Home Articles ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИМОМ ТИРМИЗӢ ВА ОСОРИ Ӯ

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИМОМ ТИРМИЗӢ ВА ОСОРИ Ӯ

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИМОМ ТИРМИЗӢ ВА ОСОРИ Ӯ
2022-02-15
1379

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён ва дуруду  салавот бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Суннат сарчашмаи хеле муҳим барои Ислом, барои мусулмонон аст.  Зеро ин маҷмӯаи гуфтаҳо, амалҳо, тасдиқҳо, сифатҳои мардумӣ, ахлоқӣ ва тарҷумаи ҳоли ҳазрати  Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), мебошад, ки дини охирин ва комили Худоро дар худ комилан татбиқ кардааст.

Худои таъоло ва Паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) изҳор доштанд, ки суннат дуввумин масдар дар шариати ислом аст.  Омӯхтан ва амалӣ кардани суннат корест, ки мусулмонон дар тӯли асрҳо ҳамчун иттифоқ анҷом медиҳанд. Дар бисёр оятҳои Қуръон, Худованди мутаъол мӯъминонро фармон медиҳад, ки аввал ба Ӯ итоат кунанд ва пас аз он ба Паёмбар (с) амр фармудаанд, ки ба онҳо итоат кунанд.  Дар Қуръон: ояти "Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва ба Паёмбар итоъат кунед" такрор шудааст. Итоат ба Худо ин итоат ба Қуръон аст.  Итоат ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) итоат ба шахс дар вақти зинда будан ва пайравӣ ба суннати ӯ пас аз марг аст.

Масъалаи нигоҳ доштани тозагии суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бо дурӯғ омезиш надодани он ҳамеша аз муҳимтарин вазифаҳои уммати мусалмон будааст. Дар ин кори муборак ва масъулиятнок, олимони содиқтарин ба кор шурӯъ карданд.  Онҳо уҳдадор шуданд, ки суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз ривоятҳои боэътимод ва одилона гирифта, пок будани онро исбот кунанд.  Дар роҳи иҷрои ин ҳадаф, онҳо дар таърихи инсоният як кори бесобиқаи нозук, боэътимод ва покро анҷом доданд.

Яке аз муҳаддисини машҳури олами Ислом ва аз ҷумлаи  соҳибони сиҳоҳи ситта, олими нотакрори ҷаҳони Ислом ва фарзанди фарзонаи халќи тољик Имом Тирмизӣ мебошад. Номи пурраи ӯ Муҳаммад ибни Исо ибни Савра ибни Мӯсо ибни аз-Заҳҳок Абӯ Исо ас-Сулламӣ аз-Зарир ал-Буғӣ ат-Тирмизӣ буда, соли 209 ҳиҷрӣ (824 мелодӣ) дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар деҳаи Буғ (ҳозира деҳае дар ҳудуди ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон) дар оилаи миёнаҳол ба дунё омадааст. Муаррихи шинохтаи Осиёи Марказӣ Абӯ Саъд Абдулкарими Самъонӣ (1113-1167) қайд мекунад, ки Тирмизӣ дар деҳаи Буғ вафот мекунад. Аз ин рӯ, бо тахаллуси Буғӣ низ миёни мардум маъруфият пайдо намудааст. Сабаби бо тахаллуси Зарир шинохта шудани Тирмизӣ он аст, ки олим дар охири умраш нобино шуд. Лекин сабаби дар байни омма бо номи Тирмизӣ машҳур шудани ӯро чунин шарҳ медиҳанд, ки тамоми зиндагӣ ва фаъолияти ӯ аз овони ҷавонӣ  бо шаҳри Тирмиз сахт вобастагии зич дошт. Ба ғайр аз ин, зодгоҳи олим, деҳаи Буғ ба шаҳри Тирмиз наздик буда, аз ҷиҳати маъмурӣ-идорӣ аз деҳаҳои тобеи шаҳри Тирмиз маҳсуб меёфт.

Дар сарчашмаҳо дар бораи аҳли оила ва волидони Тирмизӣ маълумотҳои дақиқ вуҷуд надорад. Таърихшиносон танҳо маълумоти зеринро дар даст доранд:  «Бобои ман аслан аз Марв буд, он кас дар замони ҳукмронии Лайс ибни Сайёр умр ба сар бурдааст, баъдан аз он ҷо ба Тирмиз кӯч мебандад». Инчунин, дар хусуси нобино будани Тирмизӣ низ дар сарчашмаҳои хаттӣ маълумотҳои гуногун зикр ёфтаанд. Баъзе муаллифон менависанд, ки ӯ нобинои модарзод аст. Аммо таърихшиносони дигар чунин ақида доранд, ки чашми олим баъдан, дар авохири умраш нобино шудааст.  Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Имом Тирмизӣ баъди вафоти устози худ Имом Бухорӣ аз муҳаббати бисёр нисбат ба ӯ гиряи зиёд кард ва ин гиряҳо сабаб шуданд, ки дар охири умр Имом Тирмизӣ нобино шавад.

