Home Articles БО ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МАЗҲАБӢ ДАСТ ЁФТЕМ

БО ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МАЗҲАБӢ ДАСТ ЁФТЕМ

БО ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МАЗҲАБӢ ДАСТ ЁФТЕМ
2020-12-30
1555

        Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа мебошад, на тафриқаандозӣ байни уммати исломӣ. Пас ҳар шахси бедордил ва ватандӯст ба саволе рӯ ба рӯ мегардад, ки ӯро ором гузошта наметавонад.

        Чаро гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба хотири тафриқаандозии миллату дин аз номи шариъат сухан мегӯянд ва боз баъзе ҷавонон ба хотири ислом ба онҳо мепайванданд? Мехоҳанд сабаб ва иллати онро бифаҳманд, ки чаро ҷавонони тоҷик фирефтаи бадхоҳони миллат гардида, ба оромиву осоиш, суботу амнияти ҷомеа халал ворид кардан мехоҳанд? Ҳол он ки дини мубини Ислом ҳама гуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки ин гурӯҳҳо таблиғ месозанд, шадидан маҳкум менамояд. Истиқлолияти давлатӣ бошад, барои дарк ва решадор гардидани худшиносии миллию динӣ тамоми шароитро ба вуҷуд овард. Тамоми мутафаккирону донишмандон, шоирону нависандагони классику муосири тоҷик бошанд, тарғибкунандаи сулҳу дӯстӣ буданд, чунон ки лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Шоири муосири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани дӯстии халқҳои Осиё ва Африқо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ устод Мирзо Турсунзода гуфта буд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Пас гузаштагони мо, миллати мо ҳамеша тараннумгари сулҳу ваҳдат буданд, хушбахтии миллат ва ободиву озодии кишварро дар рафоқат, меҳрубонию нармдилӣ, ҳамзистию бародарӣ, таҳаммулгароӣ ва хушбинӣ  медиданд. Диндории мо ҳеҷ гоҳ ба илму маорифпарварии мо ихтилоф намеварзид, баръакс, ҳама оятҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ мусалмононро ба омӯхтани илму дониш даъват намудаву мардуми мусулмони мо аз ин сарчашмаҳои асил босамар истифода мекарданд. Китобхонаҳо ташкил мегардид. Ҳамин буд, ки ин миллат Рӯдакию Фирдавсӣ, Берунию Ибни Сино, Форобию Хоразмӣ, Хайёму Закариёи Розӣ ва дигар нобиғаҳоро ба дунё овард, ки таълифоти эшон дар хизмати ҷаҳониён қарор дорад. Аммо ин ҷараёнҳои ифротгаро ба ҷуз қатлу ғорат, рехтани хуни мусулмон, овораю дарбадар ва ба бурдаи нон муҳтоҷ намудани мусалмон кореро то имрӯз анҷом надодаанд, балки он ҳама арзишҳои волои исломиро, муқаддасоти динию фарҳангиро, ҳар куҷо буданд, барҳам заданд.

        Бори дигар Пешвои миллат дар Паёми  навбатии худ таъкид намуданд, ки: «Зуҳуроти терроризм ба суботу амният хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад ва террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Хусусан имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористон ҳеҷ фарди Тоҷикистонро бетафовут ва бетараф гузошта наметавонад, чунки давлати ҳамсоя бо мо марзи тӯлонӣ дорад, агарчи мо ба ҷавонони далеру ғаюр ва ҳомиёни сарҳадоти давлатиамон эътимоди комил дорем.

          Имрӯз дигар он тарз ва шакл ҷангҳои классикӣ, ки дар рӯ ба рӯи якдигар саф кашида ҷанг мекарданд, аз байн рафта истодааст. Ҷаҳонро ҷангҳои иттилоотӣ, биологӣ, атомию химиявӣ ва кайҳонӣ фаро гирифтааст. Онон ақидаҳои террористии худро чун вирусҳо дар ҷангҳои биологӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд байни мардуми мо, хусусан ҷавонон, ки аз ҳама қисмати осебпазиранд, паҳн намоянд, ки оқибати он чӣ душвориҳоеро барои ин миллату давлат ба бор меорад, гуфтан душвор аст. Дар баробари ин ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро баҳри донишандӯзиву касбомӯзӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманду мутахассисони соҳибистеъдод, фароҳам овардани ҷойҳои кориву сохтани майдончаҳои варзишӣ меандешанду онро амалӣ менамоянд. Ҳар яки моро, хусусан ходимони  динро лозим аст, ки аз нигоҳи исломӣ фаҳмонда тавонем, то ин ки ҷавонони мо фирефтаи суханони фаъолон ва пайравони гурӯҳҳои тундгаро нагарданд ва ба доми онҳо наафтанд. Масъулияти падару модар ва муаллимонро дар таълиму тарбияи фарзанд ва шогирд баланд бояд бардошт. Робитаи мактабро бо оила ҷоннок ва мустаҳкамтар намуда, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба сатҳи зарурӣ баланд барем. Дар ин радиф масъулиятшиносии муаллимон дар баробари таълиму тарбияи хонандагон бояд пурзӯр бошад.

