Home Articles Назофат беҳтарин василаи пешгирии Ҳама офатҳост

Назофат беҳтарин василаи пешгирии Ҳама офатҳост

Назофат беҳтарин василаи пешгирии  Ҳама офатҳост
2020-04-11
1726

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Имрўзҳо тамоми башариятро, новобаста аз ирқу нажод, тараққиёту таназзул, сохторҳои иҷтимоӣ ва пасту баланди сатҳи зист ва махсусиятҳои ҷуғрофӣ, хулоса, бидуни фарқиятҳо дар киву чӣ буданҳо сироятшавии бесобиқа ба коронавирус, як балои то ҳол номаълум ва номафҳум фаро гирифтааст. Ин беморӣ барқвор аз як кас ба каси дигар, аз як макон ба макони дигар, аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузарад. То кунун насли башар вабову тоъун ва табларза, вараҷа, илтиҳоби шуш, эбола, вируси норасоии масунияти одам ва дигар маризиҳои даҳшатнокро медонист, инаш аз онҳо мураккабу фарогиртар будааст. Ин беморӣ аз музофоти Ухани давлати Чин, гўё аз истеъмоли кўршабпарак барин паррандаи ҳаром ибтидо гирифта, 90 фоизи кишварҳои ҷаҳон, қитъаҳои Аврупову Амрико ва ҳатто дар Африқо, ки гармтарин макони зисти одамизод аст, домани сиёҳашро паҳн кардааст. Дар як шабонарўз, дар бархе кишварҳо, масалан, дар Испания, Италия ва Франсияву Америка, то 1000-1500 одам мемирад ва табибон то ҷон дар рамақ доранд, бо ин беморӣ ва барои наҷоти одамон дастбагиребон мешаванд.

Ин даҳшати ногаҳонӣ башариятро ба худ овард, то ки фориғбол набошанд. Ягон кишвар ба хурўҷи ин беморӣ аз нигоҳи тиббӣ ва таҷҳизоти он, аз нигоҳи маънавӣ омода набуд. Дар қарни пешрафтҳои бесобиқаи интеллекти инсонӣ, роботу ақли сунъӣ, технологияҳои навтарин инсоният оҷиз монд. Дармони зиддивирусӣ дар якчанд мамлакатҳо омода шуда истодааст, аммо вақти муайян ва санҷишҳо, бино ба гуфти мутахассисон, то 6 моҳ лозим мешудааст.

ҳоло Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чандин тавсияву маслиҳатҳо барои пешгирии ин вирус таъйин кардааст, ки муҳимтарини онҳо риояи назофату покизагӣ, мудом дастҳоро пок шустан, дурӣ ҷустан аз издиҳоми одамон, ба реҷаи муайяни ғизову тозагии муҳит муроот кардан аст. Ин тавсияҳо барои мардуми мусалмони тоҷик ва умуман тамоми онҳое, ки ҳамеша покиза мегарданд, як амри зарурӣ ва як одати муқаррарист. Инсоне, ки панҷ вақт намоз мегузорад, табиист, ки ҳамеша худро пок нигоҳ медорад, аммо риояи дигар тавсияҳо, яъне беҳуда аз хона набаромадан, дар ҳолати зарур будани карантин онро риоя кардан бисёр муҳим аст.

Дар дини мубини Ислом назофату покизагӣ ҷойгоҳи арзишманде дорад ва моро ҳамвора ба сўи покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармояд: «Худованди таъоло пок аст ва покиро дўст медорад, покиза аст ва покизагиро дўст медорад, кариму бахшанда аст ва караму бахшандагиро дўст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро тозаву покиза нигоҳ доред…». (Ривояти Тирмизӣ). Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хосса дорад.

ҷое, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад.

Худованди мутаъол инсонро ба гунае офаридааст, ки тозагӣ ва зебоиро дўст медорад. Фитрати солими башарӣ бо ҳар чизи тозаву зебо майл дорад ва ба он меосояд. Зебоӣ яке аз сифоте аст, ки Худованд онро дўст медорад. Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармояд: «Худованд зебо аст ва зебоиро дўст медорад». (Ривояти Муслим) 

Бояд дар назар дошт, ки назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абўмолик ҳорис ибни Осими Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Покизагӣ нисфи имон аст». (Ривояти Муслим)

Дини мубини Ислом дар мавриди  истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигаҳдошти он, ки манбаъи асосии ҳаёт аст, тавсия ва дастурҳои судманде додааст. Аз ҷумла дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишўяд, зеро ў намедонад, ки дасташ дар куҷо қарор доштааст».

Инчунин дар ҳадиси дигаре он ҳазрат (с) мефармоянд: «ҳеҷ яке аз шумо дар оби ҷорӣ пешоб накунад ва дар он аз ҷанобат ғусл насозад». Ин дастуроти Паёмбар (с) баёнгари ин аст, ки дини мубини Ислом ба масъалаи назофат ва покӣ аҳаммияти волое қоил аст.

ҳамон тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои назофат ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки дини Ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳаллу фасл намудааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд:

«ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дўст медорад».

Инчунин дар ояти 108-уми сураи Тавба фармудааст:
 «Худо покизагонро дўст дорад».

қобили зикр аст, ки мавзўи таҳорат ва покӣ дар 32 ҷои қуръони карим зикр гардидааст. Дар аҳодиси набавӣ низ истифодаи покию тозагӣ дар ҳама бахшҳои зиндагӣ ба тафсил баён шудаанд. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Мисвок поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ).

Дар мавриди тарзи дуруст нўшидани об Расули Худо (с) фармудаанд: «Чун яке аз шумо об нўшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад»(Ривояти Бухорӣ).

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул накунад».  Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст.

Инчунин дар ҳадис омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бўи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад». (Ривояти Бухорӣ)

Абўзар (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Аъмоли неку бади умматам бар ман арза карда шуд ва дар миёни амалҳои неки онҳо ҳатто дур кардани озор (партовгоҳҳо хору хас ва чизҳои бадбў) аз сари роҳро ёфтам». (Ривояти Муслим, Ибни Моҷа ва Аҳмад)

Таҳорат ва покизагӣ асоси тамоми ибодатҳост. Бинобар ин намоз ҳам, ки меъроҷи рўҳӣ, тулўъгоҳи маънавӣ  ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо покизагӣ  дуруст мегардад. Дар ин маврид Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Касе, ки сир ё пиёз хўрда бошад, аз ҷамоати мо дурӣ биҷўяд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Бинобар ин касоне, ки эҳсоси таб, ҳарорати бадан, сўзиши гулў ва димоғ мекунанд, то сиҳат ёфтан аз ҷамоати масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам дурӣ ҷўянд. Дар сурате ки Пайғамбар (с) касонеро, ки сирпиёз ё хўрокҳои дорои бўи нороҳаткунанда хўрда бошанд, ба дурӣ ҷустан тавсия додаанд, пас воҷиби имонӣ ва масъулияти диндорӣ аст, ки нафарони дорои таби баланд ва сўзиши гулў ё димоғ аз намози ҷамоат ва ҷойҳои серодам канора гиранд, дар акси ҳол, ҳамчунон ки аз ҳадис бармеояд, нафари риоянакунанда осӣ ва гунаҳгор мешаванд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: «ҳеҷ намозе бе покизагӣ қабул намегардад».

Аз далоили зикргардида маълум мегардад, ки назофат ва покизагӣ яке аз воҷиботи муҳими дини мубини Ислом ба шумор меравад, бинобар ин ҳар як фарди мусулмон бояд бо назофату покизагӣ пойбанд бошад, то ки тоаташ мақбул гардида, дар назди Худо ва мардум маҳбуб қарор гирад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More