Home Articles ҶАВОНОН ВА ТАРБИЯИ ОНҲО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ҶАВОНОН ВА ТАРБИЯИ ОНҲО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ҶАВОНОН ВА ТАРБИЯИ ОНҲО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2021-06-10
155

Ҳамду санои бепоён Худованди ягонаро, дуруду саломи фаровон бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳамаи хонадон ва ёрону пайравонаш бод.

Фарзандон амонати сангине мебошанд, ки аз ҷониби Худованд ба падару модар супорида шудаанд. Онҳо ояндасозони ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияи онҳо вобаста аст. Аз ин ҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чунки сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост, зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд.

Пас солимии ҷомеа ба чигунагии фаъолияти ин маркази тарбиявӣ ва муаллимҳои он вобаста аст. Яъне агар  хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна фарзандони ҷавон тарбиянаёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд.

Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дўст медорад ва мехоҳад, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва ҳамчун шахсияти муфиде барои ҷомеа ба бор ояд. Аммо ин чиз фақат ба хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзуҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.

Хушбахтона бо лутфи Худованди меҳрубон мо пайрави оине ҳастем, ки беҳтарин тавсияҳо ва роҳнамоиҳоро дар тамоми масоили зиндагӣ баён кардааст. Хусусан дар масъалаи тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн, дини муқаддаси Ислом таъкиди хосе дорад ва беҳтарин ва саҳеҳтарин равишҳои тарбиятиро нишон дода, хурдтарин масъалаҳо ва дақиқтарин нуктаҳоро дар ин мавзуъ баён доштааст. Ҳамчунин дар ин оини муқаддас барои тарбияи саҳеҳи фарзандон подошҳои дунявӣ ва ухравӣ ва барои тарбияи ғалати онҳо ва саҳлангорию бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон муҷозоти сангине дар назар гирифтааст.

Дар манобеи исломӣ равишҳои фаровоне дар мавриди тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн гуфта шудааст, ки мо барои тулонӣ нашудани баҳс ба зикри баъзе аз он кифоя мекунем:

Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармоянд:

“Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбия  кунед то Худованд гуноҳҳони шуморо бибахшад”.

      Асосгузори мазҳаби ҳанафӣ - Имом Абуҳанифа ба фарзандаш - Ҳаммод хитоб карда мегўяд: Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост иршоду таъйид  кунад. Мехоҳам туро чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд орӣ ва дар амал пиёда кунӣ умедворам, ки иншоаллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ.

      Ин ҷо мо баъзе аз васиятҳои Имом Абуҳанифаро мехоҳем барои ҷавонон пешниҳод намоем.

      Имом мегўянд: Ба панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис интихоб кардам, амал кун:

 

  1. Дору мадори тамоми аъмол бар ният аст. Ва подоши ҳар шахсе мутобиқи нияти он хоҳад буд.
  2. Аз аломати диндории ҳар як шахси мусалмон ин аст ки корҳои лояънӣ ва бефоидаро тарк кунад.
  3. Ҳеҷ касе аз шумо мусалмони комил наметавонад бошад, то он чӣ барои худаш меписандад, барои бародари мусалмонаш низ биписандад.
  4. Мусалмони комил касест, ки мусалмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд.
  5. Ҳалол ва ҳаром ошкор аст ва дар миёни он ду масоили зиёде муштабаҳ аст, ки бисёре аз мардум онро намедонанд. Пас касе, ки дар шубаҳот биафтад, дар ҳаром афтодааст. Монанди чўпоне, ки рамаашро дар атрофи киштзор мечаронад, анқариб ба киштзор дохил хоҳад шуд. Сипас фармуданд; «Хабар дор! Ҳар подшоҳе ҳудуд дорад. Хабар дор, ки ҳудуди Худованд ҳамон чизҳоест, ки иртикоби онҳоро бар бандагонаш ҳаром кардааст. Хабар дор! Дар ҷисми инсон тиккаи гўштест, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷисм дуруст мешавад ва агар он фосид гардад, тамоми ҷисм фосид мегардад. Хабар дор, ки он қалб аст».

            Инчунин Имоми Аъзам (рҳ) фармуданд: “Фарзандам дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кўшиш кун, ки ҳалол бихўрӣ”.

     Дар ҳақиқат яке аз сабабҳое, ки боиси бадхулқӣ ва дар ниҳоят бероҳагии ҷавонон мегардад, риоят нашудани ростӣ ва дурустӣ дар касбу даромад ва ба даст овардани ризқу рўзии ҳалол аз тарафи падару модар мебошад. Агар ба таърихи бузургони дину миллат назар кунем мебинем, ки волидайни онҳо дар тарбияи онҳо қабл аз ҳама ба ҷиҳатҳои гуногуни ахлоқии худ таваҷҷўҳ доштаанд ва яке аз ин ҷиҳатҳо пок нигоҳ доштани луқма будааст. Агар сари дастархони фарзандон нони ҳалол бибарем ҳатман баракати он дар идомаи тарбияти онҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт. Луқмаи ҳалолро сарчашмаи донишу ҳикматҳо ва манбаи ишқу муҳаббат донистаанд ва дар баробари он луқмаи ҳаромро сарчашмаи кинаву ҳасаду ғафлат.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид гуфтааст:

 

   Илму ҳикмат зояд аз луқмаи ҳалол,

  Ишқу риққат ояд аз луқмаи ҳалол.

 Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,

        Ҷаҳлу ғафлат зояд онро дон ҳаром.

 

Дар ҳақиқат баъзе аз рафторҳо ба зиндагии мо таъсири бисёр муҳим  доранд ва агар нисбати онҳо таваҷҷуҳ надошта бошем оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт. Умуман ҳар чӣ нохушию нороҳатӣ ба инсон мерасад, ба сабаби амалҳо ва рафторҳои ношоистаи худи ўст ва Қуръони карим дар ин маврид мефармояд:

Ва аз мусибатҳо ҳар чи ба шумо бирасад, пас, ба сабаби гуноҳе аст, ки дастҳоятон ба амал овардааст. Ва Ў аз (кўтоҳиҳои) бисёре дармегузарад” (Сураи “Шўро”, ояти 30)

Пас бояд нисбат ба рафтору кирдори худамон диққат дошта бошем ва ҳамеша тавсияҳои Қуръону суннат ва бузургони мазҳабу миллатро дар бораи оқибат ва натиҷаи корҳо дар назар бигирем, то мабодо бо рафтори носанҷидаи худ ба худамон ва атрофиёнамон зарар нарасонем.

Нуқтаи муҳимми дигаре, ки набояд онро фаромўш созем, ин ғанимат шумурдани фурсатҳои тарбиявӣ аст. Ин фурсатҳо аз назари илми ахлоқ ва тарбия бисёр муҳим буда, бепарвоӣ нисбати ин фурсатҳо дар кори тарбияи ҷавонон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Ба ҳамин хотир бузургон дар бораи истифодаи муносиб аз фурсатҳои тарбиявӣ таъкид намуда, онро омили муҳимми муваффақиятҳо дар ин замина донистаанд.

Парвардигор мардуми ин диёрро, ба хусус ҷавонони ин миллатро зиндагонии орому саодатмандона дар дунё ва охират насибу рўзӣ бигардонад! Омин.

Pray time in Dushanbe

03.08.2021

More
Fajr03:43
Zuhr12:40
Asr17:41
Maghrib19:43
Isha21:13
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More