ҶАВОНОНРО АЗ ИФРОТ БОЗДОРЕМ!
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Мардуми иззатманди Тоҷикистон тўли даврони истиқлол шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд. Ба ягон фарди оқил ва муъмини воқеӣ вазъи Афғонистон ва Сурияву Ироқ, Яман ки натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, писанд нахоҳад буд.
Дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафӣ он сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиши исломӣ эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусалмон комилан фаҳмову равшан аст. Имрўз бо фазли Парвардигор ва шарофати заҳмати шабонарўзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва қадршиносиву назму низоми фаъолонаи мардуми шарафманди кишвар мо ба рўзгори осудаву ҳаёти шоиста расидаем. Дар ҳар кунҷу канори мамлакат ободкориҳо идома доранд, рўз то рўз зиндагӣ ранги тоза ва шукўҳу шаҳомати дигар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва чуноне, ки мо шоҳид будем бо эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи ҳамон сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат ва ҳукумат шаҳодат медиҳад, ки баъди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон оғоз шуда буд. Он замон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (аз 22-юми декабри соли 2016) ҳини эълони Соли ҷавонон ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ишора намуда, таъкид карданд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Дар партави ин Паёми Пешвои миллат ба масъалаи хеле муҳим ва доғи рўз, яъне пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ, инчунин масъалаи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, дар ниҳоди ҷавонон парвариш додани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури инсондўстонаву ватанхоҳона, муомилаи неку шарафмандона ба арзишҳои динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, хоссатан ба арзишҳое, ки ба ташаккули инсони мутафаккир ва огоҳ аз хубу бади олам мусоидат мекунанд, бо таваҷҷуҳ аз масъулияти дини мубини Ислом дар орому осуда нигаҳ доштани ватан ва ҷамъияти он саҳми арзишманде дорад.
Вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда умед дорем, ки ҷавонон бо дарки масъулият назди миллату давлат барои пешгирӣ аз шомилшавии ҳамсолонашон ба ҳар гуна гурўҳҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд ва дар татбиқи ормону идеалҳои неки миллату давлат ва Пешвои миллат саҳми худро мегузоранд.
Тоҷикистони азиз дар давраи начандон дур захмҳои сангине аз ҳизби ифротии ҲНИ хурд, ки мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем. Ин ҳизб, ки аз мафкура ва иродаи дар муҳити танги таасубовари динӣ парваришёфтаи аққалияти миллати тоҷик, то андозае тавонистанд бо ҳиллаю найранг ва аз ваъдаҳои ботил истифода бурда, хостанд, ки ба мақсадҳои ботили худ расанд. Хушбахтона тири бадӣ ҳеҷ гоҳ ба нишон намерасад.
Назаре ба умқи таърих афканем, дарк хоҳем кард, ки нақши бо ном дар роҳи Худо анҷом додаи ҲНИ аҷраш танҳо кулфату ғаму андӯҳ буду бас. Боз ҳам як назари дигар ба умқи таърих намоем, ҳақиқатро дарк хоҳем кард. Ин фарзандони нохалаф аз барои ҳамёнҳои пур аз пул аз баҳри миллат, давлат, ёрӯ бародар ва ҳатто модар, ки барои инсон муқаддастарин шахс аст, гузаштанд. Роҳбарони ҲНИ ба ҷуз айшу ишрат ва фиребу ҳасрат дигар заррае на дар роҳи халқу миллат ва на дар роҳи дину ваҳдат хидматҳо анҷом надодаанд ва танҳо хӯрданду бурданду оқибат баъзеашон номардона мурданд. Лекин бадбахтона ва мутаассифона ин тоифаи малъун ҳеҷ шарме на аз Холиқ доранду ва на ҳеҷ шарме аз махлуқ. Дар адабиёти класики тоҷик ҳикматеро хонда будам, ки меовард: Табибе аз назди гуристон мегузашт ва руи худро бо домонаш мепушонид. Аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин корро мекунӣ? Дар ҷавоб гуфтааст, ки: “аксари мурдагони ин қабристон аз доруҳои фармудаи ман мурдаанд ва аз онҳо шарм медорам, аз ин ру руямро мепушонам”. Вале ин гуруҳи бадхоҳ, ки 150 ҳазор сокинони Тоҷикистон аз ҳаёт марҳум карданд, ҳеҷ “шарму ҳаё” дар вуҷудашон набуд, нест ва намебошад.
Имрўз аз ҳарвақта бештар ҷавонон бояд ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва миллию ватандорӣ такя карда, сабабу омилҳои бадбахтии мардуми ҷангзада ва ноороми кишварҳоеро дар мадди назар дошта бошанд, ки бино ба сабаби таъсири омилҳои беруна ба ин ҳоли гарон афтидаанд. Аз ин рў, дармони ҳама дардҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, беҳтарин роҳи расидан ба хадафҳои олӣ маҳз омўзиши илму одобу ахлоқу фарҳанг ва ташаккул додани ҷахонбинии инсондўстона аст.
Умед аз ҷавонони миллат дар он аст, ки ба ҳадафҳои бузурги созандагиву ободкорӣ, ба сўи ояндаи неки ҷомеа ва давлат қадам мезананд, дар ниҳоди онҳо парвариш додани ахлоқи ҳамида, аҳамият ба мазҳаб, муҳаббат ба хонавода, ба миллат ва ватан ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, оила, мактаб ва муассисаҳои олии таҳсилотӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат хоҳанд кард.
Шарифзода А. Б.
Сархатиби шаҳри Ҳисор