Home Articles МОЛЕ СУДМАНДТАР АЗ АҚЛ НЕСТ

МОЛЕ СУДМАНДТАР АЗ АҚЛ НЕСТ

МОЛЕ СУДМАНДТАР АЗ АҚЛ НЕСТ
2020-08-06
2163

     Варақгардон кардани саҳифаҳои таърихи начандон дури миллат ҳар нафари солеҳу содиқ ва солимақлу солимфикрро ба дунёи андешаҳо мебарад ва инсонро водор мекунад, ки дар назди оби равони зиндагӣ нишаста ба гузашти он назар кунад, ки чӣ қадар дуриҳои дур наздик асту дар муддати кӯтоҳтарин инсон ба сазои амалҳои худ мерасад ва гуноҳҳое ҳастанд, ки ба охират гузошта намешавад ва онро Худованди қоҳиру ҷаббор дар дори ин дунё баробар мекунад, то барои дигарон ибрате бошад. Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) ба ҳамин маънӣ сухане доранд: Аллоҳи бузург сазои се гуноҳро ба охират намегузорад ва дар ҳамин дори дунё ҳисобро баробар мекунад:

1) Дар муқобили некӣ бадӣ кард, албатта ба ӯ бадӣ карда мешавад;

2) Зулм кард, ба ӯ зулм мекунанд;

3) Ба падару модар, фарзанд чӣ хел хизмат кунад аз фарзандҳояш мебинад.

         Суханҳои Пайғамбари гиромиқадрамон бояд барояшон такони ниҳоят сахтеро дода бошад, ки баъди он дигар пушаймони суде надорад:” Моле  судмандтар аз ақл нест” ва “Мӯъмин набояд худро хор кунад”.

         Барои М. Кабирӣ ва он нафароне, ки ӯро дастгирӣ мекунанду ҳамақидаанд бояд таърих ва гузашти рӯзгор дарси ибрату таконе бошад, зеро то ҳол таърихи инсоният ёд надорад, ки нафарони зидди миллат ва халқи худ баромада дунёро бо оромӣ тарк карда бошанд. Хориву зиллат, дар назди миллатҳои дигар беқадриву ба таҳқир рӯ ба рӯ шудан ва дар охир бо пушаймониву надомат дар мулки бегона ҷон ба ҳақ таслим кардану барои фарзандон доғи вазнинро гузоштан ин ҳама оқибати сангзанӣ ба миллат аст, ки Кабириву дигар нафароне, ки ҳамақидаанд, чунин хотима онҳоро интизор аст.

Нурулло Ҳидоятов,

ходими дин

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More