Home Articles Сабабу оқибати ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон

Сабабу оқибати ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон

Сабабу оқибати ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон
2021-05-09
2625

Мувофиқи таҳлилҳое, ки солҳои охир муҳаққиқон ва коршиносон анҷом додаанд маълум мегардад, ки ҳамроҳ шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ як мушкили ҷомеаи Тоҷикистон набуда, балки ба як мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сабабгори мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон қарор гирифтани чунин зуҳуротҳои манфӣ зиёданд.

Таҳқиқоти сотсиологии анҷомдодашуда баъзе сабабҳоро муайян намуд. Аз ҷумла ҳангоми таҳқиқот маълум гардид, ки дар Тоҷикистон аксари нафарони руҳияи ифротгароёна дошта  ҷавонон ва миёнсолонанд. Ғайр аз ин дар байни чунин нафарон, шахсони соҳиби маълумоти олӣ низ то 50 фоизро ташкил медиҳанд.  

Дар баробари масъалаи ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм, ки    37,8% мусоҳибонро нигарон кардааст, ҳамчунин хатари асосиро барои ҷомеаи мо мусоҳибон дар бекорӣ (66,79%), сатҳи пасти таҳсилот (46,7%) ва камбизоатӣ – 42,9% мебинанд. 

Вале ифротгароии динӣ ба сифати як зуҳуроти манфӣ ва масъалаи нигаронкунандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Албатта, барои ҷомеаи мо ҳамаи ҷараёну созмонҳои динӣ-сиёсии фаъолияташон манъшуда хатарноканд, аммо мусоҳибон баъзеи онҳоро барои ҳаёти иҷтимоӣ ва динӣ-сиёсӣ хатари воқеӣ ва асосӣ меҳисобанд. Натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳад, ки хатари пурзуршавии фаъолияти гурӯҳҳои ифротии экстремистӣ дар Тоҷикистон ба ҳодисаю воқеаҳои дар хориҷи кишварамон рӯйдиҳанда вобастагӣ дорад. Мусоҳибони тадқиқоти сотсиологӣ бар он ақидаанд, ки ба амнияти кишварамон асосан созмонҳои динии Салафия (59,7%), ДИИШ (52,9%), Толибон (42,4%), Ваҳҳобия (21,6%) ва Ҳизб-ут-таҳрир (20,5%) таҳдид менамоянд.

Дар давоми тадқиқот маълум гардид, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии аҳолӣ манбаъҳои иттилоотӣ нақши калон мебозанд ва таъсири онҳо гуногун аст. Аҳолӣ барои хабардор шудан оиди воқеаҳои сиёсии ватанию хориҷӣ, махсусан оид ба  гурӯҳҳои ифротву экстремистӣ аз тамоми манбаъҳои иттилоотии замони муосир истифода мебаранд, аммо дар ин миён фарқиятҳо вуҷуд доранд. Масалан, аҳолӣ дар бораи ҳодисаҳои сиёсии ҷаҳон, махсусан оид ба  ҷараён ва созмонҳои динӣ-сиёсӣ, ки  ба амнияти кишварамон хатарнок ҳисоб меёбанд, асосан аз телевизион, радио, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори омма (23,3%), сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (43,2%), мактабу донишгоҳ (14%) ва одамони атроф (20,4%) маълумот мегиранд.  Ғайр аз ин тадқиқот муайян намуд, ки  адабиёти диниро (3,2%) қишри ҷавони аҳолӣ мехонаду халос. 

Таҳлили натиҷаҳои мусоҳибаи гурӯҳӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи аҳолӣ, махсусан, ҷавонон ба сарчашмаҳои расмии ахбор эътимод доранд. Калонсолон сарчашмаҳои гуногуни хабариро хонда, онҳоро бо ҳам муқоиса намуда, сипас хулоса мебароранд. Бо боло рафтани синну соли аҳолӣ эътимоду боварии онҳо ба сарчашмаҳои расмии ахбор, махсусан, телевизион ва рӯзномаҳои расмӣ меафзоянд. Ба ақидаи онҳо маълумоте, ки дар интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, эътимоднок нестанд. Калонсолон асосан аз телевизион, радио ва рӯзномаҳо ахбори заруриро дастрас мекунанд, аммо ҷавонон ба ахбороти технологияи рақамӣ, махсусан, хабаргузориҳои интернетӣ боварӣ доранд.

Фаъол шудани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстримистӣ ва терористӣ масъалаи ташвишовари кишвари мо  мебошад, ки тарғибгарони онҳо ҷавононро ба роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ даъват менамоянд. Иштирокчиёни пурсиши сотсиологӣ сабаби пурзуршавии гурӯҳҳои ифротгаро ва гаравиши ҷавонон ба онҳоро дар  бекории шаҳрвандон (51,7%), пурзӯршавии тарғиботи ифротгароён (44,3%), камбизоатӣ (39,1%), фанатизм дар ҳама шаклҳояш (31,7%), паст будани маърифати динӣ (29,0%), ба фиреби дӯстону хешовандони ифротгаро афтидан (28,2%), паст будани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ (20,6%), рафтори бади худи шахс (15,0%) медонанд.

Ба сабабҳое, ки дар боло номбар кардем, боз сабабҳои зеринро илова кардан мумкин аст: 

-паст будани сатҳи пасти саводи дунявӣ; 

-беназоратии ҷавонон аз тарафи волидон ва мақомоти масъул; 

-ҳаваси зуд соҳиби пулу боигарӣ шудани ҷавонон; 

-зудбоварию камиродагии ҷавонон ва ғайраҳо Алалхусус аз сабаби ҷаҳонбинии маҳдуд, дониши паст ва иродаи мустаҳкам надоштан ҷавонон зуд ба доми намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Пайравони гурӯҳҳои ифротӣ барои тарғиби идеяҳои худ хуб омӯзонида шудаанд, дорои маҳорат ва қобилияти махсус мебошанд. Онҳо аз заифиҳои ҷавонони мо моҳирона истифода бурда метавонанд. ҷавонони беназорат ва кучагарду каҷрафтор зуд ба доми ҳаракату гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд. Махсусан, фарзандони оилаҳои носолим ва низоъдор тӯъмаи асосии ин гуна гурӯҳҳо мегарданд. Маҳз беназоратии волидон ва муҳити иҷтимоӣ барои рушди ҳаракатҳои ифротӣ шароити заруриро муҳайё менамоянд. 

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто фарзандони оилаҳои шароити иқтисодияшон хуб низ ба ин ҳаракатҳо рӯ меоранд, ҳол он ки давлат барои онҳо шароитҳои шоистаро таъмин кардааст, бекор нестанд ва молу сарвати фаровон доранд. Яке аз сифатҳои муҳими иҷтимоии инсон қобилияти таҳлил кардани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ё ба ибораи дигар тафаккури таҳлилӣ мебошад. Рафтор ва самти фаъолияти инсон ба тафаккури таҳлилии ӯ алоқамандии зич дорад. Аз натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда маълум гардид, ки яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва каҷрафтории онҳо надоштани қобилияти таҳлили ҳодисаҳо мебошад. 

 Баҳромбеков В. - сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More