Зикри авсоф ва зиндагии Хотамун-набийин Муҳаммади Мустафо алайҳиссалом
Ҳамду сано Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар беҳтарин ва Хотами паёмоварони Ӯ, Муҳаммад алайҳиссалом, он раҳнамои росткору амин, рисолатовари Илоҳӣ барои тамоми башарият ва нажодҳо ва бар хонадони поку ҳамроҳони ростини Ӯ, ки парчами динро бар тамоми ҷаҳон барафрохтанд.
Паёмбари гиромии Ислом (с) дар дувоздаҳуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шудаанд. Қабл аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори тағоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба ҷаддаш Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт. Бо вуҷуди ин ки ин ном дар миёни мардуми араб собиқа надошт, аммо Абдулмутталиб дӯст дошт, ки ӯ назди Худованд ситуда бошад, аз ин рӯ номи ӯро Муҳаммад (писандида) номид. Супурдани Паёмбар (с) ба доя Омина, модари Паёмбар (с) аз ҳамон нахустини рӯзи таваллуди ӯ дарёфт, ки шири кофӣ барои хӯронидани танҳо самараи издивоҷи хеш ва Абдуллоҳ надорад. Омина танҳо ҳафт рӯз ба Паёмбар (с) шир дод ва пас аз он аз ғизо додан ва сер кардани вай нотавон монд. Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод. Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар уҳда гирифт, Ҳалима духтари Абӯзуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки қавӣ ва неруманд гарданд, аз ҳавои озоду соф истифода намоянд ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба ин хотир, ки забони фасеҳи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар ӯҳда гиранд ва аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд. Абдулмутталиб ва Омина низ ба ҷустӯҷӯи ёфтани дояе баромаданд, то ба сарпарастии Паёмбар (с) уҳдадор гардад, лизо Паёмбар (с)-ро бо зане ба номи Ҳалима супурданд. Баъд аз ин, ки Ҳалима, Паёмбар (с)-ро ба унвони фарзандӣ қабул кард, баракоти Худованд дар зиндагии ӯ сарозер шуд, Ҳалима мегӯяд. “Баъд аз ин ки Паёмбар (с)-ро пазируфтам, пистонҳои шутуре, ки доштем пур аз шир шуд, дар ҳоле, ки қабл аз он аз фарат лоғари тоқат ва таҳаммули роҳ рафтанро надошт. Ҳамчунин пистонҳои худам пур аз шир гардид, ба гунае, ки ҳам Паёмбар (с) ва ҳам фарзандам сер мешуданд, аммо қабл аз он пистонҳои ман шире надошт, ки битавонад фақат фарзандамро аз гуруснагӣ наҷот диҳад”.
Баъд аз ин Ҳалима Паёмбар (с)-ро ба модараш супурд, модараш дар садад баромад, то ҳамроҳи Паёмбар (с) барои зиёрати шавҳари вафоткардааш ва ҳамчунин дидорбинии ақвому хешовандони ҷадди Паёмбар (с) – Абдулмутталиб, ки аз қабилаи Банӣ Наҷҷор буданд, ба Ясриб (Мадина) мусофират намоянд. Дар ин сафар Абдулмутталиб – ҷадди Паёмбар (с) ва хидматгори Омина ба номи Умми Айман ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Баъд аз ин ки масофати ҳудуди панҷсад километрро тай намуданд, ба Ясриб расиданд ва Омина як моҳ дар он ҷо монд. Ҳангоми бозгашт Омина дучори бемории сахте гардид ва дар ноҳияе ба номи Абвоъ, ки минтақае миёни Макка ва Мадина аст, даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Дар ин ҳангом Паёмбар (с) шашсола буд. Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб Баъд аз вафоти Омина модари Паёмбар (с) сарпарастии ӯро Абдулмутталиб бар уҳда гирифт, Абдулмутталиб аз ҳеҷ гуна меҳру шафқате нисбат ба Паёмбар (с) дареғ намеварзид ва ӯро бисёр дӯст дошта навозиш мекард, ҳатто ӯро аз фарзандони худаш ҳам бештар дӯст медошт, чаро ки медонист ояндаи дурахшону равшан дар интизори ӯст. Аммо бо тамоми меҳру утуфати ҷаддаш нисбат ба Паёмбар (с) зиндагии ӯ бо ҷаддаш низ дере напойид ва дар синни нуҳсолагӣ бобои бузургворашро аз даст дод.
