ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳамду санои беадад Худовандеро сазад, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрон ва пайравонаш то абад бод.
Инак мо дар омад-омади моҳи Раҷаб қарор дорем. Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои муқаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд. Ин моҳест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моҳест, ки шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад.
Аз давраҳои пеш аз Ислом бо фаро расидани моҳи Раҷаб душманон бо ҳам мусолиҳа мекарданд, қатлу куштор, бадиву бадбинӣ як сў гузошта мешуд. Тамоми қабилаҳои араб ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекарданд.
Ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) гуфтаанд, «Раҷабу шаҳруллоҳ ва Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳру умматӣ» – Раҷаб моҳи Худост ва Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи умматонам аст.
Савол мешавад, ки моҳи Худо яъне чӣ? Ин моҳест, ки умматони Паёмбар (с) бояд нафси худро риёзат кунанд, дар адои суннатҳо пешдастӣ намоянд, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунанд, аз пиронсолон хабар гиранд ва сари ятимонро сила намоянд. Раҷаб моҳест, ки ҳар шахс бояд ба моҳи Рамазон омода шавад, боре андеша намояд, аз гуноҳон омурзиш бихоҳад ва дар ҳаққи бародаронаш дуои нек кунад.
Моҳи Раҷаб дорои фазилати бузург аст ва моҳест, ки инсон бояд аз пиндору кирдори ношоиста дурӣ ҷўяд. Дар моҳи Раҷаб дили муъминеро озурдан, ғайбату бадгўиву суханчинӣ кардан, тафриқа андохтан, ба мардум азият расонидан, фаҳшу тамасхуру дурўягӣ кардан, туҳмату буҳтон ва пайравӣ аз ҳавову ҳавс ҳаром аст, балки мо бояд дар ин моҳ сари ятимеро сила кунем, аз ҳоли бечорагон бохабар бошем, бо хешовандон робитаҳоро мустаҳкамтар намоем ва дар тамоми корҳои хайр пешдаст бошем.
Дар ин моҳ шабе бо номи шаби Меъроҷ маъруф аст. Меъроҷ болоравӣ аст, аз тамоми ҳисҳои башарӣ тоза шудан ва ба мартабаи воло расидан аст. Сафари муқаддаси Расулуллоҳ (с) мебошад. Муъҷизаи шаби Меъроҷ дар Қуръони карим зикр шудааст. Марҳилаи аввали сафари Меъроҷро «Исро» меноманд, ки аз Масҷидул-Ҳаром (Каъба) то ба Масҷиди Ақсо мебошад. Худованди Мутаъол дар ояти аввали сураи Исро мефармояд:
«Пок аст Он (Худой), ки бандаи Худро шабе аз Масҷиду-л-Ҳаром ба сўи Масҷиду-л-Ақсо, ки гирдогирди он баракат ниҳодем, бибурд то баъзе нишонаҳои худро ба ў бинамоёнем. Ба дурустӣ ки Ў Шунавои Бино аст» (Сураи Исро, ояти 1).
Дар ин шаб Паёмбари гиромӣ (с) тавассути Буроқ ба Байтулмуқаддас сафар карданд, ки инро дар истилоҳи шаръӣ «Исро» мегўянд. Бегумон Исро ва Меъроҷ аз нишонаҳои бузурги гувоҳӣ бар сидқи Расули Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва азамати манзалати вай назди Худованд мебошад. Ҳамчунон ки нишонаҳое бар қудрати бошукӯҳ ва бартарии Худованд бар тамоми офаридаҳои хеш мебошад.
Исро - маънои роҳравии шабона, Меъроҷ аз калимаи «уруҷ» гирифта шуда маънои нардбонро (зинапоя) дорад.
Меъроҷ чӣ гуна рух дод? Ҳазрати Муҳаммад (с) бо вафоти Абўтолиб ва ҳазрати Хадиҷа (рз) хеле ғамгин шуда буд. Ҳатто ин солро, соли ғам ҳам меноманд. Шаби Меъроҷ барояш чун эҳсони Илоҳӣ тасалло гардид. Шаби Меъроҷ сафари муқаддасест, ки шаби 27-уми моҳи Раҷаб бо даъвати Аллоҳ таъоло ва роҳбарии ҳазрати Ҷабраил (а) воқеъ шудааст. Дар аснои омадани ҳазрати Ҷабраил (а), ҳазрати Муҳаммад (с) дар назди Каъбаи Муаззама хоб буданд. Ҳазрати Ҷабраил (а) қафаси синаи мубораки Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро чок карда бо оби Замзам қалбашро шуста сипас бо имону ҳикмат пур карду ба ҳоли пешинааш гузошт. Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ ин ҳодисаро «ҷарроҳии маънавӣ номидааст». Пайғамбарамон аз Масҷиди Ҳаром ба Масҷиди Ақсо (марҳилаи аввал, ки Исро меноманд), сипас аз Масҷиди Ақсо ба осмонҳо, яъне ба ҳузури Аллоҳ таъоло уруҷ карданд. Ин сафари муқаддас пас аз 12 соли пайғамбарӣ, яъне 18 моҳ қабл аз ҳиҷрат рух додааст.