           Миллати тоҷик бисёр мардуми баору номус ва дорои худшиносии воло мебошанд. Онҳо дар муқобили душманони худ дасту по, тану бадан ва ҷонро аз даст додаанд, вале то имрӯз забон, миллат ва мазҳаби худро ҳифз кардаанд. Онҳо ин се чизро муқаддас медонанд ва ин се муқаддасотро дар мафҳуми Ватан ҷой медиҳанд.

           Паёмбар (с) бунёдгузори Ислом буд, вале тамоми ақоид ва сухани ӯ тавассути намояндагони миллати тоҷику форс мавриди баҳрабардории ҷаҳониён қарор гирифт. Ба шаш муҳаддиси бузург нигоҳ кунед. Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Имом Абудовуд, Имом Насоӣ ва Ибни Моҷа, ки ҳама аз миллати тоҷик буданд. Аввалин имоми соҳибмазҳаб Имоми Аъзам (р) буданд, ки он кас низ тоҷик буданд. Пас Ислом дар тӯли ҳазор солҳо як қисми таркибии фарҳанги миллии мо гашта, ҳеҷ кас наметавонад онро аз ин мардум ҷудо созад. Ҷавонони имрӯзаро бинед, аз он ки масалан Дилшод Назаров қаҳрамони олимпӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон гардиданд, аз фараҳу шодӣ ашк аз чашмон ҷорӣ мегардад. Ин чӣ маъно дорад? Ин ҷо ҳиссиёти динию миллӣ якҷо шуд. Таъсири ин бештар гашт. Ҳам рӯҳу ҳам танро такон дод. Инҷо ду қувва ба ҳам омаданд, дину имон ва қувваи миллату Ватан. Ҳеҷ гоҳ ин ду қувваро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест, ки ин боиси заъифию шикастпазирии мо мегардад.

          Мутаассифона яке аз мушкилоти ҷиддие, ки дар замони муосир домангири ҳамаи миллату тамаддунҳо гардидааст, ин зуҳури ҳар гуна ҳизбу равияҳои ифротӣ, ки бо сӯистифода аз таълимоти ноби исломи Муҳаммадӣ ғаразҳои гурӯҳии худро бароварда месозанд, ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, пешигрии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба чунин ҷараёнҳои тандгаро бояд яке аз ҳадафҳои аслии ҷомеаҳо маҳсуб гардад ва зимнан, яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз пайвастан бо ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ин холӣ нагузоштани фазои иттилоотии кишвар, роҳҳои баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, савияи дониши диниву дунявӣ ва мазҳабии ҷавонон дар низоми давлати дунявӣ мебошад. Чунонки дар боло гуфта гузаштем, он эътиқодоти диние, ки мардуми мо доранд, душманони миллати мо баъзан аз фазои холигии динию мазҳабии мо истифода намуда, бар муқобили мо истифода хоҳанд кард, чи аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ва чи аз роҳҳои дигар.

           Бо дарназардошти ҳалли чунин мушкилоти ҷойдошта Пешвои муаззами миллати мо аз худ ташаббуси беназир нишон дода, дастур доданд, то «Қуръони Карим», «Тафсири Табарӣ», «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Эмом Ғаззолӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷ.Балхӣ, «Ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ тарҷума ва нашр гарданд.  Гузашта аз ин, ба хотири ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ бо ибтикори Пешвои миллат 1310-солагии Имоми Аъзам таҷлил гардид... Пас бояд рӯирост иқрор шавем, ки маҳз бо хизматҳои Пешвои муаззами миллат халқи тоҷик ба шинохти асолати мазҳабӣ даст ёфт.

         Мо бояд ҳамеша ба қадри меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва дар паҳлӯи Роҳбари давлат бошем. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ғамхориҳои навбатии Пешвои миллати тоҷик маҳсуб мешавад, ки зимнан, навиштаҳои пандомези Саъдии бузургвор пеши назар меорад, ки мегӯяд:

«Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад луқма чинад ва сахтӣ бинад».

Абдулазиз Назаров,

Сархатиби шаҳри Роғун 

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More