Home Articles ИДИ ҚУРБОН ТАҶАССУМГАРИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА БА ДАСТОВАРИИ РИЗОЯТИ ХУДОВАНД.

ИДИ ҚУРБОН ТАҶАССУМГАРИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА БА ДАСТОВАРИИ РИЗОЯТИ ХУДОВАНД.

ИДИ ҚУРБОН ТАҶАССУМГАРИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА БА ДАСТОВАРИИ РИЗОЯТИ ХУДОВАНД.
2022-07-06
1424

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳамду сано Худовандро ва дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ (с) ва хонадону ёронаш бод.

         Шукри Худованди якторо мекунем, ки имрўз бо фазлу раҳмати Ў дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар бурда, аз шарофати ин соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои ҳамарўзаи Сарварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои тинҷию оромӣ  ва сулҳу осоиш оромона зиндагӣ карда, ҳама ниёзҳои динии хешро тибқи аркони дини мубини Ислом озодона ва бемаҳдудият, дар асоси талаботи қонунҳои амаликунандаи ҷумҳурӣ, дар фазои сулҳу суботу осмони беѓубор ба ҷо меорем. Шукрона аз он мекунем, ки баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар идҳои динии Фитр (Рамазон) ва Қурбон дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ бо тантана ва озодона ҷашн гтирифта мешаванд, ки ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таъриху фарҳанги мардумӣ ва арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар замони шўравӣ намозхонӣ танҳо ба пиронсолон дар 17 масҷиди дар саросари ҷумҳурӣ иҷозати фаъолиятдоштаи замон имконпазир буду таҷлили идҳои динӣ, аз қабили Фитр ва Қурбон расман мамнуъ буда, мусулмонон онро бо душвориҳою хавфҳои мухталифи замон ҷашн мегирифтанд. Дар бораи хариду фурўши китоби асосии мусулмонон Қуръон ва расман таълими динӣ гирифтан умуман ҷои гап ҳам набуд. Зеро шиори давр: «Дин афюни халқ аст» буду бо ҳар роҳ бо дини Ислом муборизаи оштинопазир мебурданд Вале сад шукр, аз  баракати соҳибистиқлолӣ дар рўзҳои ҷашнгирии иди саиди Қурбон мардум бо рўҳияи болида ва бо шукргузорӣ аз зиндагии пурсаодати имрўза ба аёдати ҳамдигар рафта, аз ҳоли эҳтиёҷмандон хабар мегиранд, барои изҳори таъзия ба хонаводаи азодорон мераванд ва ба хотири гузаштагон дуо мекунанд.

            Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз мусулмонон барои хушнудии Худованд қурбонӣ мекунанд ва тавре Расули акрам (с) фармудаанд: «Бузургтарин айём назди Парвардигор рўзи қурбонӣ аст» (аз Абдуллоҳ ибни Қурт бо ривояти Абудовуд).

        Вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, маънои аслии луѓавии он «он чӣ ки дар роҳи Худо садақа мекунанд (монанди гўсфанд, гов, шутур) ва бо он ба Худованд қаробат меҷўянд» буда, маънои шаръии он «наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти ризомандии Ў мебошад». Ин оин шаклу гунаҳои мухталифе дар тамоми динҳо дорад, аммо барои шахси мусулмон қурбони кардан аз суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Иди Қурбон ба рўзи даҳуми Зулҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ (имсол тибқи тақвим ба 9 июл) рост меояд.

         Дар истилоҳи мардуми кишвари мо ин идро иди Қурбон гўянд, зеро дар ин рўз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расули акрам (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гуштро садақа мекунанд.

