Home Articles ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБЎМАНСУРИ МОТУРИДӢ

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБЎМАНСУРИ МОТУРИДӢ

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБЎМАНСУРИ МОТУРИДӢ
2022-03-09
1760

Шайх Абўмансури Мотуридӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳаби ҳанафӣ дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ва берун аз он ба шумор меравад. Ў дар Мотурид, ки яке аз деҳаҳои Самарқанд аст, таваллуд шудааст. Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи соли таваллуди ў маълумоти тахминӣ оварда шудаанд. Масалан, маълум аст, ки ў дар замони халифаи Аббосӣ Мутаваккил (232-247ҳ.) зиндагӣ кардааст. Инчунин, бо назардошти он ки аз устодоне чун Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ (ваф. 248 ҳиҷрӣ) ва Носир ибни Яҳёи Балхӣ (ваф. 268 ҳ.) таълим гирифтааст, метавон гуфт, ки соли таваллуди Шайх дар ҳудуди солҳои 238 ё 248-уми ҳиҷрӣ будааст. Насаби ў ба Абўайюби Ансорӣ, ки мизбони Расули акрам (с) буд, мерасад.  Номи пурраи ӯ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ аст. Мотурид номи яке аз деҳаҳои назди Самарқанд аст. Аз рӯи маълумоти маъхазҳо сабаби ном гирифтани ин деҳа он буда, ки Шайх Абўмансур вақте ба илми илоҳиёт рў овард, шумораи шогирдонаш зиёд мешуд ва ҳангоми баҳсу мунозира кардан аз ҳамдигар ба забони арабӣ «мо турид?», яъне “чӣ мехоҳӣ?” гуфта мепурсиданд. Чун ин вожа бештар маъмул шуд, шогирдони Шайхро мотуридӣ ва деҳаро Мотурид номиданд. (Зарнуҷӣ, “Таълиму-л-мутааллим”).

Муътамадтарин маълумот дар бораи санаи вафоти ў соли 333-уми ҳиҷрӣ мебошад, ки ба соли 944-уми милодӣ рост меояд.

Соҳибони тазкираҳо Абўмансури Мотуридиро бо унвонҳои илмии зиёде ҳамчун Имому-л-ҳудо, қудвату аҳли-с-суннат, мусаҳҳиҳу ақоиди-л-муслимин, имому-л-мутакаллимин, рабибу аҳли-с-суннат, ал-имомуз-зоҳид, аш-шайху-л-имом ѓайра ном бурдаанд, ки баёнгари ҷойгоҳи волои ў дар мазҳаб мебошад. Абўмансури Мотуридӣ аз устодон ва донишмандони зиёде, ки худи онҳо шогирдони Имоми Аъзам Абўҳанифа ва ё шогирдони шогирдонаш будаанд, дарс омўхтааст. Аз ҷумла:

1. Абунасри Иёзӣ (Аҳмад ибни Аббос). Ў назди Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷузҷонӣ таҳсил кардааст. Шайх Абумансур низ дар дарси фиқҳ бо Абунаср ҳамроҳӣ мекард.

2. Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ. Ӯ қозии шаҳри Рай, шогирди Абўҳанифа Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ буд. Муҳаддиси маъруф аз саҳобаи ҳазрат (р) ва дигарон ҳадис ривоят кардааст. Имом Бухорӣ низ аз ӯ ҳадисе шунидааст. Ҳоким Тирмизӣ низ аз ӯ ҳадис ривоят кардааст. Дар бораи санаи вафоташ тазкираҳо солҳои 248 ё 242-уми ҳиҷриро нишон додаанд.

3. Абӯбакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷузҷонӣ. Дар мавриди он ки номи бобояш Субҳ аст ё Субайҳ, таърихнигорон ихтилофи назар доранд. Абубакри ҷузҷонӣ аз Абусулаймони ҷузҷонӣ, яке аз шогирдони Абўҳанифа, ки дар назди Муҳаммад ибни ҳасан таҳсил кардааст, таълим гирифтааст. Ў соли 268-уми ҳиҷрӣ вафот карааст.

4. Носир ибни Яҳёи Балхӣ. Ӯ низ аз уламои фиқҳ ва калом дар мазҳаби ҳанафист.

Абумансури Мотуридӣ дар тўли ҳаёти пурбаракати худ мазҳаби ҳанафиро ривоҷу равнақ дода, дар баробари ин шогирдони бисёреро ба воя расондааст. Дар зайл бархе аз шогирдони маъруфи ў зикр мекунем.

1. Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил ибни Зайди қозӣ маъруф ба ҳакими Самарқандӣ (в. 335 ё 342 ҳ. дар қабристони Чокардиза) . Ӯ яке аз бузургтарин шогирдони Шайх Мотуридӣ буда, илми тасаввуфро аз уламои Балх ва илми фиқҳу илоҳиётро аз Шайх Абўмансур гирифтааст. Муддати дароз дар Самарқанд қозӣ буд. Машҳуртарин осори ӯ «Саводи Аъзам» ва «Имон» мебошанд.

2. Алӣ ибни Саиди Рустуѓфании Самарқандӣ. Ў дар илми фиқҳу усули ҳанафӣ машҳур аст. Байни ў ва устодаш Шайх Мотуридӣ дар бораи иштибоҳи муҷтаҳид ихтилоф вуҷуд дошт. Муаллифи осори «Иршоду-л-муҳтадӣ», «Аз-завоид вал-фавоид», «Ал-асъила ва-л-аҷвиба», «Баёнус-суннати вал-ҷамоъа» мебошад. Дар соли 350 ҳ./961м. вафот кардааст.

