Home Articles Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист

Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист

Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист
2020-02-23
2074

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллату башарият беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот ба ҳам дӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини Ислом низ ҳамзистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад.

       Оромиву амну суботи ҳар як кишвар аввалан бо кумаки Худованди маннон ва аз хизмати содиқонаи артиши ҳар як мамлакат сарчашма мегирад.

        Дар кишвари мо низ қувваҳои мусаллаҳ имрўз барои дифои марзу буми кишвар аз душманони дохилию хориҷи шабу рўз дар хизмати Ватан ҳастанд, то ин ки мову шумо оромона дар манзилу кошонаи худ осуда бихобему кору фаъолияти рўзмарраи худро анҷом диҳем.

        Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997)  қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолат худро ба таври шоиста адо мекарданд ва то имрўз ин қарзи мардогнагиро адо намуда истодаанд.

        Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рў, ҳадафи асосии Қушунҳои мусаллаҳи кишвар ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерўҳо аст. Бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки иншоаллоҳ имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.

         Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо ходимони дин дар тамоми ибодатҳои дастаҷамъонаи худ доиман дар ҳаққи Пешвои миллат, роҳбарияти давлат ва сарбозони шуҷои кишвар дуои нек мекунем ва тамоми саъю кўшиши худро ба он равона месозем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ бимонад. Мусаллам аст, ки ҳар миллате бо роҳбараш ва ҳукуматаш якҷо бошанд, ҳеҷ душмане на аз дохил ва на аз хориҷ ба он зарар расонида наметавонад.

Дар фарҷоми ин нукот тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз даргоҳи Худованди бузург  амну офияти Ватанро хоҳонем.

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More