Home Articles ҶОЙГОҲИ АМНУ ИСТИҚРОР ДАР ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ АМНУ ИСТИҚРОР ДАР ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ АМНУ ИСТИҚРОР ДАР ИСЛОМ
2022-10-05
962

Амн–неъмати бузурге аст, ки ҷумла Паёмбарон (дуруду салом ба онҳо) ҳамеша барои пайравони худ онро аз Худованди меҳрубон  талаб кардаанд.

Аллоҳи бузург дар каломи поки худ фармуда: “Ва чун Иброҳим(а) гуфт: Парвардигоро! Ин ҷоро, (яъне шаҳри Маккаи мукаррама) шаҳри амн бигардон”....Сураи Бақара,ҷузъе аз ояти 126. Инчунин, Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд:”Бор Худоё! Ман миёни ҳар ду кӯҳи Мадинаро ҳарами амн қарор медиҳам,чунончи Иброҳим(а) Маккаро ҳарам қарор дод”...

Паёмбарон аз Худованди мутаъол барои умматони худ на моли дунёву боигарӣ, на ризқу рӯзӣ, балкӣ  амну оромиро талаб доштаанд, ки дар асоси он тамоми пешравӣ, сарбаландиву тараққиёти давлату миллат аст.

Бузургии амн дар пешгоҳи Аллоҳи бузург он қадар дараҷаи баланду махсусеро сазовор аст, ки Ӯ таъоло дар Қуръони маҷид қасам ёд намуда,чунончӣ:”Ва савганд ба ин шаҳри амин” Сураи Тин,ояти 3.

Парвардигори меҳрубон неъматҳои бисёреро барои бандагонаш ато карда, ки банда наметавонад ҳамаи онро ҳисоб ва шумор кунад ва дар байни неъматҳои бузургу азими худодода неъмати амн ҷойгоҳи махсусеро ишғол мекунад, ки барои ҳар банда шукргузорӣ бар он воҷиб аст, зеро дар асоси он фазои кишвар ором асту хотири инсон ҷамъ ва ибодати банда бо тамоми ҳастӣ ба ҷо оварда мешавад ва низоми зиндагӣ побарҷост, рушди ҷомеа ба тартиби муайян пеш меравад, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ рӯ ба тараққиёт мениҳад, зиндагии мардум осуда ва дар сатҳи боло қарор гирифта ва дарҳои масҷид барои намозгузорон ҳамеша кушода асту мардум тӯю хурсандӣ, ҷашну маъракаҳоро ба ҷо меоранд, ки ин ҳама дар асоси тинҷиву оромӣ ва дар амн қарор гирифтан ба даст меояд.

Пас аз овардани далелҳои дар боло зикршуда дар ҳайратаму ангушти тааҷуб мегазам дар ҳаққи он гумроҳоне, ки ба ташкилотҳои ба ном исломӣ, аз ҷумла  ҳизби террористии ҲНИТ шомиланду зиндагии худ ва наздикони худро талху вазнин гардонида ва боз иддаеро аз қафои худ ба ботлоқзори ақида мебаранд ва зиндагии неку ширин ва хушбахтиро як сӯ гузошта аз қафои душманони миллати тоҷик ба хотири ақидаи ботил қадам мезананд...

Ҳакимеро пурсиданд, ки хурсандиро аз куҷо бояд ёфт? Гуфт: Дар амн, зеро ман инсони дар хавф бударо дарёфтам, ки барояш айшу ишрати зиндагӣ ва маззаи он набуд.

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари шаҳри Конибодом

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More