Имом Тирмизӣ бо сабаби он ки аз ҷавонӣ бениҳоят серғайрат, соҳибхирад ва заковати баланд дошт, аз ҳамсолони худ фарқ мекард. Завқу шавқи илмомӯзии ӯ боис гардид, ки аксарияти илмҳои замони худ, махсусан, илми ҳадисро мукаммалтар аз худ намояд. Ӯ аз ҷумлаи он олимонест, ки асарҳои уламо ва муҳаддисҳои маъруфи шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанд, Марв ва олимони дигар шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказиро бо завқу шавқи баланд омӯхта, дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо уламои шаҳрҳои ҳамсоя - Балху Ҳайратон нақши боризе дошт.

Тирмизӣ аз овони ҷавонӣ ба илм рағбати зиёд дошт ва ҳамин ҷиҳат буд, ки аз соли 850, яъне аз синни бисту шашсолагӣ ба мамолики дуру наздик, ба як қатор кишварҳо ва шаҳрҳои хориҷӣ сафар кунад. Аз ҷумла, ӯ дар Ҳиҷоз, Маккаю Мадина, Ироқ, якчанд шаҳрҳои Хуросон бо бисёр муҳаддисон ва уламо ҳамсуҳбат шуда, аз онҳо таълим мегирад, дар мунозираву мубоҳисаҳои баҳсангези илмӣ иштирок мекунад. Ба таъкиди муаррих Шамсуддини Заҳабӣ, Тирмизӣ ба Мисру Шом сафар кардааст, аз ҳамин боис низ аз олимони ин кишварҳо бавосита ҳадисҳо ривоят кардааст. Дар давоми сафарҳои бисёрсолаи худ Тирмизӣ на танҳо аз илми ҳадис, ҳамчунин, соҳаҳои мухталифи илми қироат, баён, фиқҳ, таърихро, ки аз хурдсолӣ ба онҳо таваҷҷуҳ дошт, омӯхтааст.

Дар баробари ин, Имом Тирмизӣ ба ҷамъоварии аҳодиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳамияти калон медиҳад. Дар ин ҷода ӯ ба ҳамаи машаққати кор тоб меорад. Ӯ ҳадисеро, ки худ бевосита хондааст ва ё аз ровие шунидааст, ба коғази алоҳида навишта, баъд аз ҳосил намудани боварии комил ба саҳеҳии аслу исноди онҳо ба варақи махсус қайд мекард. Он ҳадисҳоеро, ки дар ӯ нисбати саҳеҳии он шубҳаро ба вуҷуд оварда буданд, онҳоро дар алоҳидагӣ дар авроқи махсус менавишт. Ҳамон тариқ, ҳадисҳо ба навъҳои саҳеҳ (дуруст, боваринок), ҳасан (хуб, маъқул), заиф (суст, номуътамад), ғариб (камёфт) ҷудо шудаанд.

Дар ҷодаи аз худ намудан ва такомули илми ҳадис Имом Тирмизӣ аз муҳаддисони машҳури замони худ сабақ омӯхтааст. Имом Бухорӣ, Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абӯ Довуд, Қутайба ибни Саид, Исҳоқ ибни Мусо, Маҳмуд ибни Ғилон, Саид ибни Абдурраҳмон, Муҳаммад ибни Башшор, Алӣ ибни Ҳаҷар Марвазӣ, Аҳмад ибни Муниъ, Муҳаммад ибни ал-Мусанно, Суфён ибни Вақиъ ва дигар ҳадисдонҳои маъруфи давр аз устодони Тирмизӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷиҳати фазлу эҳтироми Тирмизӣ сухани Имом Бухорӣ ба Имом Тирмизӣ кофист:  “Он чизе, ки ман аз шумо баҳра бурдам, бештар аз он чизе аст, ки шумо аз ман омӯхтед”.