Пас аз ин Паёмбар (с) таҳти сарпарастии амакаш Абӯтолиб қарор гирифт. Абӯтолиб ӯро ба хонааш бурд ва аз Паёмбар (с) монанди фарзанди худ нигаҳдорӣ ва менамуд, ҳатто ӯро аз фарзандонаш муқаддам медошт ва ин меҳру утуфатро ҳатто дар давроне, ки Паёмбар (с) ба паёмбарӣ мабъус шуд, ба эшон иброз медошт.
Паёмбар (с) дар синни ҷавонӣ касбу кори мушаххасе надошт, аммо дар ин айём бештар ба чӯпонӣ ва гӯсфандчаронӣ мепардохт, то заҳматҳои амакаш Абӯтолибро ҷуброн намояд. Аммо баъд аз муддате, ки рӯзгорро ба чўпонӣ сипарӣ намуд, даст аз ин кор кашиду ба тиҷорат пардохт. Албатта ҳадафи Паёмбар (с) аз чӯпонӣ таҳияи сарфу харҷи зиндагӣ буд ва дигар ин ки беҳтар метавонист оёту нишонаҳои Худованд, аз ҷумла азамати осмон, хуршед, ситорагон, моҳ ва ғайраро бубинад. Паёмбар (с) дар синни бисту панҷсолагӣ ба қасди тиҷорат бо сармояи Хадича равонаи Шом шуд. Ба хотири ин ки Хадиҷа зани сарватманду пулдор буд, афродеро аҷир (муздур) менамуд, то бо сармояи ӯ ба тиҷорат бипардозанд. Вақте ки ростгӯӣ ва садоқати Паёмбар (с) ба гӯши Хадиҷа расид, фардеро назди Паёмбар (с) фиристод ва ба Паёмбар (с) пешниҳод кард, ки бо ғуломи ӯ Майсара барои тиҷорат ба Шом биравад. Ба хотири ин ки шуғли мардуми Қурайш тиҷорат буд, Паёмбар (с) ин пешниҳодро пазируфт ва ҳамроҳи Майсара ба Шом рафтанд.
Баъд аз ин ки Паёмбар (с) ҳамроҳи ғуломи Хадиҷа – Майсара аз сафари тиҷоратӣ бозгаштанд, осори баракат ва амонатдорӣ дар молҳои Хадиҷа намоён буд, зеро ки қабл аз он чунин фоидае барои Хадиҷа ба даст наомада буд. Оре, садоқату дурустӣ ва амонатдории Паёмбар (с), таваҷҷуҳи Хадиҷаро ҷалб намуда буд, ба хусус, ҳангоме ки ғуломи ӯ Майсара каромоту бузургвориҳоеро, ки аз Паёмбар (с) дар тӯли ин сафар дида буд, барои Хадиҷа таъриф намуд.
Хадиҷа пас аз ин пешниҳоди издивоҷи хеш бо Паёмбар (с)-ро ба воситаи зане ба номи Нафиса матраҳ кард. Паёмбар (с) низ пешниҳоди Нафисаро пазируфт ва ин амрро бо амаки худ дар миён гузошт. Онон назди амаки Хадиҷа рафтанду Хадиҷаро барои Паёмбар (с) хостгорӣ намуданд. Ба ин тартиб издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа сурат гирифт. Тамоми фарзандони Паёмбар (с) ғайри Иброҳим аз Хадиҷа мебошанд. Фарзандони Хадиҷа аз инҳо иборатанд: Қосим, Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум, Абдуллоҳ ва Фотима.
