Home Articles ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ ОХИРИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ ОХИРИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ ОХИРИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН
2022-04-21
2287

Ҳамду сано Аллоҳ таъолоро, дуруду саломи бепоён ба Расули акрам (с) ва олу асҳоб ва пайравони ў бод.

Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густурдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад, соҳибхона ба ў лутфу навозиши бештар хоҳад дод. Дар ҳақиқат рўзҳо ва шабҳои моҳи Рамазон қадру манзалати бузуpгe доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки амалҳо дар ин шабу рўз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали нек, ки сабаби наздик шудан ба Худост, бахшида мешаванд. Мувофиқи матлаб аст, ки чанд сухане аз фазилати даҳ рўзи охири Рамазон ва он амалу ибодате, ки Паёмбар (с) хусусан дар ин моҳ анҷом медоданд: монанди зиндадории тамоми шаб, бедор намудани аҳлаш, кўшишу ҷаҳд дар анҷоми амалҳои нек, хўрдани он чи бештар қувватбахш аст, ва он чи ки ба фазилати ин шабҳо далолат мекунад аз риояи тозагӣ, ғусл намудан, хушбўӣ кардан, пўшидани либосҳои беҳтар, намозҳои таҳаҷҷуд, нафл, зикр, дуъо ва фазилати қироати Қуръон, баён кунем.

Вақте фаҳмидем, ки даҳ рўзи охири ин моҳ беҳтарини рўзҳо ва шабҳо ҳастанд, бояд чунин бошад, ки мо дар ибодат кўшиши бештаре дошта бошем ва ин вақти қимати худро зоеъ нагардонем. Дар мавзўъи даҳ рўзи охири ва фориғ гардидан барои ибодат ва қатъи алоқа аз дунё ва аҳли он. Ба ростӣ, ки бештари мардуми мо аз манофеъи хеш ғофиланд ва шабҳояшонро ба гуфтугузорҳои бефоида ва сайругашт дар хиёбонҳо ва нишастан дар нишастгоҳҳо мегузаронанд. Мақсад аз гуфтаҳои боло огоҳ намудани шахсонест, ки ин мавсими бузургро зоеъ мекунанд. Худованд худ ҳидояткунанда аст ба роҳи рост ва дуруду салом бар Муҳаммад ва олу асҳоби ў бод!

Дар ривоят омадааст, ки: «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи Рамазон кушода мешавад ва то охирин шаби ин моҳ баста намешавад». Рамазон моҳи дуъову ибодат асту баҳори Қуръон. Тамоми рўзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр аст. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд. Борҳо аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷў кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рўзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.

Худи Расули акрам (с) дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ намуда, дар масҷид ба эътикоф менишастанд.

Модоме ки шаби Қадр ин ҳама фазилату баракат дорад, мўъмини зирак аз ҳар лаҳзаҳои он барои расидан ба савоби илоҳӣ истифода мекунад. Барои шабе, ки умед меравад шаби Қадр бошад, аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилати савоби зиёде доранд:

1. Ғусл. Мустаҳаб аст, ки наздикиҳои ғуруби офтоб ғусл намоӣ.

2. Хондани намоз.

3. Шабзиндадорӣ, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар кас аз рўи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзоранд, гуноҳони гузаштаааш омурзида мешавад».

4. Тавбаву истиғғфор. Аз сидқи дил аз гуноҳҳои худ пушаймонӣ кунем ва аз Худо омурзиш биталабем, ки Ў бисёр тавбапазир аст.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ боз ой.

5. Тиловати Қуръон. То метавонем Қуръон бихонем, ки дилҳоро равшанӣ мебахшад.

Агар дилдодаи аҳли вафоӣ,

Агар аҳли сафои Мустафоӣ.

Биё то рўзу шаб Қуръон бихонем,

Ки дил гирад зи нураш рўшноӣ.

6. Дуъо.

Барои падару модар ва барои ҳамаи мўъминон дуъо кунем. Дуъо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуъо ба мо назар мекунад. Ў худ фармудааст: «Маро бо дуъо бихонед, ман дуъои шуморо иҷобат мекунам».