Имом Тирмизӣ ҳамчун муҳаддиси бузурги даври хеш шогирдони зиёдеро тарбия мекунад. Мақҳул ибни Фазл, Муҳаммад ибни Маҳмуд Анбар, Абӯ ибни Муҳаммади Насафӣ, Ҳаммод ибни Шокир, Хайсам ибни Кулайби Шошӣ, Аҳмад ибни Юсуфи Насафӣ, Абул-Аббос Муҳаммад ибни Маҳбуб Маҳбубӣ барин олимони бузург аз илми Тирмизӣ баҳраманд гардида, шогирдони ӯ буданд. Тавре дар боло зикр шуд, дар байни устодон ва шогирдони муҳаддис Тирмизӣ намояндагони кишварҳои мухталиф ва халқиятҳои гуногун буданд. Аз ин нуқтаи назар, аз замонҳои қадим дар ҷодаи рушду пешрафти илму дониш ва коштани тухми маърифат дар замири башарият намояндагони мамолики гуногуни ҷаҳон бо фаъолияти якдилона ҳамкории пурсамар намуда, дар роҳи равнақ додани арзишҳои умумибашарӣ бо рўҳияи байналмилалии воқеӣ фаъолият бурдаанд. Ин амал барои имрӯз низ шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст.

Дар хусуси зеҳни тез, хотираи қавӣ ва қобилияти нотакрори Тирмизӣ дар манобеи таърихӣ мисолу ривоятҳои фаровон оварда шудааст. Аз ҷумла, таърихшиноси араб Шамсуддини Заҳабӣ (1274-1347) дар асари худ бо номи «Тазкират ул-ҳуффоз» («Тазкира дар бораи ҳофизон») ҳикояи зеринро менависад: Абӯ Исо Муҳаммади Тирмизӣ зимни сафари ҳаҷ ба Макка дар роҳ бо муҳаддисони бузург мулоқот мекунад ва аз яке аз онҳо хоҳиш мекунад, ки аз илми ҳадис таълим бидиҳад. Он олим мегӯяд, ки коғазу қалам ба даст бигирад. Дар ҳамон вақт Тирмизӣ қалам ёфта наметавонад ва дар рӯ ба рӯйи олим нишаста худро чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ҳадиси ровиро навишта истода бошад. Олим бошад аз аҳодиси мухталиф наздики ҳафтод ҳадисро ҳикоя мекунад. Дар ин байн чашми олим ба коғази дар дасти Тирмизӣ буда меафтад ва мебинад, ки дар он ягон чиз навишта нашудааст. Аз ин амали Тирмизӣ олим ба хашм меояд. Тирмизӣ ҳамон дам бо майли хотир «Он ҳадисҳоеро, ки шумо ҳикоя кардед, аз ёд бигӯям?», - гуфту аҳодиси худи ҳозир аз тарафи олим нақлшударо пай дар ҳам такрор бигуфт. Хотираи қавии Тирмизӣ ин олимро ба ҳайрат овард ва олим ба ин қобилияти нодири ӯ таҳсин хонд.

Дар ин хусус боз як ҳикояе ҳаст, ки бар асоси гуфтаҳои Тирмизӣ нақл шудааст: Ҳангоми сафар ба Макка аз ҳадисҳои ҷамъовардаи шайхе ду пора навишта гирифта будам. Иттифоқо бо ҳамон шахс дар ҷое вохӯрдем. Ҳадисҳое, ки ман навишта гирифта будам, мазмунан ба онҳо монандӣ дошт, вале дигар аҳодис будаанд. Баъд аз салому алайк аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳадисҳоро аз забони худи ӯ бишнавам. Ӯ розӣ шуд ва ба нақли ҳадис даромад. Сипас ба ман нигоҳ карду коғази тозаи дар дасти ман бударо, яъне коғазе, ки ҳеҷ чиз навишта набуд, диду «Бо ин кирдорат аз ман шарм намедорӣ?», - гуфт. Ман бо маъзаратхоҳӣ тамоми ҳақиқати ҳолро фаҳмондам, «Ҳамаи он ҳадисҳоеро, ки аз ҷониби шумо ҳикоя шуданд, аз ёд медонам», - гуфтам ва онро пайи ҳам калима ба калима такроран нақл кардам. Дар шайх нисбати суханони ман нобоварӣ пайдо шуд: «Чӣ, пеш аз он ки ба назди ман биёӣ, онҳоро махсусан аз ёд кардӣ?», - гуфт. «Не», - гӯён ҷавоб дода: «Агар ба суханони ман боваратон наояд, дигар ҳадисҳоро бигӯед», - гуфтам. Пас, ӯ аз ҳадисҳои ғароиби худ наздик ба чил тояшро ҳикоя кард. Ман ба ӯ онҳоро низ аз аввал то охир пайдарпай нақл намудам. Ҳамин вақт ӯ: «Аввалин нафареро мебинам, ки ҳадисҳои нахустин бор шунидаашро комилтар нақл карда бошад» - гуфт.

