Home Articles Худкушӣ илоҷи воқеа нест

Худкушӣ илоҷи воқеа нест

Худкушӣ илоҷи воқеа нест
2021-12-11
1655

Худкушӣ илоҷи воқеа нест

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Худкушӣ зуҳуроти зишту номатлубест, ки он дар ҷомеаи инсонӣ тайи асрҳои тӯлонӣ мавҷуд аст ва инсоният дар ҳамаи давру замонҳо сари бартараф кардани он андеша менамояд. Худаванди муттаол инсонро азизу мукаррам халқ карда аст, умр ато фармуда аст, барои у аз ҳама неъмати гаронбаҳо ақл дода аст, ки дар ҷаҳон зиндагӣ кунад ва аз беҳтарин неъмати ҳаёт баҳраманд гардад вале аз сари бехабариву беназарӣ ва бебасарӣ инсон ба худкушӣ роҳ медиҳад. Ҷомеа, ҳукумат ва масъулин кӯшиш мекунанд, ки дар паи пешгирии ин амали нодуруст кореро ба анҷом расонанд, ки ин зуҳуротро аққалан каме бошад ҳам ба коҳиш барад. Чанд рӯз пеш аз ҷаридае хондам, ки “дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, то ҷасади онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шаҳр ба намоиш гузоранд. Воқеан, баъди ба намоиш гузоштани ҷасади чанд ҷавонзан, худкушӣ дар кишвар тамоман коҳиш ёфт.” Шояд ин як усуле буд то ба одамони дигар дарс гардад.

Боиси таъкид аст, ки ҳамаи динҳо аз ҷумла дини мубини Ислом ба манфаати тамоми мардуми ҷаҳон равона карда шуда чун ҳамаи адёни ҷаҳон худкуширо маҳкум мекунад ва онро ношукрӣ ва гуноҳи азим мешуморад. Дидаву дониста ба ҷони худ қасд кардан ва ё ба худкушӣ даст задан аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом, ки асоси он Қуръон ва ҳадис аст гуноҳ ва ҷиноят мебошад. Аллоҳ таъоло дар ояти 195 сураи «Бақара» мефармояд ":....Вало тулқу биайдикум илаттаҳлука ва аҳсину Инналлоҳа юҳиббул муҳсинин" Яъне. .."Хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат маяфканед ва накукори кунед, албатта Парвардигор накукоронро дӯст медорад".

Дар ояти 29 сураи «Ан-нисо» омада: "Вало тақтулу анфусакум инналлоҳа кона бикум раҳимо" Яъне... "Ва накушед хештанро, ҳаройина Аллоҳ ҳаст ба шумо меҳрубон".

Масъалаи маҳкум кардани худкуши дар аҳодиси набавӣ зиёд омадааст аз ҷумла дар ҳадиси қудси Ҷаноби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:" Аллоҳ мегӯяд:" Агар бандаи ман ба ҷои сипосгузори ба ман худро кушад, пас (бидонад), ки дарҳои ҷаннат барои вай ҳамеша баста аст"

Аз Ҷундаб ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбар алайҳис салом фармуданд: "Дар замони гузаштагони пеш аз шумо марде дар бадани худ захме дошт, бе тоқатӣ кард ва кордеро гирифта бо он дасташро бурид, хун бардавом меомад дар охир вафот кард, Худованди мутаъол фармуд: “Қабл аз он ки бандаам бимирад, ба худкушӣ даст зад, аз ин рӯ биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам" Ва дар ҳадисҳои дигар омада аст:" Ҳар касе бо роҳи буғӣ ё ресмон худкушӣ кунад, бо ҳамон роҳ дар дузах азоб дода мешавад" ё "Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дузах абадӣ мемонад". Ҳамчунин, онҳое, ки худро месӯзонанд ё меовезанд, ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Дар чандин китобҳои фиқҳи ҳанафӣ аз ҷумла дар панҷ фатовои муътабар нораво будани амали худкушӣ зикр карда шуда аст, аз ҷумла дар фатовои машҳури диёри мо “Фатовои оламгирӣ” ва “Фатовои баззозия” ин масъала возеҳу равшан баёни худро ёфта аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар аст.