        Иди Қурбон аз он сарчашма мегирад, ки вақте Ҳазрати Иброҳим (а) ҷавон буду дар Бобули Ироқ зиндагонӣ мекард, бо фармони Худованд аз Бобул ба Фаластин ҳиҷрат намуд. Вақте дар Фаластин аз ҳамсараш Соро фарзанддор нашуд, ў бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ў фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Дуюмбора фармони Худованд шуд, ки бо ҳамсараш Ҳоҷар ва писараш Исмоил ба Маккаи мукаррама, ки он замон як ҷазираи бе обу гиёҳ буд сафар кунад ва он ҷойро макони зист ихтиёр намояд. Ҳазрати Иброҳим (а) дар 12 солагии Исмоил боз як бори дигар мавриди имтиҳони Худованд қарор гирифт. Он рўз (даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа) аз Худованд амри қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил нозил шуд. Иброҳим (а) бо фарзандаш Исмоил машварат намуда, ба қурбонгоҳ барои қурбонии фарзандаш рафт. Вале ҳангоми дами кордро ба гулўи Исмоил гузоштан, он гулўи фарзандашро набурид ва Ҳазрати Иброҳим (а) кордро ба санг зад. Санг ду пора гашт. Ҳамин лаҳза Ҳазрати Ҷабраил (а) ба фармони Худованд гўсфандеро, бо мақсади иваз бо Исмоил (а), ба замин фуруд овард ва Иброҳим (а) онро ба ҷои фарзандаш қурбонӣ намуду қурбониаш қабул гашт. Ба ҳамин хотир мусулмонон дар рўзи иди Қурбон чорвоеро дар роҳи Худованд қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон бо аҳкоми ба худ хос, ки иборат аз қурбонӣ намудан гуфтани такбири ташриқ баъди намозҳои фарзӣ аз иди фитр (Рамазон) фарқ мекунад. Дар арафаи иди Қурбон тамоми зоирон аз ҳама гўшаву канори олам, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар намуда пас аз Арафот (нуҳуми Зулҳиҷҷа) ва шабгузаронӣ дар Муздалифа идро дар Мино (даҳуми Зулҳиҷҷа) ҷашн гирифта, се рўз дар Ҷамарот шайтонро санг мезананд.

       Лозим ба ёдоварист, ки дар шариати исломӣ қурбонӣ ин пайравӣ намудан аз суннати Ҳазрати Иброҳим (а) ва холисан барои ба даст овардани ризоияти Худованд буда, он бо номи Ў анҷом дода мешавад.          Вақте Худованд ба Расули акрам (с) ҳавзи Кавсарро ато кард, Ўро (с) ба ду некӣ ҳидоят дод, ки яке аз он намоз ва дуюми қурбонӣ буд.

        «Пас барои Парвардигори худ намоз гузор ва қурбонӣ кун!...» (сураи Кавсар, ояти 2).

       Аз Зайд ибни Арқам (раз.) ривояте аст, ки асҳоби Пайѓамбари Худо (с) аз Ў (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: «Пас чӣ суде барои мо дорад» Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана (некӣ) барои шумо (ба қурбоникунанда) дода мешавад» («Мустадрак»-и Ҳоким, ҳадиси 3467, (Ибни Моҷа, боби савоби қурбонӣ, ҳадиси 1265).

       Адо кардани қурбонӣ бояд пас аз адои намози ид то намози шоми рўзи сеюми ид ба ҷо оварда шавад: «ҳар касе мисли мо намоз бихонад ва баъд аз намоз мисли мо қурбонӣ кунад, қурбониаш баҷо мебошад ва ҳар касе, ки қабл аз намоз забҳ кунад аз ў пазируфта нест» ("Саҳеҳ"-и Бухорӣ, бобои "Ат-табкиру ила-л-ъид", ҳадиси 968) ва "Шуъа-бу-л-имон"-и Байҳақӣ, ҳадиси 7076).

       Мустаҳабаст тақсим кардани гўшти қурбонӣ ба 3 қисм: як ҳисса барои аъзои хонавода, як ҳисса барои садақа ва ҳиссаи сеюмаш барои ҳадя.

       Аз Абдулло ибни Умар (раз.) чунин омадааст: "Баъди ҳиҷрат намудан Пайѓамбар (с) аз Макка) ҳудуди 10 сол дар Мадина ҳаёт ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд" («Сунан»-и Тирмизӣ, китоби қурбониҳо, ҳадиси 1507).