Ҳазрати Муҳаммад (с) бо савораи сафеди ҷаннатӣ бо исми Буроқ, ки ба асп шабоҳат дорад, аз Масҷиди Ҳаром ба Масҷиди Ақсо сафар намуд. То ба Қудс наомада, аз мақоми ҳазрати Мусо (а) зиёрат намуд. Дар он ҷо ду ракъат намоз адо намуд ва баъдтар ба Масҷиди Ақсо омад. Дар он ҷо ҳамаи пайғамбарон истиқболашон намуданд. Меъроҷро муборакбод намуданд. Дар ин ҷо пайғамбарамон ба кулли пайғамбарон ду ракъат намоз ва хутба хонд.
Аз Қуббату-с-Сахра, аз болои Санги Муаллақ ба Меъроҷ рафт.
Аз тамоми табақаҳои осмон дидан намуд. Дар ҳафт табақаи осмон бо навбат, дар осмони якум бо ҳазрати Одам (а), осмони дуюм ҳазрати Яҳё (а) ва ҳазрати Исо (а), осмони севум бо ҳазрати Юсуф (а), осмони чорум бо ҳазрати Идрис (а), осмони панҷум бо ҳазрати Ҳорун (а), осмони шашум бо ҳазрати Мусо (а) ва дар осмони ҳафтум бо ҳазрати Иброҳим (а) вохӯрӣ намуд. Ҳамаи пайғамбарон «хуш омадед» гуфтанду муборакбодӣ намуданд.
Баъди ҳафт табақаи осмон ҳазрати Муҳаммад (с) бо ҳазрати Ҷабраил (а) то ба Сидратул-Мунтаҳо (маконе, ки коинот он ҷо ба итмом мерасад) рафт. Ҳазрати Ҷабраил (а) фармуд: Ин ҷо Сидратул-Мунтаҳо ном дорад. Агар ман аз ин нуқта ҳаракате бикунам, месӯзам. Шайх Саъдии Шерозӣ (р) дар муқаддимаи “Бўстон” мегўяд:
Шабе барнишаст, аз малак даргузашт,
Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.
Чунон гарм дар тиҳи қурбат биронд,
Ки дар Сидра Ҷабраил аз ў бозмонд.
Бад-ў гуфт солори Байтул-ҳаром,
Ки: “Эй ҳомили ваҳй, бартар хиром”.
Бигуфто: “Фаротар маҷолам намонд,
Бимондам, ки неруи болам намонд.
Агар як сари мўе бартар парам,
Фурўғи таҷаллӣ бисўзад парам”.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар он ҷо чаҳор дарёро дид, ки дутояш ошкоро ҳаракат мекард (Нил ва Фурот) ва дуи дигар пинҳон буд. Сипас Байтул-Маъмурро зиёрат намуд, ки ҳафтод ҳазор малоика ҳамарӯза макони мазкурро зиёрат менамояд.
Пайғамбарамон (с) дар бозгашт бо ҳазрати Мусо (а) мулоқот намуд. Ҳазрати Мусо (а) суол кард: - Аллоҳ таъоло ба умматат чиро фарз намуд? Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷавоб дод: - Панҷоҳ вақт намоз. Ҳазрати Мусо (а): - Ба Аллоҳ таъоло баргард ва аз Ў дархости онро бикун, ки вақти намозро кам бикунад, зеро қувваи умматат намерасад. Ҳазрати Муҳаммад (с) панҷ бор рафту омад кард ва дар ҳар сафараш намоз 10 вақт кам карда шуд. Дар охир панҷ вақт монд.
Ҳазрати Муаммад (с) дубора бо Рафраф то ба Сидра омад. Ҳазрати Ҷабраил (а)-ро ба сурате бидид, ки дар Ғори Ҳиро дида буд. Сипас, ҳазрати Муҳаммад (с) бо роҳбарии ҳазрати Ҷабраил (а) ҷаннат ва ҷаҳаннам, манзилҳои охират ва тамоми оламро дидан намуд. Баъдан ба Макка баргашт.
Ин ҳодиса аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки ӯ ба осмонҳо уруҷ дода шуд ва дарҳои осмонҳо бар вай кушода шуд, то ин ки аз осмони ҳафтум гузашт ва Худованд бо он чӣ, ки хост бо вай сухан гуфт ва намозҳои панҷгонаро бар вай фарз намуд ва Худованд дар ваҳлаи аввал панҷоҳ намозро бар вай фарз намуд ва пайваста Паёмбари мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Ӯ муроҷиат менамуд ва аз Ӯ дархости тахфиф (сабукӣ) мекард, то ин ки онро ба панҷ фарз расонд, аз лиҳози фарз ва воҷиб будан, панҷ фарз ҳастанд ва аз лиҳози аҷру подош панҷоҳ мебошанд. Чунки ба амали ҳасана ду баробар подош дода мешавад. Ҳамду сано Худовандро барои тамоми неъматҳое, ки ба мо ато намудааст.