Home Articles ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲО БА МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ

ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲО БА МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ

ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲО БА МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ
2021-04-22
1811

Шурӯъ аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта як гурӯҳи одамон бо истифода аз номи поки ислом барои расидан ба манфиатҳои шахсӣ даст ба хиёнати миллат ва мазҳаб заданд. Онҳо сараввал мардумро ба "Майдони шаҳидон" даъват намуда, халқи кишварро ба ду гурӯҳ ҷудо карданӣ шуданд. Дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои ногувори он чӣ паёмадҳои баде ба сари ин миллат овард. Бо ирода ва лутфи Худованд шахсияти бузурге бо дили пур аз меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат ба рӯи саҳнаи сиёсат омад, ки ин абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат сулҳу осоиштагӣ барқарор гардид. Онҳое ки дар хориҷи кишвар буданд, ба Ватан баргашта омаданд. Давлату Ҳукумат онҳоро авф карда, ба обод кардани диёр даъват намуд, ба ҳар яки онҳо вазифаҳо доду соҳиби ҷои кор ва хонаву дар гардонид.

 Вале он хоинон бо ин ҳама хубиҳо нигоҳ накарда, боз бо машварати хоҷагони хориҷиашон дар фикри дубора ноамн сохтани кишвар шуда, соли 2015 даст ба бераҳмиҳо заданд, ки ин бор ба мақсадҳои нопокашон нарасиданд. Ҳоло бошад, саркардаҳои онҳо монанди Кабирӣ ва М. Садриддин аз хориҷ истода, бо истифода аз интернет мардуми моро ба ҷанг ва тафриқаандозӣ даъват карда истодаанд.

  Вале мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз ҳар як хидматҳои Пешвои миллат огоҳ буда, ҳамарӯза дар ҳаққашон дуои хайр мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба суханони хоинон гӯш намедиҳанд ва паи ободии кишвар ҳастанд.

Хусусан сафари Сарвари давлат ба Ворух ва ба истифода додани иншооти зиёди ҷашнӣ, ҳамчунин партавафшон шудани Парчами миллӣ дар маркази Ворух рӯҳия мардумро дар Ватандӯстӣ ва ҳифзу ҳимояи Ватан аз тамоми хатарҳо баланд бардошт.

Шарофиддин Фозилов

имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор

Pray time in Dushanbe

15.05.2025

More
Fajr03:34
Zuhr12:40
Asr17:43
Maghrib19:42
Isha21:12
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More