         Қурбонӣ аз ҷумлаи фароизи исломӣ буда, ин амал танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имкониёти васеи моддиву молӣ доранд. Қурбонӣ ба ҳар шахси мусулмони оқил, болиѓ ва муқим воҷиб мешавад. Ҳар гоҳ он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ў воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ, ки дар он зиндагӣ намекунад. Қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад. Яъне рўзҳои анҷоми ин ибодат 10,11 ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа буда, ба ѓайр аз ин айём адо намегардад.

         Ҷонвароне, ки бо забҳи онҳо қурбонӣ дуруст мешавад, буз ва гўсфанд аз тарафи як нафар, гов ва шутур аз ҷониби то ҳафт нафар, ба шарте ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. Сину соли ҷонвари қурбонӣ низ аз ҷониби шариат ба назар гирифта шудааст. Масалан,буз ва гўсфанд ҳар навъе, ки бошад, яксола будани он лозим аст ва агар гўсфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, вале бо сабаби фарбеҳӣ ба яксола монанд бошад, қурбонии он дуруст аст. Гов дусола ва шутур бояд панҷсола бошад. (Фатвои шомӣ, ҷилди 6, саҳ. 232, Фатвои ҳиндия, ҷилди 5 саҳ. 295, Баҳрур-роиқ, ҷилди 8, саҳ. 177).

         Инчунин шариат солим будани молро аз ҳама айб зарурӣ донистааст, агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кўр бошад, қурбонӣ дуруст нест. Шохи мол аз бехаш шикаста бошад, қурбонии он дуруст нест, аммо аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бех шикаста бошад, қурбонӣ намудани он дуруст мегардад.

         Фармудаҳои шариат дар мавриди фазилат ва аҳкоми идҳои исломӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти Ислом саршори ѓояҳои эҳсону накўкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонавода, меҳру муҳаббату мурувват ба наздикону дўстон, муомилаи хуб бо ҳамсоягон, аёдати беморону ёриву ѓамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайри гузаштагон ва ѓайра. Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, афв, чеҳраи хандону оѓўши кушода, аз манфиати худ боло гузоштани манфиати ҷомеа ва миллату давлат, саъю кўшиш барои анҷом додани танҳо аъмоли нек аст.

        Дар рўзҳои ид дар урфу таомули мардуми мо рафтан ба хонаҳои азодорон барои изҳори таъзия ва ҳамчунин рафтан ба сари манзили гузаштагон ќабл аз ид расм шудааст. Албатта, анҷом додани чунин амал боиси тақвияти робитаҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ буда, ҳамчунин барои пос доштани хотири гузаштагон мусоидат мекунад.

       Шариати поки Ислом муқобили ҳама гуна сарфу хароҷоти беҳуда аст ва ташвиқгари дастархонороии хоксорона дар айёми идҳост, зеро Худованд дар ин маврид чунин фармудааст:

«….ва исроф макунед! Ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад». (Сураи Анъом, ояти 141).

         Парвардигор исрофкоронро мавриди интиқод қарор дода, онҳоро бародари шайтонҳо хондааст:

«…ва ҳеҷ исроф макунБа дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст» (сураи Исро, ояти 26-27).

       Исрофкорӣ зарарҳои зиёди моддиро ба буҷаи оила ворид месозад ва Парвардигор низ намехоҳад бандааш зарар бинаду қарздор гардад. Дини Ислом ороиши дастурхони пурдабдабаро тарѓибу ташвиқ накарда, баръакс муқобили он аст ва осонию сабукиро барои пайравонаш хоҳон аст. Аз ин рў, ҳар ҳар як фарди мусулмон, махсусан занон, бояд динро аз хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ ҷудо карда тавонанд. Анас ибни Молик (раз.) ривоят мекунад, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Яссиру ва ло туъассиру ва башширу ва ло тунаффиру» (Осон бигиред ва душвор нагардонед башорат (хабари хуш) диҳеду гурезон накунед (нафрат наоред). (Саҳеҳи Бухорӣ аҳодиси 67, 5660, Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 3264).