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ истифода мебарад. Дар ин бора Имом Тирмизӣ дар китоби худ таҳти унвони «Ал-Илал» низ маълумот додааст. Теъдоди зиёди таснифот, аз ҷумла, асари машҳури Тирмизӣ «Ал-Ҷомеъ» низ пас аз бозгашт ба ватан таълиф ёфтаанд. Имом Тирмизӣ соли 892 дар наздикии Тирмиз, деҳаи Буғ вафот карда ва дар ҳамон ҷо дафн шудааст.

ОСОРИ ТИРМИЗӣ

Имом Тирмизӣ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш як қатор асарҳои динӣ навиштааст, ки теъдоди онҳо зиёда аз даҳ ададро ташкил медиҳанд. Дар байни мероси адабии ӯ, бешубҳа, асари «Ал-Ҷомеъ» аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ин асар бо номҳои «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» («Маҷмӯаи муътамад»), «Ал-Ҷомеъ ал-кабир» («Маҷмӯаи бузург»), «Саҳеҳ ат-Тирмизӣ», «Сунан ат-Тирмизӣ» («Суннатҳои ат-Тирмизӣ») мавриди истифода қарор гирифта мешавад.

Асари дигари калонҳаҷми муаллиф «Аш-шамоил ан-Набавия» («Фазилатҳои махсуси Пайғамбар (с)») ном дорад, ки дар баъзе сарчашмаҳо «Аш-шамоил ал-Муҳаммадия», «Аш-шамоил фи шамоил ан-Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам» низ номида мешавад. Ҳамчунин, асарҳои «Китоб ат-таърих», «Китоб ал-илал ас-сағир ва ал-илал ал-кабир», «Китоб уз-зуҳд» («Китоб дар бораи тақво»), «Китоб ал-асмо вал-куняҳ» («Китоб дар бораи ном ва лақабҳои ровиён»), «Ал-илал фил-ҳадис» («Дар бораи нуқсонҳо ва мушкилот дар аҳодис»), «Рисола фил-хилоф вал-ҷадал» («Рисола дар бораи ихтилоф ва мубоҳисаҳо дар аҳодис»), «Асмо ус-саҳоба» («Номҳои саҳобагони Пайғамбар (с)») низ ба қалами Имом Тирмизӣ тааллуқ доранд.

Аз байни осоре, ки аз ҷониби Имом Тирмизӣ офарида шудаанд, «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» («Маҷмӯаи муътамад») нақши калидӣ дорад. Ин асар, тавре дар боло ишора рафт, бо номҳое чун «Ал-Ҷомеъ ал-кабир» («Маҷмӯаи бузург»), «Саҳеҳ-ат-Тирмизӣ», «Сунан-ат-Тирмизӣ» («Суннатҳои ат-Тирмизӣ») ҳам машҳур аст. Аллома ибни ҳаҷари Асқалонӣ менависад, ки Тирмизӣ ин асарро соли 270 ҳиҷрӣ (884 мелодӣ), яъне пас аз андӯхтани таҷрибаи зиёд дар ҷодаи илму маърифат, баъди ноил шудан ба дараҷаи имоматӣ навишта ба итмом мерасонад.

Дастнависҳои асари мазкур дар як қатор шаҳрҳои мамолики хориҷӣ маҳфуз аст. Ба сифати маъхази муътамади динӣ «Ал-Ҷомеъ-ас-саҳеҳ» чандин маротиба ба нашр расидааст. Барои мисол, соли 1283ҳ  (1866м) дар Митоҳ, соли 1292ҳ (1875м) дар шаҳри Ќоҳира, ҳамчунин, соли 1980 дар Байрут «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» интишор мегардад. Ба ин асари ҳаётан муҳими Тирмизӣ шарҳҳои зиёде низ навишта шудааст, ки яке аз он шарҳҳо аз имом Абу Бакр Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Ашбилӣ (вафоташ соли 543 ҳиҷрӣ, 1148 мелодӣ) мебошад. Ин шореҳ бо номи ибни ал-Арабӣ дар байни ҷомеа маҳбубият касб кардааст. Ӯ дар асари худ бо номи «Оризат-ал-Аҳвазӣ ала китоб ат-Тирмизӣ», ки аз 13 ҷузъ (қисм) иборат аст, китоби «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ»-и Тирмизиро шарҳ намудааст.

