Home Articles РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НИЗОЪҲО ДАР ОИЛА

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НИЗОЪҲО ДАР ОИЛА

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НИЗОЪҲО ДАР ОИЛА
2022-06-09
1618

    Инсон дар зиндагии худ бо сабру мулоҳиза ва тамкину таҳаммул метавонад тамоми мушкилотро паси сар намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд хашму ғазаби худро фурў бурда, дар ҳалли мушкилоти мављуда аз ақли солим истифода намояд. Барои муҳайё намудани фазои солими хонавода муносибати некбинона, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек, якдигарфаҳмӣ ва меҳрубонии байни зану шавҳар хеле муҳим аст. Муҳити орому осуда, якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром на танҳо дар пойдории оила, балки барои тарбияи фарзандони хубу хушрафтор ва боодобу бофарҳанг мусоидат менамояд. Носири Хусрав мефармояд:

Вазифаи зану мард, эй ҳаким, донӣ чист?

Якест киштиву он дигарест киштибон.

Ҳамеша духтари имрўз модари фардост,

Зи модар аст муяссар бузургии писарон.

Тавону тўшираҳи мард чист? Ёрии зан,

Ҳутому сарвати зан чист? Меҳри фарзандон.

         Дар бунёди оилаи намунавию хушбахт ва пешгирӣ аз вайроншавии он ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни зану шавҳар нақши асосӣ мебозад. Агар ин мафҳум дуруст дарк шавад, натиљаи дилхоҳ медиҳад, дар акси хол боиси муноқиша ва људошавии оила мегардад.  Таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки бештари љангу љанљол ва низоъҳои оилавӣ, ки дар ниҳояти кор боиси вайроншавии оилаҳо мегарданд, аз набудани ҳусни тафоҳум ва эҳтироми якдигар сар мезананд.

             Пойдории оила ва хушбахтии он бештар ба шавҳар ва хешу ақрабои ўро ҳурмату эҳтиром намудани зан вобастагӣ дорад. Албатта, эҳтиром ва муносибати самимонае, ки зан ба шавҳару хешовандони ў мекунад, аз љониби шавҳар низ бояд ба оилаи волидони зан ҳатман риоя гардад. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои осоишта вуљуд надорад. Дар чунин оилаҳо таъназании зан ё шавҳар ва аъзои оила, такаббуру манманӣ, боло гузоштани ҳаққу ҳуқуқи худ аз каси дигар, муносибати нодурусти арўс бо шавҳар ё хушдоман мушоҳида карда мешавад.

           Беҳтарин роҳи раҳоӣ аз муноқишаву нишонаҳои зўроварӣ дар оила хомўшона дурӣ љустан аз ҳолати ногувор ва пеш гирифтани сабру таҳаммул аст. Барои паст кардани мољарои оилавӣ, таскин додани дилҳои башўромада пеш аз ҳама дахолату маслиҳати падару модар, калонсолон ва хешу табор хеле зарур буда, яке аз вазифаҳои асосии онҳо тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани оилаҳои љавон мебошад. Аз нигоҳи равоншиносӣ сабаби ба ҳам мувофиқ наомадани феълу атвори зану шавҳари љавон номукаммал гузаштани давраи мутобиқати онҳо мебошад. Муаммоҳое, ки дар чунин оилаҳо пайдо мешавад, на танҳо мушкилоти зан, балки мушкилоти ҳамаи аъзои оила ба ҳисоб рафта, бояд бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шаванд.

            Бештари муноқишаҳои оилавӣ дар заминаи камхиради, бекорӣ, шуғл ва ҳадафи муайян надоштани аъзои оила дар зиндагӣ сар мезананд. Дар оилаи маърифатнок муноқишаҳо хеле кам сурат гирифта, агар бошад ҳам он боақлона, мусолиҳатомез ва оромона паси сар мегарданд.

           Дар оилае, ки якдилию ҳамфикрӣ ҳукмрон аст, дар он оила фарзандон љисман ва рўҳан солим тарбия ёфта, ба камол мерасанд ва чунин оиларо метавон аз оилаҳои хушбахт номид. Ҳамдигарфаҳмӣ оиларо аз муноқишаҳои беҳуда ва вайроншавӣ эмин дошта, дари хушбахтиро ба рўйи навхонадорон боз мекунад.

           Зиндагие, ки инсон ба сар мебарад, аз ғаму ғусса холӣ нест. Нафароне ҳастанд, ки дар овони кўдакӣ, наврасӣ ва љавонӣ падар ё модари худро гум карда, аз дидор ва насиҳатҳои онҳо маҳрум мондаанд. Аз мусибат, муноқишаи оилавӣ, қарздорӣ, беманзилӣ, бефарзандӣ, беморӣ, гуруснагӣ, бедонишӣ, маъюбӣ ва амсоли инҳо ранљу азият кашидаанд. Бо вуљуди ин онҳо аз мушкилоти зиндагӣ ҳаргиз наҳаросида, бо азми қавӣ сўйи мақсуд мекўшанд, шукри давру замон ва неъмати ҳастӣ намуда, мушкилоти зиндагиро бо таҳаммул ва сабру тамкин пушти сар менамоянд. Зеро сабр агарчи талх аст, меваи ширин ба бор меоварад.