Ҳоло ҳам ҳангоми таҷлили идҳо дар оростани дастархони идона ба исрофкории беҳуда роҳ дода мешавад. Хуб мешуд ба ҷои ин исрофкориҳо ба амалҳои хайр пардозем ба ятимону пиронсолон кўмак намоем, шахсони муҳтоҷу дармондаро дастгирӣ кунем, роҳу пул (купрук)-у бемористону мактаб созем. Шахсони азодор агар хоҳанд савоби бештаре ба даст биёранд, беҳтар аст садақаи ҷория кунанд, то барои гузаштагонашон пайваста савоб расидан гирад. Дар Қуръони карим инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хўша мебарояд ва ҳар хўшаи он сад дона дорад.

      «Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунандмонанди масали як дона астки хўшаро бирўёнад дар ҳар хўша сад дона астВа Худо ба ҳар ки хоҳаддучанд медиҳадва Худо фарохнеъмати Доно аст» (сураи Бақара ояти 261). Маълум мешавад, Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад ва садақаро омили рушду тараққии моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст. Дуруст ба роҳ мондани садақа ва хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон ниёзмандон сарфаю сариштакорӣ дар маъракаю маросим тарбияи насли наврас тарѓиби омўзиши илм пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд. Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, то вазифаи асосии хеш

- тарбияи дурусти фарзандонро ба ҷо оранд, зеро дар хусуси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муаллими башарият Муҳаммад (с) низ чунин таъкид намудаанд: «Абдулло ибни Умар (раз.) мегўяд: «Пайѓамбар шунидам, ки фармуданд: «Ҳар яки аз Шумо ба манзалаи чубонед ва аз зердастонатон пурсида мешавед…» (Саҳеҳи Бухорӣ, 2232). Иди саиди Фитр (Рамазон) ва иди Азҳо (Қурбон) дар байни мусулмонон хеле маъруфу машҳур аст. Дар ин идҳо ба сабаби анҷом додани  корҳои муайян шахси муъмину мусулмон метавонад ризоияти Парвардигорро ба даст биёрад.

          Иди Қурбон рўзи шод намудани фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути саховатмандони доро мебошад, бинобар ин, онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд,бояд аз ҳоли наздикони худ , фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро ин рўзи дўстиву муҳаббату бародарист.

         Қурбонӣ яке аз амалҳои беҳтарин ва бузургтарин назди Худованд маҳсуб гардида, дар бобати фазилатҳои Қурбонӣ кардан ҳадисҳои зиёде мавҷудан ва дар ҳадисе Расули акрам (с) чунин фармудаанд:          Беҳтарин ва писандидатарин амали инсон рўзи иди Қурбон аз дидгоҳи Худованд, ин забҳ ва рехтани хуни ҳайвони қурбонишаванда аст. Дар рўзи қиёмат ҳайвони забҳшуда бо шохҳо, сумҳо ва мўйҳои худ ҳозир мешавад (яъне дар баробари ҳамаи инҳо ба шахси қурбонӣ карда подош дода мешавад). Пеш аз рехтани хуни ҳайвони қурбонӣ ба замин, Худованд гуноҳҳои қурбоникунандаро афв намуда, қурбониашро ба даргоҳаш қабул менамояд, пас бо забҳи ҳайвони қурбонишаванда худатонро хушҳол кунед (аз Ҳазрати Оиша (разияллоҳу ъанҳу) бо ривояти Ибни Моҷа ва Тирмизӣ)

        Боиси хурсандист, ки дар рўзҳои ид ва дигар маросими расмӣ ба мўҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кўмаки моддӣ, дастгирии ниёзмандону муҳтоҷону ятимон яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон ин амал тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.

Pray time in Dushanbe

27.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More