Паёмбар (с) қабл аз ин ки ба паёмбарӣ мабъус гардад, дорои хусусияту вежагиҳои бисёр неку писандида буд. Садоқат ва дурусткории Паёмбар (с) забонзади хосу ом гардида буд ва ҳамаи мардуми Қурайш эшонро бо номи Муҳаммадамин мешинохтанд. Ӯ ба оёт ва нишонаҳои қудрат ва азамати Илоҳӣ меандешид ва соатҳои тӯлонӣ ба розу ниёзи Парвардигори хеш мепардохт. Шароб наменӯшид, агар Қурайш кори хайр ва неке анҷом медоданд, ононро ёрӣ менамуд ва агар кори зишту норавое анҷом медоданд, аз онон рӯйгардон мешуд. Бо ҳамнавъон ба некӣ ва хушӣ рафтор мекарду ба дарди дилҳои дигарон гӯш медод. Аз синни сиву панҷсолагӣ ба узлат ва гӯшанишинӣ мепардохт ва бештари вақташро дар ғоре ба номи ғори Ҳиро сипарӣ менамуд.
Зиндагии Паёмбар (с) ҳамроҳи Хадиҷа бо хушбахтӣ ва саодат сипарӣ мешуд ва ҳар чи Паёмбар (с) ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, вежагиҳои рӯҳӣ ва ахлоқии ӯ тараққӣ меёфт ва мутаъолитар мегардид. Паёмбар (с) ҳар сол моҳи Рамазонро дар ғори Ҳиро, ки дар кӯҳи Нур воқеъ шуда буд, сипарӣ менамуд. Аммо дар ин сол Паёмбар (с) бо ғори Ҳиро унсу улфати бештаре пайдо намуда буд ва рӯҳи Паёмбар (с) ба гунае мутаъолӣ шуда буд, ки хобҳои содиқонаро мушоҳида менамуд ва ҳар чи дар хоб медид, ба вуқӯъ мепайваст. Оре, Худованд ирода карда буд, то лутфи бениҳояти худашро машмули ҷаҳониён созад ва Паёмбар (с)-ро “Хотамуланбиё” қарор диҳад ва динро ба василаи ӯ комил гардонад.
Баъд аз нузули ваҳй дар зиндагии Паёмбар (с) марҳалаҳои ҷадиде оғоз гардид. Худованди Мутаъол дар Қуръони азимушшаън мефармояд:
“Сармашқ ва намунаи зебоӣ дар Паёмбари Худо барои шумо вуҷуд дорад. Барои касоне, ки умед ба Худо дошта ва ҷӯёи қиёмат бошанд ва Худойро бисёр ёд кунанд”. (Сураи “Аҳзоб”, ояти 21)
Паёмбари мо дилсӯз ва меҳрубон, хайрхоҳ ва некандеш, дорои кирдор ва гуфторест, ки барои ҳар инсоне дар ҳар замон ва дар ҳар макон ва дар ҳар мақом ва мавқеъ, беҳтарин сармашқ ва болотарин намунаанд. Касе дар сафои рӯҳ ва иртибот бо малакути аъло ва дарёфти ваҳй ба мақоми он ҳазрат намерасад, чаро ки Худованд нубувватҳоро ба василаи Ӯ ба итмом расонид ва шариъати вайро охирин шариъат барои башар қарор дод.
Авсофи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба гунае буданд, ки ҳар мусалмоне дар орзуи он аст, ки ба ахлоқи Ӯ ороста ва пайрави ҳидояти Ӯ бошад, то андаке аз бурдборӣ, порсоӣ, ибодат, фидокорӣ ва аз худ гузаштагии эшон баҳра бибарад ва аз шеваи ғизо хӯрдан ва либос пӯшидани эшон сармашқе бигирад, чаро ки Худованд паёмбарашро бо ин мадҳи бузург манзалат бахшидааст: “Ва ба ростӣ ту дорои хулқи волое ҳастӣ”. (Сураи “Қалам”, ояти 4)
Зиндагонии Паёмбар алайҳиссалом дар миёни соири улум аз ҷойгоҳи сазовор ва аҳамияти хоссе бархурдор аст, зеро мусалмон бо омӯзиши он шинохте дар робита бо дину оини худ ва аҳволу мароҳили зиндагонии паёмбари худ ба даст меоварад ва ба умқи иноят ва илтифоти Худовандӣ нисбат ба он меҳтари олам, ки насли ӯро аз асли асилзодагон ва насаби бузургзодагон ба вуҷуд овардааст, пай мебарад. Инчунин пай мебарад, ки азамату дараҷоти бузургӣ ва баландии пояҳои арзишмандии ӯ назди Ҳазрати маъбуд ба дараҷаест, ки ӯро ба мақоми гузориши ваҳй ва расонидани рисолати худ баргузидааст. Аз ҷониби дигар аз талошҳои хастагинопазир ва кӯшишҳои бевақфаи он Ҳазрат (с), ранҷу заҳмат ва сахтиҳое, ки Ӯ таҳаммул кардааст ва ба дунболи он фаро расидани нусрати Худовандӣ ва имдодҳои ғайбии Ӯ бо сафарбар намудани лашкариёни ғайбӣ ва фароҳам сохтани сабабҳо ва воситаҳо, фиристодани баракот ва таҳаққуқ ёфтани рўйдодҳои хориқулодда.