Дар даҳаи охири Рамазон панҷ чиз мустаҳаб аст ва бар он таъкид шудааст:

1. Зинда доштани ҳамаи ин даҳ рўз;

2. Зиёд кўшиш намудан дар ин рўзҳо;

3. Изҳор намудани қувват дар итоъат;

4. Дурӣ ҷустан аз шаҳват ва лаҳзатҳои нафсонӣ дар ин рўзҳо;

5. Эътикоф нишастан.

Зинда доштани шабҳо дар даҳаи охири Рамазон

Хислати авввал ин зинда доштани шабҳо аст ва далел бар он амали Паёмбар (с) мебошад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Оиша (р) ривоят шудааст: «Чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Расулуллоҳ (с) шабҳоро зинда дошта, хонаводаашро бедор мекард ва бисёр кўшишу ҷиддият менамуд». Инчунин дар ҷои дигар аз модарамон Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Расулуллоҳ (с) бист рўзи ибтидои Рамазонро бо намозгузорӣ ва хобу истироҳат мегузаронид, чун даҳаи охир фаро мерасид, дар он кўшишу ҷиддият менамуд».

Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Расули акрам (с) чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, ҷойгоҳи хобашро ҷамъ карда як сў мегузоштанд».

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо мустаҳаб аст ин бедор намудани аҳли хонавода аст. Паёмбар (с) тавре, ки дар ҳадиси Оиша (р) баён шуд дар ин шабҳо аҳлашро барои намозгузорӣ бедор менамуданд. Дар зери калимаи аҳл зану фарзандон дохил мешаванд. Пас, барои мусалмон мустаҳаб аст, ки аҳли оилаашро дар ин шабҳо ба хотири намозгузорӣ бедор кунанд ва фазли ин шабҳоро барояшон баён кунад. Асҳоби киром (р) ҳатто дар ғайри Рамазон аҳли оилаашонро бедор мекарданд. Умар (р) ҳар вақте ки охири шаб фаро мерасид, ҳамаи аҳлаш хурду калонро, ки тавоноии гузоридани намозро доштанд, бедор мекард ва ин фармудаи Худоро мехонд:

«Касони худро ба намоз бифармо ва бар адои он шикебоӣ кун». (Сураи Тоҳо, ояти 132)

Оятеро, ки барои намозҳои фарз аст, барои адои навофил ёдрас мекард ва меовард. Ин далел бар муҳаббати саҳоба ва бузургони гузашта ба корҳои хайр аст. Биноан, он чи гузаштагони мо мекарданд, бар мо лозим меояд, ки занону фарзандонамон ва касонеро, ки дар зери сарпарастии мо ҳастанд, бедор намоем, то ин шабҳои бузургро, ки ҳамагӣ нўҳ-даҳ рўзанд, ғанимат шуморем ва аз он истифода барем. Дар бедор намудани мард завҷаашро ва акси он Паёмбар (с) фармудаанд:

«Худо раҳмат кунад мардеро, ки нисфи шаб бархоста, намоз мегузорад ва ҳамсарашро ҳам бедор мекунад ва агар мухолифат варзид, ба рўяш об мепошад ва Худо раҳмат кунад занеро, ки дар шаб бархоста, намоз гузорида шавҳарашро бедор менамояд ва агар имтиноъ варзид, ба об мепошад».

Дар ҳадиси дигаре омадааст:

«Ҳар гоҳ марде хонаводаашро аз тарафи шаб бедор кард ва марде хонаводаашро аз тарафи шаб бедор кард ва ҳарду намоз гузориданд, дар қатори мардон ва заноне, ки Худоро ёд мекунанд, навишта мешаванд».

Тавре ки маълум гашт, бедор намудани аҳли хонавода дар ин шабҳо фазилати бузурге доштааст.

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо анҷом бояд дод, ин эътироф намудани банда гуноҳҳои худро ва талаб намудани афв аз даргоҳи Худованд аст. Дар ҳадисе омадааст, ки Оиша (р) аз Паёмбар (с) пурсид, ки эй Паёмбари Худо, агар шаби Қадрро дарёфтам чӣ гўям? Паёмбар (с) фармуданд:

«Бигў, эй Бор Худоё! Ту бахшандаӣ ва бахшишро дўст медорӣ, пас маро пас маро бубахш».