          Хулоса, дар ҳама давру замон роҳи дуруст барои оилаҳои љавон шукргузорӣ, дурандешӣ ва пеш гирифтани сабру таҳаммул мебошад.           Ҳофизи Шерозӣ дар ин маврид фармудааст:

Гўянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр,

Оре, шавад, валек ба хуни љигар шавад.

          Бале, на ҳар фарде метавонад сабру таҳаммулро пешаи худ намояд, зеро, воқеан ҳам зери бори таънаву маломат, беэҳтиромию озурдагӣ на ҳар инсоне метавонад тоб биёрад, аз ин рў мегўянд: «Сабр талх аст, вале меваи ширин ба бор меорад».

          Дар ҳаёти ҳар инсон ҳолатҳои шиддати рўҳӣ, хашму ғазаб мушоҳида мегардад. Аммо идора кардани хашму ғазаб низ роҳу усулҳои худро дорад. Барои ин мо бояд чанд вақт кўшиш намоем, то рафтори худро зери назорат гирем. Сабабҳо ва сарчашмаи ғазабнок шуданро муайян кардан зарур аст. Баъди ин оҳиста-оҳиста он сабабҳоро санљида, роҳи дурусти ҳаллашонро бояд љустуљў кард.

          Ғазаб ба асабоният вобаста буда, дар вақти зарурӣ иљро нашудани ин ё он кору амал дар коргоҳ ва оила, муносибати дағалонаи атрофиён, ноҳурматӣ байни волидон ва зану шавҳар, тарбияи нодурусти фарзандон, бетартибӣ ва идора карда натавонистани фарзанд, умуман хасташавӣ ва писанд наомадани хислатҳои атрофиён сабаби хуруљи он мешавад.

            Хашму ғазабро ҳатто аз намуди зоҳирии инсон ва рафтору муносибати дағалона, кўтоҳбаёнӣ, танҳо нишастан, бисёр фикр кардан ва дигар хислатҳои ў эҳсос намудан мумкин аст. Дар чунин ҳолати рўҳию равонӣ сабаби пайдо шудани хашму ғазабро пурсон шудан нодуруст аст ва шояд ба оқибати нохуш оварад.

           Аз ин лиҳоз зан ё мард то пастшавии хашму ғазаб бояд ба якдигар имкон диҳанд, сипас бо роҳи маслиҳат масъаларо ҳаллу фасл намоянд.

          Дар бештари мавридҳо бахшидани гуноҳҳои якдигар, изҳори пушаймонӣ аз кирдори нодуруст, иқрор шудан ба рафтору гуфтори номатлуб, бахшиш пурсидан аз волидон ва ё зану шавҳар барои ба зуди аз байн бурдани хашму ғазаб таъсири хуб мерасонад.

           Дар ҳар ҳолат зану шавҳар бояд дар навбати аввал хуб дарк намоянд, ки дар кадом лаҳза хашму ғазаб бедор мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ғазаб ба фурў бурдани он кушиш намудан ба манфиати ҳар ду љониб аст. Дар муносибат бо якдигар ба назар гирифтани хусусиятҳои фардии ҳамдигар, ба монанди хислат, миљоз ва дигар хусусиятҳои равонӣ хеле муҳим аст:

Макун коре, ки пўяд роҳи қаҳрат,

Зи нокомӣ кунад дар љом заҳрат.

           Хашму ғазаб ақлро тира намуда, ҳаяљону эҳсосро боло мебарад. Агарчи хашму ғазаб зиёд тул намекашад, вале дар ҳамин муддати кутоҳ метавонад са- баби коре шавад, ки инсон аз он тамоми умр афсус бихурад. Аз ин рў инсони комил ҳаргиз дар лаҳзаи хашму ғазаб барои анљоми коре даст намезанад.

          Аҳмади Дониш дар ин маврид мефармояд: «Билљумла то ғазаб ва шаҳват мусаххари ақл набошад (яъне то ғазаб ва шаҳват ба ақл мутеъ набошанд), адл сурат набандад ва адл аз камоли ақл хезад». Хашму ғазаби зану шавҳар аз беҳурматӣ, нописандӣ, такаббуру ҳавобаландӣ ва амсоли инҳо ба миён меояд, ки инсонро ба ҳолати ҳаяљони рўҳӣ меорад. Табиист, ки дар чунин ҳолат инсон худро идора карда наметавонад ва имкон дорад, ки ба корҳои ношоям даст занад.

         Аз ин рў, шунидани панди бузургон, баҳра бурдан аз таљрибаи рўзгори онҳо, гўш додан ба ҳарфи падару модар ва ботамкину бомулоҳиза будан дар қабули қарор ва муносибати гарму хушбинона дар оила асоси хушбахтӣ ва хурсандии оила хохад буд.

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More