Касоне, ки он Ҳазрат (с)-ро дидаанд, чунин тавсиф мекунанд: Зоҳире нуронӣ ва чеҳрае дурахшон доштанд. Дорои нуре буданд, ки он Ҳазрат (с)-ро бар ҳама кас бартарӣ мебахшид. Қадамҳояшон дар ҳадди ниёз буд ва бо қадамҳои устувор бо оромиш ва виқор роҳ мерафтанд. Чашмашон доим поён буд ва ба замин беш аз осмон назар меандохтанд.
Вақте бо касе рӯ ба рӯ мешуданд дар салом кардан аз ӯ пеши мегирифтанд, бидуни ниёз суҳбат намекарданд, суханашонро бо номи Худо оғоз ва бо номи Ӯ ба поён мерасониданд. Суханонашон шумурда шумурда ва қотеъ буд ва нуқсоне дар он роҳ надошт. Фасеҳ ва балеғ суҳбат мекарданд ва бефоида лаб ба сухан намекушоданд. Ҳаргиз аз таоме бадгӯӣ намекарданд ва ҳеҷ вақт ба хотири умури дунё ё масоили шахсии худ хашмгин намешуданд. Ба хотири худ интиқоме намегирифтанд. Вақте хушҳол мешуданд, чашмонашонро поён меандохтанд ва хандаашон табассум буд. Он Ҳазрат хушсимотарин, зеботарин, бахшандатарин ва ҷавонмардтарини одамиён буданд. Аз фақр намеҳаросиданд. Ҳаргиз талаберо рад накардаанд. Ҳар гоҳ ду амр пеш меомад, осонтарини онро ихтиёр мекарданд.
Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо гуфтаанд: “Ахлоқашон айни Қуръон буд”. (Ривояти Бухорӣ дар “Адаби муфрад”)
Дар зиндагии шахсӣ низ ҳаргиз сахт намегирифтанд. Ҳар либосе, ки барояшон осон даст медод, мепӯшиданд. Бештар аз либоси маъмулии мардум истифода мебурданд, аммо ҳангоми истиқболи меҳмон ё ба муносибати ид, либоси хубу муносиб мепӯшиданд. Ҳар ғизое, ки мавҷуд мебуд мехӯрданд ва агар чизе пайдо намешуд, гурусна мехобиданд ва гоҳе аз шиддати гуруснагӣ санге бар шиками худ мебастанд.
Агар ба зиндагии дар манзил назар андозем, бо ҳамсарон ҳамнишин ва ҳамсуҳбати хуб буданд. Бо онҳо суҳбат мекарданд, ахлоқ ва маниши онҳоро мепазируфтанд ва ҳассосият ва рўҳияи ҳар кадомеро дар назар мегирифтанд.