Ба ғайр аз инҳо, шарҳҳои форсии «Шарҳ Сунан ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад ибни Абдуқодир Абдут-Таййиб ал-Маданӣ, «Таҳқиқ ва шарҳ Ҷомеъ ат-Тирмизӣ»-и Аҳмад Муҳаммад Шокир (аз даҳ ду қисмаш соли 1937 аз тарафи Мустафо ал-Бобӣ ал-ҳалабӣ нашр шудааст), «Маорифус-сунан шарҳ сунан ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад Юсуф ал-Баннурӣ (қисми аввали он соли 1963 дар Покистон ба табъ расидааст), «Шарҳ Сунан ат-Тирмизӣ»- Сироҷ Аҳмад ас-Сарҳандӣ, ҳамзамон, «Ал-кавкаб ад-дурий ала ат-Тирмизӣ»-и Рашиб Аҳмад ал-Гангуҳӣ (ҷойи интишор ҳиндустон), «Ал-Урф аш-шазий ала Ҷомеъ ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад Анваршоҳ ал-Кашмирӣ (ин асар аз ду ҷузъ иборат аст ва дар ҳиндустон ба нашр расидааст) ва дар охир «ҳошия ала сунан ат-Тирмизӣ»-и Абул-ҳасан Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ ас-Синдӣ (соли фавт 1138) аз ҷумлаи шарҳое  мебошанд, ки бевосита ба асари «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ»-и имом ат-Тирмизӣ бахшида шудаанд.

Асарҳои Абу Исо ат-Тирмизӣ имрӯз низ арзиши гаронбаҳои худро гум накардаанд. Аҳодиси шариф, ки дар осори ӯ, амсоли “Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ” ва “Аш-шамоил ан-Набавия” оварда шудаанд, аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, одамонро ба ҳалолкорӣ, одилӣ, имондориву эътиқотмандӣ, покизагӣ, меҳнатдӯстӣ, раҳмдилӣ, ҳурмату эҳтироми волидон, занону бонувон ва ғайра водор мекунанд.

Ба туфайли таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи зиндагии шахсӣ ва эҷодиёти сермаҳсули муҳаддиси машҳур Абу Исо Тирмизӣ гувоҳи он мешавем, ки бештари фазилатҳои ибратомӯзи ниёгони бузургворамон барои насли имрӯз ҳамчун намуна аст. Пеш аз ҳама, сазовори таҳсин аст, ки Тирмизӣ аз ҷавонӣ илму донишро бениҳоят дӯст медошт, шавқу завқи зиёд ҷиҳати азхудкунии илмҳо, дар ин росто ба тамоми мушкилӣ тоб оварда, ҷидду ҷаҳд барои расидан ба мақсад, яъне баланд бардоштани заковати хеш буд, ки ӯро то ба ин зинаи камолоти маърифату маънавиёт раҳнамун шуд.

Чунон ки  дар манобеи хаттӣ зикр мешавад, илми ҳадисшиносӣ аз нимаи дувуми қарни ҳашт то миёнаҳои асри ёздаҳ ба дараҷаи яке аз машғулиятҳои асосӣ ва зарурӣ табдил ёфта буд. Дар ин давра аз мамолики  гуногуни Шарқ зиёда аз чорсад муаллиф бо маҳз ҳамин илм (ҳадисшиносӣ) шуғл меварзиданд.

Ҷойи таъкид аст осори пурбаҳои Имом Тирмизӣ дар тарбияи ахлоќии љоме нақши бориз мегузоранд. Осори Имом Тирмизӣ танҳо маҷмӯи илмҳои диниро дарбар нагирифтааст, балки онҳо роҷеъ ба илмҳои дунявӣ маълумотҳои зиёде медиҳанд. Масалан, дар шоҳасари ӯ “ал-Ҷомеъ” оид ба таърих, мантиқ, ҳуқуқшиносӣ, табобат, зироат ва ғайра маълумотҳои пурарзиш дарҷ ёфтааст. Аз ин нигоҳ омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи зиндагии шахсӣ ва мероси ғании маънавии гузаштагони бузургонамон ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз назари амалӣ аҳамияти бузург дорад. 

ҳомидов Абдулвоҳид-мутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

28.12.2024

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:17
Maghrib17:15
Isha18:45
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More