барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон равона гардидаанд ва амалӣ намудани он вазифаи ҳар як ҷавон мебошад.

Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи самаранок ва ҳадафмандонаи Қонуни мазкур имрӯз дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе  шуъбаҳо ва дар шаҳру ноҳияҳо бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сармутахассисон дар соҳа фаъолият мекунанд, ки хизматчии давлатӣ буда, шумораи зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар як вақт қонунгузорӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки зиёда аз 46 фоизро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, уҳдадориҳо муқаррар намудааст, ки зимни иҷрои талаботи Қонун бояд амалӣ карда шаванд.

Яке аз асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ, ин вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим мебошад.

Бо дарназардошти ин, ҷавонони мо уҳдадор ва масъул мебошанд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, татбиқи талаботи қонунро сармашқи кори худ гардонанд.

Саттор Маҳмудзода,

Сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More