3. Абдулкарим ибни Мусо ибни Исои Баздавӣ. Ў асосан дар илми фикҳ машҳур буд. Аз авлоди ў донишмандони бузурги мотуридӣ ба дунё омадаанд. Масалан, Абулюсри Баздавӣ (в. 493 ҳ. /1100 м.) ва Абулҳасани Баздавӣ (в. 482 ҳ. / 1089 м.) аз ҷумлаи онҳоанд. Худи ў соли 390 ҳ /999 м. вафот кардааст.

4. Ибни Абунаср Аҳмад ибни Аббоси Иёзӣ. Ӯ писари Абунасри Иёзӣ, устоди Абумансур аст.

5. Абу Абдурраҳмон ибни Абуллайси Бухорӣ. Илми калом ва фикҳро аз Абумансур гирифтааст.

 

Асарҳои Абўмансури Мотуридӣ

1. Таъвилоти аҳли  суннат. Ин тафсирро метавон шоҳасари Мотуридӣ номид. Дастнависҳои ӯ дар китобхонаҳои Миср, Макка, Димишқ, Ҳиндустон, Туркия ва Тошканд маҳфузанд. Нусхаҳои Тошканд тақрибан 700 сол пеш нусхабардорӣ шудаанд. ҷилди якуми асар дар Миср чоп шудааст. Алоуддин Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ бар ин тафсир шарҳе навишта, вале дастнависи он ҳанӯз нашр нашудааст.

2. Китоби Тавҳид. Муҳимтарин асар оид ба илми илоҳиёт ба шумор меравад. Он сарчашмаи аввалин ва аввалиндараҷаи тамоми осори ақидаи мотуридӣ маҳсуб мешавад.

3. Шарҳи Фиқҳи акбар. Ин китоб аввалин асар оид ба шарҳи ақидаи Абуҳанифа мебошад. Бархе аз уламо мегӯянд, ки ин шарҳ ба Шайх Мотуридӣ тааллуқ надорад, балки ба Абуллайси Самарқандӣ мансуб аст.

4. «Рисола фи-л-ақида». Ин асар соли 1953 дар Анқара нашр шудааст.

5. «Рисола фи-л-имон».

6. Ал-Мақолот.

7. «Баёну ваҳмил-муътазила».

8. «Радду таҳзибил-ҷадал».

9. «Радду ваидил-фуссоқ».

10. «Радду авоилил-адилла».

11. «Радду-л-усулу-л-хамса».

12. «Ар-радду ала-л-қаромита».

13. «Радду-л-имом».

14 «Маъхазу-ш-шариат».

15. «Китобу-л-ҷадал».

Назарияи миёнии мотуридия

Навиштаҳои Шайх гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ аз намояндагони барҷастаи уламои ҳанафӣ таҳсилоти динӣ гирифтааст. Дар замони Шайх Абӯмансури Мотуридӣ уламои ақида ба ду сарчашмаи асосӣ, яке оёту ҳадису иҷмоъ ва иҷтиҳоди саҳобагону тобеин, дуюм далелҳои ақлӣ такя мекарданд. Шайх Абўмансур далелҳои ақлиро бо далели нақлӣ ва ривоятӣ пайваста ва сипас аз онҳо хулоса мебаровард. Баҳсҳои ақлӣ ба фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ дахл дорад. Бештари уламои салаф ин далелро эътироф накарданд, балки танҳо бо далели нақлӣ иктифо кардаанд. Аммо Мотуридӣ ҳардуро бамаврид истифода бурда, роҳи миёнаро ихтиёр кардааст. Дар воқеъ, ҳеҷ кас наметавонад инкор кунад, ки барои хуб дарк кардани далелҳои нақлӣ донистани далелҳои ақлӣ низ зарур аст. Бо назардошти он ки тавоноии ақл низ маҳдуд аст, Шайх дар бисёр ҷойҳо баҳс мекунад, ки ақли инсон дар дарки бисёр ҳақиқатҳо қодир нест. Дар баробари ин таъкид мекунанд, ки ақл бузургтарин неъмати беҳамтоест, ки Худованд ба инсон ато кардааст ва бояд аз он оқилона истифода кард.

Ба мамин тартиб Шайх Абўмансури Мотуридӣ барои муқобила ва радди афкори аҳли бидъат маҷбур буданд аз равиши онҳо истифода кунанд. Зеро, аксари онҳоро танҳо қиёсҳои ақлӣ метавонист рад кунад. Пас, ба таври хулоса метавон гуфт, ки Шайх Абўмансури Мотуридӣ ақл ва нақлро ҷамъ карда, нақлро бар ақл муқаддам кардаанд, зеро асоси ақида умури ѓайбист, ки роҳи расидан ба он ваҳй аст, на ақл. Ихтилоф дар илми аҳком раҳмат аст, вале ихтилоф дар илми тавҳид ва усули дин залолат ва бидъат аст, хато дар илми аҳком бахшида шудааст, балки муҷтаҳид дар хатояш аҷр дарёфт мекунад, дар ҳоле ки хато дар ақида куфр ва гуноҳ аст.

Бояд бидонем, ки манҳаҷи Имом Абўҳанифа (р), ки манҳаҷи салафи солеҳин аст, роҳи солим аст. Дар баробари ин мо бояд бузургонеро, ки барои дин хидмат кардаанд, эҳтиром ва қадр намоем. Эътиқоди имомони мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дар масоили усули дин, ѓайр аз масъалаи имон ҳамон китобест, ки бар он Китобу суннат далолат мекунад ва мавқеи саҳобаву тобиъин мутобиқи он аст.

Ҳомидов Абдулвоҳид-мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Омузгори калони ДИТ

Pray time in Dushanbe

28.12.2024

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:17
Maghrib17:15
Isha18:45
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More