Ба мусалмонон мефармуданд: “Беҳтарини шумо, беҳтаринатон барои хонаводааш аст”. (Ривояти Тирмизӣ ва Байҳақӣ)
Анас разияллоҳу анҳу ходими он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мегӯяд: “Даҳ сол ба Паёмбари Худо хидмат кардам, ҳаргиз нафармуданд: “Оҳ аз дасти ту”. Дар тӯли даҳ сол ба хотири коре, ки карда будам ё коре, ки таъхир карда будам, маро бозхост накарданд ва дар пардохти музд ҳаргиз ситаме раво намедоштанд”. (Муттафақун алайҳ)
Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо мегӯянд: “Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳаргиз касе ё чизеро зарб назаданд, на занеро ва на хидматгореро”. (Ривояти Муслим)
Агар ба муносибати он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ёронаш назар кунем, пас Абўҳурайра разияллоҳу анҳу нақл мекунад: “Бо Расули Худо (с) ба бозор рафтем, то шалворе бихаранд. Фурӯшанда хост, дастони он ҳазратро бибӯсад. Паёмбар (с) дасташонро ақиб кашиданд ва ӯро аз ин кор манъ карданд. Сипас шалворро хариданд. Ман хостам онро барои Паёмбар (с) бардорам, вале иҷозат надоданд ва фармуданд: Барои бардоштани ҳар чизе соҳибаш сазовортар аст”. (“Маҷмаъуз-завоид”, ҷ. 5, с. 212)
Агар ба фурӯтанӣ ва ибодати Паёмбар бингарем, эшон муроқибат ва назорати Худоро бе ниҳоят эҳсос мекарданд ва бисёр аз Худо меҳаросиданд ва фаровон ибодат мекарданд. Шабҳо бедор ва дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд буданд. Оиша разияллоҳу анҳу ба он ҳазрат боре гуфтанд: “Чаро ин ҳама ибодат мекунед, дар ҳоле ки Худованд гуноҳони пешину пасини шуморо бахшидааст? Дар посух фармуданд: “Оё бандае шукргузор набошам?”. (Муттафақун алайҳ)
Он ҳазрат Худоро бисёр ёд мекарданд. Хӯрдан, нӯшидан, нишастан, бархостан ва шурӯи тамоми корҳояшон бо номи Худо буд ва чун тамом мешуд, “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин”ро зикр мекарданд ва ҳаргиз аз розу ниёз бо Худо хаста намешуданд ва инчунин дуо мекарданд: “Парвардигоро, аз илме, ки баҳрае нарасонад ва аз амале, ки пазируфта нашавад ва аз дуое, ки мустаҷоб нагардад, ба Ту паноҳ мебарам”.
Саросари зиндагии Паёмбар (с) нуҳуфта аз розҳо ва рамзҳое аст, ки ҳеҷ кас, ҳатто наздиктарин ёрону асҳобаш ва фаротар аз он, ҳамсаронаш низ натавонистанд ба он розҳои дарунӣ пай бибаранд ва онро ба таври комил бишиносанд. Ҳамзамон бо зуҳури Паёмбар (с) ҷаҳон дар остонаи суқут ва ҳалокат қарор гирифта буд ва лозим буд, ки инсоне хастагинопазир ва дилсӯз аз ҷониби Худованди Мутаъол ба паёмбарӣ мабъус гардад, то дунёро аз ин фалокату бадбахтӣ наҷот дода, онҳоро ба сӯйи саодату хушбахтӣ раҳнамун созад.
Инҳо, ки зикр кардем, як пораи хурде аз зиндагиномаи сарвари коинот Паёмбари гиромӣ ва бехтарини махлуқот буданд. Дар мавриди дигар ҷониби ахлоқии эшон аз ҷумла фидокорӣ, амонатдорӣ, ҳаё, ихлос, садоқат, покдоманӣ, сиёсат, хушрафторӣ бо ҳамсоя ва фасоҳати эшону ахлоқи накўяшон агар ҳазорон ҷилд китоб навишта шавад, боз ҳам кам аст.
Вуҷуди пурбаракаташон зиндагии башариятро ба куллӣ тағйир дод ва дар миёни инсоният адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, риояи ҳақ ва яктопарастиро ривоҷ дод.
Муҳаммад зинати номи ҷаҳон аст,
Чи хушбўтар аз он андар даҳон аст.
Назоида касе ҳамчун Муҳаммад,
Ки нури рўйи вай рангинкамон аст.
Мавлуди Паёмбари гиромии Ислом (с) бар ҳамагон муборак бод!
Сардори Раёсати фатвои
Маркази исломӣ
Ҷамолиддини Хомўшӣ