Home Articles ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМЎЗ…

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМЎЗ…

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМЎЗ…
2021-08-24
1540

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш маќому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:

«Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад». (Сураи «Муҷодала», ояти 11).

Абўдовуд аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад, ки бузургӣ ва фазли олим нисбат ба обид монанди фазли моҳи шаби чаҳордаҳ ба дигар ситорагон аст.

Рифъати одамӣ ба илм бувад,

    Ҳар киро илм беш, рифъат беш.

     Ќимати ҳар касе ба дониши ўст,

 Соз афзун ба илм ќимати хеш.

Пас дониста мешавад, ки илм нури илоҳӣ ва яке аз сифатҳои Худованд аст, ҳар гоҳ илм зиёда мегардад, маќому мартабаи инсон низ зиёдатар мегардад. Барои шарофатманд шудани инсон Худованд омўхтани илмро бар ў фарз гардонидааст. Ҳазрати Пайғамбар (с) мефармояд:

«Талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».

Аз ин фармуда маълум мегардад, ки  ҳеҷ фарде аз илм бениёз нест. Навъҳои илм гуногун аст ва ҳар касе аз мардумон ба навъе аз илм ниёзманд ва мўҳтоҷ аст. Аз ин ҷиҳат дар ҳадиси Пайғамбари акрам (с) калимаи «илм» ом омадааст ва тамоми илмҳоеро, ки барои инсон муфид ва зарур аст, дарбар мегирад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бармеояд, ки омўхтани илм барои ҳамаи мардум лозим буда, бар ҳар касе омўхтани ҳамон илме зарур аст, ки барояш муносиб аст. Масалан, барои тоҷир донистани илми тиҷорат, барои меъмор илми ҳандаса, барои табиб илми тиб ва ғайра. Агар инсон илмеро, ки ба касбу кори ў вобаста аст, надонад, ҳамеша дар зиён ва хатар мемонад. Масалан, агар тоҷир аз илми харидуфурўш огоҳӣ надошта бошад, шояд аз ҳаќќи дигарон ба моли ў омехта шавад, ки он боиси ҳаром шудани луќмаи ў мегардад. Агар табибу муҳандис аз илму дониши касби худ огоҳ набошанд,  ҷони мардумро дар хатар мегузоранд. Хулоса, нодонӣ барои фард ва ҷомеа сар то сар хатар дорад ва илму дониш аст, ки ҷомеаро аз ҳама гуна зарару зиён наҷот медиҳад.

Худованди бузург дар сураи «Баќара», ояти 247 мефармояд:

«Ба дурустӣ ки Худо ўро бар шумо баргузидааст ва ўро фарохӣ дар дониш ва афзунӣ дар бадан додааст».

Худованд дар ин оят фазилат ва  бартарии подшоҳи Банӣ Исроилро, ки Толут ном дорад, баён мекунад, яъне инсон ба воситаи илм баргузидаи Худованд мегардад.

Инсон ба воситаи илм Худояшро мешиносад ва динашро устувор медорад, дунё ва охираташро обод месозад. Чунки илм нурест, ки торикиҳоро равшан гардонида касро аз ҳар гуна шубҳа дур мекунад. Ҳамон тавре ки Пайғамбар (с) мефармояд:

«Ҳар он ки роҳе мепаймояду дар он роҳ ҷустуҷуи илм дорад, Худованд ўро ба сўи ҷаннат мебарад ва малоикаҳо аз ҷиҳати хушнудӣ болҳои худро дар зери пойи толибилм мегузоранд ва онҳое, ки дар замину осмон ҳастанд, ҳатто моҳиёни зери баҳр барои олим омурзиш металабанд».

Саҳобагони Пайғамбари Худо (с) барои талаби илм масофаҳои дуреро тай намуда, аз шаҳр ба шаҳре мерафтанд. Масалан, Абўаюби Ансорӣ (р) барои омўхтани як ҳадис аз Мадинаи мунаввара ба Миср омада буд.

Худованди бузург ќиссаи сафар кардани ҳазрати Мўсо (а)-ро ба назди ҳазрати  Хизр  (а) барои омўхтани илм дар Ќуръони маҷид хеле зебо баён намудааст, ки ин ҳама аз фазилати илму фазли олим шаҳодат медиҳад.

    Дунё талабӣ, азми сафар бояд кард,

                                Уќбо талабӣ, оҳи саҳар бояд кард.

                                Дунё талабию боз уќбо талабӣ,

  Ин ноз ба илми пурсамар бояд кард.

Худованд дар ояти 9-уми сураи «Зумар» мефармояд:

 «Бигў: Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?».  Яъне ҳаргиз нодонон бо доноён баробар намешаванд. Пайғамбари Худо мегўяд: «Нигаристан дар рўи олим ибодат аст, ҳар он касе, ки олимеро зиёрат мекунад, гўё маро зиёрат карда ва ҳар ки ҳамнишини олиме мешавад, гўё ҳамроҳи ман нишастааст ва ҳар ки дар дунё  ҳамроҳи ман нишаста бошад,  Худованд ўро дар  рўзи ќиёмат ҳамнишини ман мегардонад».

                           Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,

                           Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Дар ҳадиси дигар омада, ки ҳар ки хоҳиши дидани озодмардони Худоро дорад, бояд ба толибони илм бинигарад.

Худованди бузург аз он рўзе, ки Одамро офарид, шарофати ўро ба воситаи илм баланд гардонида ба фариштагон гуфт:

«Ман ҷонишине дар замин меофаринам». Гуфтанд: «Оё дар замин касеро меофаринӣ, ки дар вай табоҳӣ ва хунрезӣ мекунад? Ҳол он ки мо ба ҳамди Ту тасбеҳ мегўем ва барои Ту ба покӣ иќрор мекунем?» Фармуд: «Ҳамоно Ман он чиро медонам, ки шумо намедонед». (Сураи «Баќара», ояти 30).

Худованд ба Одам (а) илму дониш омўхт, то сазовори ҷойнишинии Ўро дошта бошад. Барои изҳори шарофати Одам тамоми номҳоро ба ў таълим дод ва Одам ба  сабаби илм аз малоикаҳо азизтар гардид.

Пас маълум мегардад, ки ҳар касе мехоҳад бе илму дониш ба  маќсуди худ бирасад, танҳо ранҷи беҳуда мекашаду бас. Илм сармояи пайғамбарон аст ва ҳар касе аз ин сармоя баҳравар шавад, меросбари пайғомбарон мегардад.

Расули Худо (с) мефармояд: «Олимон меросбарони пайғамбаронанд, пайғамбарон дирҳаму диноре ба мерос нагузоштаанд, онҳо илм ба мерос гузоштаанд, ҳар ки ин меросро бигирад, баҳраи хубе ба даст овардааст».

Дар ҳадиси дигар Пайғамбари Худо (с) олимонро бо ситорагони осмон ташбеҳ намуда мегўяд: «Олимон дар рўи замин монанди ситорагони осмонанд, дар торикиҳо ба воситаи онҳо роҳ ёфта мешавад. Чун ситорагон нест шаванд, роҳпаймоён гумроҳ мешаванд».

Дар ин ҳадис олимон ба ситорагони дурахшони осмон монанд карда шудаанд. Онҳо ба монанди чароғе мебошанд, ки рўшноии он поку тоза аст, чунонки аз чароғ дар торикиҳои шаб манфиат аст, дар илму дониш ҳам аз торикиҳои ҷаҳолат ва нодонӣ фоида аст.

         То ваќте ки илм дар рўи замин боќист, мардумон дар ҳидоятанд. Пойдории илм ба ҳастии олимон аст ва Пайғамбар (с) барои эҳтироми илм ва аҳли он тавсия ва дастурҳо додааст, зеро олимон меросбарони Пайғамбар (с) буда ва пайғомбарон аз худ танҳо илм боќӣ гузоштаанд.

Аз баракати олимон ҷомеа ба низом меояд ва аз набуданашон зебогии замину осмон аз байн меравад, чунки мардум роҳи ростро намеёбанд ва гумроҳ мешаванд.

Дар масири таърих кам нестанд касоне, ки бо аз худ кардани илму дониш Худоро шинохта ба дини Ислом гаравидаанд ва саодатманди дунёву охират гардидаанд. Баръакс, аз нодониву беилмӣ баъзе Исломи бузургро аз даст додаанд.

Худованд дар каломи азизи худ мефармояд:

«Аз Худованд ҳамеша олимон метарсанд». (Сураи «Фотир», ояти 28).

Чун аз Худо тарсида шавад, ҷомеа ба салоҳ меояд, ҳуќуќи байни афрод риоя мегардад ва ба касе ситам карда намешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Пайғамбар (с) илм ва аҳли онро ситуда мегўяд:

 Ҳар толибе, ки ба назди олиме мераваду илм меомўзад, Худованд ба ҳар ҳарфи омўхтааш ва ба ҳар ќадами гузоштааш савоби ибодати як соларо барояш менависад».

Ҳазрати Алӣ дар фазилати илм мефармояд, ки илм беҳтар аз мол аст, зеро илм нигаҳбони туст ва ту нигаҳбони мол ҳастӣ, илм  ба сабаби бахшиш ба дигарон зиёда мегардад, вале мол кам мешавад. Олимон дар дунё ҳамеша зиндаанд, агар ҷисми онҳо дар миён набошад, номи онҳо дар дилҳо боќист.

Анас (р) ривоят мекунад, ки як боб аз илм, ки инсон меомўзад, барояш аз он беҳтар аст, ки ба вазни кўҳи Абуќубайс тилло дошта бошад ва онро дар роҳи Худо сарф кунад.

Ҳазрати Муъоз ибни Ҷабал (р) дар фазилати илм чунин мефармояд:

«Илм биомўзед, ки омўхтани ў накў ва талаб кардани он ибодат аст, гуфтугўи илм монанди тасбеҳ гуфтан аст ва баҳсу ҷустуҷўи он ҷиҳод дар роҳи Худост, таълим додани касе, ки чизеро намедонад, садаќа аст, бахшидани илм барои аҳли илм наздикӣ ба сўи Худост. Бидонед, ки илм роҳе ба сўи ҷаннат аст, илм мўниси дилҳост дар ҳолати танҳоӣ ва дўст дар ҳолати ғарибист, сухангўи танҳоӣ, роҳнамо дар ҳолати фарохӣ вамададгор дар ҳолати душворист, зинат дар назди дўстон ва силоҳ бар зидди душманон аст».

         Худованд гурўҳеро ба сабаби илм мартабаи баланд медиҳад, онҳоро пешво мегардонад ва мардум пайрави онҳо мешаванд. Ҳама хушку тар, моҳиёни зери баҳр ва  ҳайвоноти рўи замину ҷонварони саҳрову дарё бар онҳо дуруд мегўяд, зеро илм ҳаётбахши дилҳо, чароғи дидагон ва ќуввати ҷонҳост. Бандагонро мартаба ва дараҷаҳои олӣ медиҳад, тафаккури илмӣ баробари рўза доштан ва гуфтугўи он баробари намоз барпой доштан аст. Ба воситаи илм ба хешовандон мепайванданд ва ҳалолу ҳаромро мешиносанд. Илм пешво ва амал тобеъи он аст, насиби некбахтон асту бадбахтон аз он маҳруманд.

Ҳикояте аз Абдуллоҳ ибни Муборак мекунанд, ки ў дар ҳоли марг буду марде барояш аз илм чизе менавишт. Пас ба ў гуфта шуд, ки дар ҳамин ҳолат низ илм менависӣ?  Гуфт: «Шояд калимае омўзам, ки то ба ҳол надониста бошам».

         Илму дониш беҳтарин неъмат ва сармояест, ки ба инсон дода мешавад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ба ҳар кас илми нофеъ ва ҳикмат дода шуд, ба таври ќатъ хубии фаровон ёфтааст». (Сураи «Баќара», ояти 269).

         Касби дониш замони хос надорад, чунки илмомўзӣ аз гаҳвора то гўр фарз аст. Ҳаким Абулќосими Фирдавсӣ мефармояд:

         Чунин гуфт Пайғамбари ростгўй,

         Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй.

         Дини Ислом барои он ки ҳама мардум аз неъмати бар афроди таҳсилкарда ва босавод лозим донистааст, ки маълумоти худро ба дигарон ёд диҳанд. Чунки ҳар чизе закот дорад ва закоти дониш ин аст, ки он ба дигарон омўзонида шавад.

Мушкилоти зиндагӣ набояд монеъи фаро гирифтани дониш бошад. Дуруст аст, ки ҳар коре мушкилӣ ва монеъаҳое дорад, вале таҳсили дониш аз ҳама бештар ба мушкилот рў ба рў мебошад. Фаќру тангдастӣ аз як тараф, дастрасӣ надоштан ба устоди варзида аз тарафи дигар, ранҷи мусофират ва ғурбатро таҳаммул кардан монеъаҳое ҳастанд, ки бисёр касонро аз расидан ба маќсудашон бозмедорад. Вале дини Ислом дастур медиҳад, ки барои ба даст овардани гавҳари дониш дар баробари ҳамаи ин мушкилот бояд сабр кард. Илмомўзӣ ва дониш андўхтан аз нигоҳи дини мубини Ислом иҷборӣ аст. Пайғамбар (с) касонеро, ки дар ҷанги Бадр ба асорат афтода буданд, дастур дод, то ҳар асир даҳ нафар аз мусулмонро ба ивази озодияш хондан ва навиштан биёмўзад. Ин амали Пайғамбар (с) ба хубӣ нишон медиҳад, ки пешвои мусулмонон барои боло бурдани сатҳи дониши мардум ва босавод кардани онҳо бояд ҳама роҳу воситаҳоро истифода барад.

Дини мубини Ислом дар баробари даъват ба таълим ва илмомўзӣ эҳтироми байни устоди шогирдро низ таъкид намудааст:

То тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ў хуни ҷигар шавад.

Аҳсан ба он касе, ки баъди хатми мактабаш,

Зи аҳволи устоди худ худ бохабар шавад.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки илму дониш аз нигоҳи дини мубини Ислом дорои маќоми хоссае буда, аз оғоз то фарҷоми ҳаёт барои ҳар як фард монанди дигар аҳкоми шаръӣ амри воҷиб шуморида шудааст. Худованд, ки хоҳони ислоҳи ҷомеа аст, аз рўзи ба дунё омадани инсон ўро ба ин ибодат дастур додааст ва ягона роҳи саодати башар низ илму дониш омўхтан аст.

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More