Дар ин масъалаи доғи рӯз мо бояд аввал сабаби ба вуҷуд омадан ва роҳи пешгирии онро донем. Ба фикри ман худкушӣ ва ё ба ҷони худ қасд кардан сабабҳои зиёд дорад. Одами асабаш ором ҳеҷ вақт ба ин кор даст намезанад. Ағлаби авқот баъди  сар задани ҳодисаи нохуш ба худкушӣ дастзадаро ба бемории рӯҳӣ айбдор мекунанд ва ба ин минвол ӯро ва амали носавобашро тарафдорӣ мекунанд. Вале дар бештари маврид баъди гӯру чӯб маълум мешавад, ки сабаби ин ҳодиса дигар чиз буда аст.

Аз ҷумла сабаби ин ҳодисаҳо аксаран ҷанҷолҳои бардавом, хушунати оилавӣ, зарбу лат, рашку ҳасад, хиёнат ба ҳамсар, хавф аз шарманда шудан, қарзу қарздорӣ, баҳсҳои бардавом, ҳолати қаҳру ғазаб ва ғайра мебошад.

Ва дигар ҳолатҳо ҳам барои ин амали носавоб сабаб шуда метавонанд, ки аксар вақт аз назар дур мемонад. Масалан ҳатто чунон шуда аст, ки фарзанди мактабхон бо кадом сабабе аз волидайн норизо мешавад ва бар қасди волидайн худро ба дор меовезад. Воқеан мушоҳида нишон медиҳад, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароити мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли оила, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рўҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, бо сабаби майзадагӣ, шарму ҳаё, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.

Баъзан мегуянд, ки ба нафаре, ки ба ҷони худ қасд карда худро ҳалок карда аст салоти ҷаноза нахонем. Албатта ин ишора ба кавли як имом аст, аммо қавли саҳеҳи Имоми Аъзам ва шогирдашон Имоми Муҳаммад(р) ин аст, ки шахси худкушикарда ғусл дода мешавад ва бар ӯ намози ҷаноза гузорида мешавад ва Имоми Ҳалавонӣ ба ин қавл фатво додаанд.

Аз ин рӯ вазифаи аҳли уламо имрӯз хақиқати таълимоти дини мубини Исломро ба мардум расонидан аст. Дар ин ҷода ман аҳли ҷомеа ва махсусан аҳли динро даъват мекунам, ки оилаҳои носолимро аз мадди назар дур накунанд, оиди ҳаёти солим, ғанимат будани ҳаёт дар байни мардум хусусан дар байни ҷавонон корҳои тарбиявиро зиёдтар кунанд. Олимону аҳли уламои дин бояд донанд, ки аксари ҳодисаҳои нохуш аз ҷиҳати рӯҳӣ ба амал меояд, барои ҳамин ҳам дар вақти суханронӣ дар назди ҷомеа ва ё телевизиону радио калимаҳои "худкушӣ, худсузи, худовези, ба дарё партофтан, заҳр хурдан, бо корд дасти худро буридан ва ғайраро илоҷаш бошад истифода набаранд, агар ин калимаҳоро зиёд истифода барем, ин амал бештар авҷ мегирад. Зеро онҳое, ки ба ин мафҳум ошно мешаванд, гумон мекунанд, ки ин роҳи осонӣ халосӣ аз мушкилот аст, ба руҳашон ин таъсири манфӣ мерасонад. Вақто, ки дар ҳолати ғазаб мешаванду чӣ кор кардаашонро намедонанд даст ба худкушӣ мезананд.

Инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо ақлу хираду идрок фарқ мекунад. Худованди муттаол ду роҳро ба ихтиёри мо гузошт: роҳи раҳмонӣ ва роҳи шайтонӣ. Ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, бояд бар муқобили ҳама гуна душвориҳо бояд зиндагӣ кунад. Худои таъоло инсонро барои саодат офарида аст, дар вақти мушкилии ба сар омада бо сабру бо таҳаммул бошад, ҳеҷ кас гумон накунад, ки ба воситаи мурдан аз мушкилиҳо халос мешавад. Вафот ин интиҳои ҳаёт нест, ҳар як инсон бояд донад, ки дар охират барои ҳар як рафтори ноҷуяааш дар назди Парвардигор ҷавоб мегӯяд, мо бояд ҳеҷ вақт ношукри накунем, доим дар ҳамаи ҳолат бо сабру бо таҳаммул бошем, шукронаи ин ҳаётро ба ҷо орем, ба қадри ҳар соати умри худ бирасем.

                                                                       Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

номзади улуми суханшиносӣ

Муовини Раиси Шўрои уламо

Pray time in Dushanbe

29.12.2024

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:17
Maghrib17:15
Isha18:45
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More