Home Articles ТАЛАБИ РИЗҚИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ

ТАЛАБИ РИЗҚИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ

ТАЛАБИ РИЗҚИ  ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ
2021-11-20
1631

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Қуръони карим молро василаи пешбурди зиндагӣ ва ноил шудан ба савоб (закот, қурбонӣ, садақаи фитр, ҳаҷ, садақаи ҷория...) мешуморад. Чунончи дар сураи " «Ваз-зуҳо» таъкид шудааст: " Эй Паёмбар, Оё Худованд туро бечора наёфт, баьд туро ғанӣ сохт".

Яьне вақте Расули Худо (с) бо Хадича (р) хонадор шуданд, соҳиби моли зиёд гаштанд. Дар ҷои дигар Парвардигор ба оламиён таъкид менамояд, ки бандагон баъди адои намоз боз аз пайи дарёфти ризқу рӯзиашон бираванд. «Вақте намози ҷумьа адо карда шавад, пас иҷозат аст барои шумо, ки биравед дар рӯи замин ва ҷустуҷӯ кунед аз фазли Худованд ризқу рӯзиро. Дар ин ҳолат ҳам Худоро зиёд зикр кунед (ба ёд оред) то наҷот ёбед».

Яке аз аркони панҷгонаи ислом ибодати молӣ (закот) аст. Агар кас ба тиҷорат, кишоварзӣ, заршӯӣ, чорводорӣ ва дигар корҳои ҳалол машғул нашавад, аз куҷо соҳиби молу сарват гашта закот медиҳад?  Дар Қуръони карим  тавсифи як қатор Паёмбарони киром ва солиҳон ва касбу ҳунари онҳо омадааст. Чунончи ҳазрати Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Исмоил (а), Довуд (а) ва Зулқарнайн. Дар сураи "Анбиё" омадааст, ки  Довуд (а) зиреҳ месохт. Яъне ҳазрати Довуд (а) бо вуҷуди подшоҳ буданаш оҳангарӣ мекард. Дар ин бора шайх Аттор мефармояд:

Чун иноят қодири қаюм кард,

Дар кафи Довуд оҳан мум кард.

Одам (а) зироаткорӣ мекард. Идрис (а) хайётӣ- дӯзандагӣ менамуд. Ҳазрати Яҳё (а) пойафзолдӯзӣ мекард. Ҳазрати Луқмони Ҳаким (а) бурё ва ресмон мебофтанд. Расули Акрам (с) моли ҳалолро неьмати Аллоҳ гуфтанд. Ҳазрати Абулаҳвас аз падари худ чунин ривоят мекунад: «Ман дар хидмати Расули Акрам (с) ҳозир шудам. Дар тан либоси чандон хубе надоштам. Муҳаммад (с) аз ман пурсиданд: «Оё молу сарват надорӣ?». Гуфтам: «Дорам». Боз пурсиданд, ки чӣ гуна мол дорӣ? Ман гуфтам: «Худованд моро ҳар навъ мол ато фармудааст.  Аз шутурон, говҳо, гӯсфандон, аспҳо ва ғуломон». Расули Акрам (с) фармуданд: «Вақте, ки Худованд бароят мол додааст,пас бояд асари он бар бадани ту зоҳир шавад». Мақсади гуфтаи Расули Худо (с) ин ки Худованд туро вақте мол медиҳад, бояд мувофиқи ҳайсияти худ бихӯрӣ, бинӯшӣ ва бипӯшӣ, вале исроф накунӣ.

Тибқи дастуроти Ислом шахсе, ки ғанӣ ҳаст, набояд мумсик бошад. Хасисӣ одати бадест, балки ношукрист ва  гуноҳаст. Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд "Моли беҳтару хушсифат чи қадар хубаст, ки агар дар дасти шахси солеҳ бошад" тибқи фармудаҳои ислом меҳнати  ҳалол ибодат аст, на як амали  оддӣ. Меҳнати ҳалол фаризае аз фароизи динӣ ба шумор меравад.

 Байҳақӣ (р) ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд «Талаби ризқи ҳалол баьди фаризаи динӣ фарз аст". Расули Худо (с) беҳтарин луқма он луқмаро шумурдааст, ки шахс аз касби ҳалол бихӯрад. Он ҳазрат (с) ба мо таьлим медиҳанд, ки инсон бояд ризқи худро худаш заҳмат кашида биёбад. Ислом  бекор гаштан ва талбандагӣ намуданро ноҷоиз мешуморад. Аз ин рӯ барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол бояд кӯшиш намуд.

Рӯзӣ ба нишастан насиби кас намешавад,

Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.

Pray time in Dushanbe

31.12.2024

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:18
Maghrib17:16
Isha18:46
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More