ПАЙҒАМБАР (С) – ОФТОБИ ДУРАХШОН ДАР САМОИ БАШАРИЯТ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Рўзи мавлуди пайғамбари гиромии ислом – Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун хуштарин ва рўҳбахштарин рўз мусалмонон бо як ҷаҳон муҳаббат ва самимият ба исломи мубин ва арзишҳои волои он истиқбол мегиранд.
Дар ҳар давру замоне Худованд ба миллатҳои гуногун пайғамбареро аз миёни онҳо интихоб мекард, то ба мардум роҳу равиши дурусти зиндагӣ ва ойини ибодатро ба Худованди якто таълим диҳанд. Чунончи, дар сураи «Наҳл», ояти 36 таъкид шудааст: «Ва ҳаройина дар миёни ҳар уммате паёмбареро барангехтем, ки Худовандро бипарастед ва аз тоғут бипарҳезед».
Пайғамбарони пешин танҳо ба сӯйи миллати худ фиристода мешуданд, аммо ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодаи Худо ба сӯи тамоми оламиён мебошад. Дар ин хусус Худованд дар Қуръони Маҷид хабар медиҳад: «Мо туро ба сӯйи тамоми мардум фиристодем, то башоратдиҳандаи некукорон ва тарсонандаи бадкорон бошӣ, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намефаҳманд».
Агар рисолати пайғамбарони пешин маҳдуд ба як қавм ва макони хос буд, пас рисолати Пайғамбари ислом (с) рисолати ом ва ҷаҳонӣ аст ва ҳадафи он ҳидояти тамоми башарият ба сўйи саодат мебошад. Худованд дар каломи худ мефармояд: «Ва туро нафиристодем, ҷуз раҳмате барои оламиён». (Сураи «Анбиё», ояти 107).
Аз нигоҳи ақидатӣ, пайғамбарон баргузидагони Худованд ҳастанд ва мақому манзалати волоеро соҳибанд. Ин манзалатро Худованд ба онҳо арзонӣ доштааст, аз ин рў, ҳеҷ кас ҳаққи таън расондан ва мазаммат кардани ҳеҷ кадоми онҳоро надорад.
Ҳазрати Муҳаммад (с) аз овони хурдсолӣ бо хулқу атвори нек, раҳмдилӣ, ростгӯӣ ва амонатдориашон машҳур буданд. Аз ин рӯ, мардум он касро бо эҳтиром «Амин» мегуфтанд.
Пайғамбари ислом (с) беҳтарини пайғамбарон ҳастанд ва носазо гуфтан нисбати Ў бузургтарин гуноҳ буда, анҷомдиҳандаи он ба шикасту нокомиҳо рў ба рў мешавад. Таърих борҳо шоҳиди он гардидааст, ки душманони ислом нисбат ба Пайғамбари ислом (с) суханони таҳқиромезе чун «шоир», «соҳир», «коҳин» ва «маҷнун» гуфтаанд, аммо аз ин таъну мазамматҳо мақоми волои Пайғамбари маҳбуб (с) заррае коста нагардида, баръакс, таърих исбот кардааст, ки шаъну шарафу мақому манзалаташ зиёдтар гардидааст. Ҳамчунин мебинем, ки ишқу муҳаббати Ў монанди нури дурахшони офтоб дар қалбҳои мусалмонон боз ҳам зиёдтар партавфишонӣ намудааст. Худованд дифоъ ва ҳимояташро аз ҳабиби худ эълон карда мефармояд: «Ҳаройина Мо туро аз шарри тамасхуркунандагон кифояткунандаем». (Сураи «Ҳиҷр», ояти 95).
Бояд қайд намуд, ки аксар олимону мутафаккирони ҷаҳон хизматҳои ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар тарбияи башарият ва пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ таъкид кардаанд. Чунончи, Ҳётеи олмонӣ (1749-1832) гуфтааст: «Агар таълим ва ҳақиқати ислом қонуну дастурҳоест, ки дар Қуръон ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, пас, мо ҳама, мусулмонем».
Мутафаккири англис, дорандаи ҷоизаи Нобел Бернард Шоу (1856-1950) иқрор шудааст: «Ман ҳамеша дини Муҳаммад (с)-ро бо эҳтироми бисёр нигаристаам... Ба назари ман, ислом танҳо динест, ки салоҳияти татбиқ бо давраҳои мухталифи зиндагии озодро дошта, аҳкоми он ба ҳар давру замон созгор аст».
Лев Толстой, нависанда ва файласуфи ахлоқгарои маъруфи рус, ки омўзаҳояш сармашқи роҳбарони бузурги сиёсӣ дар ҷаҳон будааст, дар бораи Пайғамбари Худо (с) гуфтааст: «Шахсияти Пайғамбари ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Пайғамбари ислом ба иллати тавофуқи он ба ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад буд».
Ломортин гуфтааст: «Муҳаммад (с) як муаллими мазҳабӣ, як ислоҳгари иҷтимоӣ, як роҳбари ахлоқию маънавӣ, дўсти бовафо, ҳамнишини зебо, шавҳари алоқаманд ва падари бомуҳаббат буд, ки чунин камолоти боварнакарданиро дар худ ҷамъ карда буд».
Уилям Дюрант, муаррих ва нависандаи маъруфи амрикоӣ, дар робита ба Пайғамбари Худо (с) чунин мегўяд: «Агар ба мизони таъсири ин марди бузург дар мардум бисанҷем, бояд бигўем, ки Муҳаммад (с) бузургтарин аз бузургони таърихи инсоният аст».
Бузургони гузаштаи миллати тоҷик дар васфи Пайғамбари ислом (с) ашъори пурарзише эҷод кардаанд. Агар ба эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик назар аз андозем, мебинем, ки осорашон саросар аз Қуръону ҳадиси Пайғамбар (с) сарчашма гирифтааст ва ин ифодагари ишқу муҳаббати бепоёни онҳо нисбат ба Пайғамбар (с) мебошад. Аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ дар як ғазалаш чунин мегўяд:
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мўнис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомўзи сад мударрис шуд.
Саъдии ширинсухан низ дар ситоиши Пайғамбари Худо (с) мегўяд:
Ятиме, ки нокарда Қуръон дуруст,
Кутубхонаи чанд миллат бишуст.
Чӣ наъти писандида гўям туро?
Алайкас-салом, эй Набийюл-варо.
Худоят сано гуфту табҷил кард,
Заминбўси қадри ту Ҷибрил кард.
Надонам кадомин сухан гўямат,
Ки волотарӣ з-он чи ман гўямат.
Чӣ васфат кунад Саъдии нотамом,
Алайкас-салом, эй Набӣ, ассалом.
Хулоса, Пайғамбар (с) шахсияте аст, ки муҳаббати ў дар қалби ҳама мусулмонон маъво гирифтааст ва қадру манзалати Пайғамбар (с) дар назди онон аз молу ҷонашон болотар аст.
Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламо