Home Articles БЕМОРИИ ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан)

БЕМОРИИ ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан)

БЕМОРИИ ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан)
2021-11-20
2044

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣ ҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрўзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.

Мо медонем, ки бемории ВИЧ-СПИД асосан бо роҳи алоқаи беҳимояи ҷинсӣ бо шахси сироятшуда, истифодаи сўзандору ва аз модари ба ВИЧ сироятёфта ба кўдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ мегузарад.

Пеши ин бемориро танҳо бо роҳи иффат ва мубориза бо алоқаҳои ҷинсии номашрўъ метавон гирифт. Пешгирии чунин беморӣ танҳо аз роҳи даст кашидан аз ин амали зишт ва руй овардан ба бунёди оилаи солим аз байн хоҳад рафт.

Чунончи, Паёмбари Худо (с) дар ҳадисе фармудаанд: «Дар ҳар қавме, ки зино фош гардад, марг миёни эшон зиёда мегардад...».

Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки волидайн масъули асосӣдар пешгоҳи Худову халқ ба шумор мераванд. Пас, бояд падару модарон дар тарбия ва нигоҳ доштани насли худ аз вартаи ҳалокат саҳмгузор бошанд, зеро фарзандон амонатанд ва масъулияти онҳо ба души волидайн гузошта шудааст. Масъулияти волидайн он нест, ки фарзандони худро танҳо аз чиҳати иқтисодӣ таъмин намуда, аз тарбияи маънавӣва ахлоқии эшон дар ғафлат бошанд.

Чунонки гуфтем, ин вирус дар асоси алоқаи ҷинсии номашрўъ, ки онро зино меноманд, сар мезанад. Пайғамбари акрам (с) дар ин маврид мефармоянд:

«يا معشرَ الناسِ اتقُوا الزنَى فإنَّ فيهِ ستُّ خصالٍ: ثلاثٌ في الدُّنيا، وثلاثٌ في الآخرة. فأمّا اللاَّتي في الدُنيا: فيَذهبُ البهاء: ويورثُ الفقرَ، وينقصُ العمرَ، وأما اللاتي في الآخرة: فيُوجبُ السخطةَ، وسوءَ الحسابِ، والخلودَ في النارِ».

«Эй мардумон, аз зино бипарҳезед, зеро дар ин амал шаш хислат аст, се дар Дунё ва се дар Охират. Он, ки дар дунёст: рафтани нур, фақр ва кўтоҳии умр ва он, ки дар охират аст: сабабгори ғазаби Худо, ҳисоби бад ва ҷовидонӣ дар оташи дўзах».

Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки гуфтанд: Рўзе Паёмбар (с) ба тарафи мо рўй оварда гуфт: «Эй муҳоҷирон, панҷ хислат аст, ки вақте ба он гирифтор шавед, паноҳ меҷўям ба Худо аз ин ки гирифтор шавед ба он хислатҳо: Фоҳишагӣ дар кадом қавме зоҳир гардад, ҳатто ошкор кунанд онро, ин амал сабаби интишори вабо ва бемориҳои дардноке мегардад, ки дар гузаштагони онҳо набуд, аз тарозу ва паймона кам кардан сабабгори қаҳтӣ, ранҷи сахт ва манъ кардани закот сабаби манъи борон аз осмон мегардад ва агар чорпоён намебуданд борон намеборид...» (Ривояти Ибни Моҷа ва Байҳақӣ).

Ҳаёти инсон дар Ислом баҳои хеле баланд дорад: он ҳадяи Аллоҳ ба шумор меравад. Имрўзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти Ислом, мусулмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд карда метавонанд. Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Масалан, Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд:

لِكُلِّ دَاءٍ دَوَاءٌ فَإِذَا أُصِيبَ دَوَاءُ الدَّاءِ بَرَأَ بِإِذْنِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلّ  (رواه مسلم)

«Ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад» (Ба ривояти Муслим) .

Худованд ба инсон ҳаётро бовар карда супоридааст ва мусулмонон бояд дар бораи ҳаёт ғамхорӣ намоянд. ҷисми солим – ҳадяи Аллоҳ буда, ҳар як фард саробони он мебошад. Аз ин рў, мо барои истифодаи нодуруст ё сўистеъмоли ҷисм ягон хел ҳақ надорем.

Ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, боре ў ба амаки худ Ҳазрати Аббос чунин фармуд:

(..سل الله العافية...)

«Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун» (Ривояти Тирмизӣ).

 Дини мубини Ислом инчунин истифодаи маводеро, ки метавонанд эҳсосотро заиф гардонанд, манъ мекунад. Бинобар ин, истеъмоли маводи нашъаовар ва нўшокиҳои масткунанда қатъиян манъ мебошад.

Илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ:

  1. «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накўкорӣ кунед!» (Сураи Бақара, ояти 195).
  2. «Дар Ислом ба худ ва ба дигарон зарар расондан раво нест» (Ҳадиси Паёмбар(с).
  3. «Илоҷи воқеъа қабл аз вуқўъ» (Имом Абўҳанифа).
  4. Пешгирӣ беҳ аз муолиҷа.
  5. Бетарафӣ гуноҳ аст.

Пешгирии СПИД дар марҳилаи кунунӣ яке аз воситаҳои муҳим ва асосии мубориза бар муқобили он мебошад. Волидон, устодон, кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ҳама шаҳрвандон ва бахусус пешвоёни динӣ, ки нисбати чунин вазъият бетаваҷҷуҳ буда наметавонанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки маҳз онҳо бояд роҳи беқадршавии арзишҳои ҷамъиятиро бигиранд. Ахлоқи исломӣ ва маънавиётро тарғиб намуда, ба муқобили ҳама гуна шаклҳои рафтори ғайриахлоқӣ мубориза баранд.

Pray time in Dushanbe

31.12.2024

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:18
Maghrib17:16
Isha18:46
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More