Эй номи ту беҳтарин сароғоз
Бе номи ту нома кай кунам боз.
Инак мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро мерасад. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо хушнудии ӯ. Он маҳбуби дилҳо, ки шабҳои дароз бо Парвардигори худ розу ниёз мегуфт ва яке аз таманниёти ӯ наҷоти мо умматон буд. Чун Худои Ғафуру Раҳим барояш ваъда намуд, ки: “Ва зуд аст, ки бидиҳад туро Парвардигорат, пас розӣ шавӣ” (Зуҳо, 5), фармуданд: То вақте ки як нафар аз уммати ман дар дӯзах боқӣ бошад, розӣ намешавам.
Худованд Ӯро раҳмате барои оламиён фиристод, то раҳмати худро ба воситаи вуҷуди мубораки Паёмбар (с) ом гардонад. Расули гиромӣ бо биъсати худ қалбҳои зангорбастаи мардуми замони ҷоҳилиятро бо равондани занги куфру ширк нуронӣ гардонид ва эшонро аз зулумоти куфр ба равшаниҳои имон роҳнамоӣ намуд. Тавҳид ва якпорча сохтани қавмҳои парокандаи арабро, ки ба қабоили гуногун тақсим шуда буданд, аз мақсадҳои асосии худ шуморид ва дар муддати кӯтоҳе Худо ӯро ба ин кор муваффақ гардонид. Поён додан ба русуми бутпарастӣ, ки қарнҳо ривоҷ дошт ва мардум бар он одат доштанд ва ба ҷои бутпарастӣ дини осмониро ҷойнишин сохтан дар ақли мардуми он замон ҷой намегирифт. Мардуми замони ӯ чун ҳама бутпарасту қиморбоз, бодапарасту ҷангҷӯ ва дорои авсофи разила буданд, аз ин қавми бебасар дар муддати кӯтоҳе як қавми покбозе ба вуҷуд овард, ки шоистаи мақоми инсонӣ буданд. Ҳуқуқи заифонро боадолатона бо ғаниён мусовӣ намуд ва дар миёни онҳо ҳеҷ фарқе нагузошт. Танҳо яке аз гуфтаҳои боло кифоят аст, ки ақлҳои солим мутаҳайири он гарданд ва номи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар таърих ҷовидона монад.
Бузургтарин муъҷизаи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Қуръони карим аст, ки махзане пур аз дурру гавҳари панду мавъиза, аҳкому аркон, даъват ва иршод, қиссаҳои ибратбахш ва тарғибу тарҳиб аст. Ин китоб ба он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳоле нозил шуд, ки он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам уммӣ буданд, яъне аз хондану навиштан хабаре надоштанд. Ин худ нишонае аз нишониҳои Худои Қодир аст, ки ба воситаи Паёмбари уммӣ китобе бифиристад, ки ҳеҷ башаре тӯли қарнҳо натавонад мисли онро биёварад. Вақте баъзе аз мушрикин, ки онҳоро насибаи мушарраф шудан ба гавҳари имон набуд, эрод гирифтанд, ки ин Қуръонро худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам навишта аст, Худованд ваҳй фиристод: “Ва пеш аз нузули Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти рости худ ҳеҷ китоберо наменавиштӣ, он гоҳ ин бадкешон дар шак меафтоданд”. (Анкабут, 48)
Чун пазируфтани ҳақиқат кори осоне нест, он мардумоне, ки аз роҳи хидматгузории буткадаҳо нон мехӯрданд, ҳозир набуданд, ки ба даъвати Ҳақ гӯш фаро диҳанд, то мардум аз буткадаҳо рӯй гардонанду ба парастиши Худои ягона бипардозанд. Бинобар ин, ба адовату душманӣ бархостанд. Он қавме, ки Расулуллоҳро бо муҳаббат Муҳаммадамин меномиданд, пас аз биъсат ба ӯ номҳои маҷнун, соҳир ва ғайраро гузоштанд. Аз ӯ қатъи муҳаббату рафоқат намуданд, вале дили покаш аз ин ҳама озору ҷафо ва душманиҳову масхараи қавм шикаста нашуд ва аз роҳи ростӣ барнагашт. Ӯ медонист, ки роҳе, ки Худо ба ӯ намуда, саодати башарият дар он аст ва муваффақ ҳам шуд.
Мавлуди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои ҳамагон муборак бод!
Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Сардори Раёсати фатво