Афв гузашт аз гуноҳҳо аст ва маънояш талаби бахшиши гуноҳҳо, аз байн бурдани онҳо ва нобудсозии асароти онҳост. Ин далел бар он аст, ки инсон ҳарчанд амали зиёд ва корхои нек анҷом диҳад, тақсир ва кутоҳӣ дар ў вуҷуд дорад, бинобар ин талаби афв мекунад ва мегўяд:

- Эй Парвардигори ман маро бубахш, ман аз ту бахшиш мепурсам.

Дуъоҳои зиёде дар мавриди пурсиши афв ворид шудаанд, аз ҷумлаи онҳо дуъои Паёмбар (с) аст, ки мефармоянд:

«Эй бори Худоё, ба таҳқиқ ман аз Ту бахшиш, саломатии дин ва дунёамро металабам».

Баъзе аз саҳобаҳои киром (с) дуъо карда, чунин гуфтаанд:

- Эй бор Худоё! аз мо розӣ шав агар аз мо розӣ нашавӣ, пас моро бубахш. Бархе дигар аз эшон чунин мегуфтанд:

-Эй Парвардигор! Бандаи ту ба наздат омад дар ҳоле, ки гуноҳ ва хато кардааст, Парвардигоро, ўро бубахш ва саломат нигоҳаш дор, ҳароина ту беҳтарин бахшанда ҳастӣ.

Монанди ин гуфтаҳо зиёданд ва далолат бар он мекунанд, ки ҳарчанд инсон амали зиёд намояд, мақсад ва ҳадафи ў талаб намудани бахшиш ва гузашт аз гуноҳҳояш аст. Тавре ки дар ояти карима мехонем:

«Бо ин сифат буданд, ки андаке аз шаб хоб мекарданд ва ба вақт вақти саҳар эшон талаби омурзиш мекарданд». (Сураи Зориёт, оятҳои 17-18)

Ин аст ҳоли бандагоне, ки аз азоби қиёмат меҳаросанд ва барои кўтоҳию гуноҳи хеш аз Худованд талаби омурзиш мекунанд. Баъзе аз асҳоби киром (р) мегуфтанд:

Аз Худованд омурзиш металабам аз рўзаву намозе, ки мегузорам, рўзаи гирифтаам пур аз хатост ва намозам чӣ гуна намоз аст?

Эшон аз корҳои неки худ талаби омурзиш мекарданд, зеро ба ин бовар буданд, ки албатта дар он амалҳо халале ё кўтоҳие вуҷуд дорад. Бинобар ин мустаҳаб аст, ки инсон ҳамаи амалҳояшро бо истиғфор (талаби омурзиш) хатм намояд, хусусан дар ин шабҳо. Дар ҳадиси ривоят кардаи Салмон (р) фармудаи он Ҳазрат (с) ворид шудааст:

«Дар ин моҳ чор амалро бештар анҷом диҳед: ду амалест, ки бо он ризои Парвардигоратонро ҳосил мекунед ва ду амали дигаре аст, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед. Аммо ду амале, ки ризои Худоро таввасути он ҳосил мекунед, он зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва истиғфор намудан аст ва аммо ду амали дигаре, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед, ин аст, ки аз Худованд ҷаннатро талабед ва аз оташи дўзах ба Ў таъоло паноҳ баред».

Ин ҳадис ва аҳодиси монанди ин далел бар онанд, ки ҳар амалеро, ки анҷом медиҳем, мақсади мо аз он ҳосил намудани афв ва бахшиши Худост, бинобар ин охири амали мо бояд истиғфор бошад. Масалан, агар тамоми шаб ибодат кунӣ, ҳангоми саҳар бояд омурзиш талаб кунед, тавре ки Худованд мўъминонро сутудааст:

«Ва ҳангоми саҳар ҳар омурзиш металабанд». (Сураи Зориёт, ояти 18)

Ҳамаи он чизе, ки зикр кардем, аз ҷумлаи масоиле мебошад, ки бар мусалмонон амал намудан ва аҳаммият додан ба онҳо воҷиб аст. Аз Худованд талаб дорем, ки мову шуморо аз ҷумлаи қабулшудагон ва аз ҷумлаи муваффақшудагон бар амали нек гардонад, аз он чи сабаби ғазаби Ў мегардад ва аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо моро ҳифз намуда, тавфиқи амалҳои неке, ки Ў таъоло дўст медорад ва аз он хушнуд мешавад, насибамон кунад. Омин!

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More