Home Articles ПАРЧАМ - РАМЗИ ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМ - РАМЗИ ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМ - РАМЗИ ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ
2022-11-24
950

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Ҳар сол, рӯзи 24-уми ноябр, дар кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатиро ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем. Парчам, ки бо номҳои байрақ ва ливо миёни мардуми тоҷик маъруф аст, дар таърихи Ислом падида ё рӯйдоди бегона нест. Яке аз хусусиятҳои хосси он муттаҳидию сарҷамъии мардуми як давлат баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Яъне иттиҳоду сарҷамъӣ муҳимтарин рамзи Парчами давлатӣ аст. Иттиҳоду сарҷамъӣ дар дини мубини Ислом низ мавқеи хос дорад. Тавре дар ояти 103-юми сураи Оли Имрон мехонем: “Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед...”. Яъне, парокандагиву тафриқа аз амалҳоест, ки шариати исломӣ онро мазаммат кардааст. Аз ин назар, байни мардуми Тоҷикистон парчам мавқеъ ва ҷойгоҳи хос дорад. Таҳқир ба парчам ё ливои давлатдорӣ ин таҳқир ба миллат аст. Душманон дар баробари кўшиши нест кардани забон, фарҳанг, маданият, урфу одат тамоми қувваро баҳри он равона мекунанд, ки парчамро низ аз байн баранд. Зеро нест кардани парчами миллӣ нишонаи шикасти давлатдорӣ ва фоҷиаи миллӣ ба ҳисоб меравад.

Парчам дар ҳақиқат рамзи иттиҳоду сарбаландӣ мебошад. Он ҳисси ифтихори ватандорӣ, шинохти миллӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкии тамоми хурду бузурги мамлакат аст. Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ин рўзҳои офтобии нек, ободию осудагӣ, парчамдорию Истиқлол бисёр роҳҳои душвору пурпечутобро паси сар намудаанд. Баъди ҳазор соли аз даст додани давлати миллиамон, яъне Давлати Сомониён мо дубора соҳиби давлати миллӣ ва Парчами миллӣ гардидем.

Ҳоло ҳам бисёр халқияту миллатҳое арзи ҳастӣ доранд, ки мехоҳанд соҳиби парчам ва давлати миллӣ бошанд. Вале, то имрўз ба онҳо ин хушбахтӣ насиб накардааст. Аз ин рў, ҷашни Рӯзи Парчам агар аз як тараф барои мо ифтихори бузурги ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ бошад, аз тарафи дигар вақтест, ки мо ба қадри сарҷамъию ҳамдилӣ ва суботу осудагӣ расем.

Китобҳои таърихӣ тасдиқ мекунанд, ки куҳантарин парчами тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиён” будааст. Маҳз гузаштагону аҷдодони мо ба дигар ҳалқу миллатҳо анъанаи парчамдорӣ ва ватандўсториро омўзонидаанд. Парчамдорӣ дар ҳақиқат эҷоди мардуми сарбаланди тоҷик ва мардумоне мебошад, ки дар заминҳои таърихии мо умр ба сар бурдаанд.

Имрўз парчами мо тоҷикон дар тамоми дунё танҳо нишонаи сарзамини тоҷикон ва халқҳои Тоҷикистон мебошад. Он дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳо, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, рамзи асосӣ ҳисоб мешавад.

Парчам ҳам маъно ва ҳам мазмун дорад. Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро ифода мекунанд, ки ба миллати мо хос ҳастанд:

- ранги сурх - озодӣ ва истиқлол:

- ранги сафед - сулҳу оромӣ:

- ранги сабз - ободӣ ва ривоҷу равнақ.

 Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи парчам ҷойгир шудаанд, рамзи миллати таърихӣ, куҳанбунёд ва фарҳангии тоҷик мебошад.

 Имрӯз Парчами миллӣ дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани рўҳияи онҳо, махусан ҳисси ватандўстии онҳо, ифтихор аз Ватану миллат таъсири бузург дорад. Вақте ки як варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ пирӯз мешавад ва ба ифтихори ӯ Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дили мо аз шодӣ лабрез мегардад. Хурду калон, пиру ҷавон, зану мард ашки шодӣ мерезонанд.

Вақте ки дар Сессияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардид, нахустин коре, ки анҷом дод, ин арзи адабу эҳтиром дар назди Парчами миллӣ буд. Роҳбари давлат Парчами Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин муқаддасоти миллӣ бӯсиданд ва қавл доданд, ки ба Тоҷикистони ҷангзада сулҳ меоранд. Ин амал эҳтироми баланд нисбат ба муқаддасоти миллӣ, ҷавонмардӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат нисбат ба миллатро нишон дод.

Ҳамин садоқату муҳаббат ба арзишҳои миллиро Сарвари давлати мо дар марҳилаҳои баъдӣ низ идома доданд. Ин буд, ки дар асоси як фармони худ, оѓоз аз соли 2009 ҳамасола 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Илова ба ин, дар асоси фармони Сарвари давлат 30-юми августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе, дар паҳлуи Қасри миллат баландтарин парчам дар дунё барафрохта шуд. Дар маросими кушодашавии ин парчам намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок карда, ба Тоҷикистон Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд.

Дар ҷаҳон баландтарин парчам бунёд кардан ҳам нишонаи хос аст. Ин маънои сарбаландӣ, бунёдӣ, абадият ва кам набудан аз дигар халқҳову миллатҳо мебошад.

Хотиррасон бояд кард, ки муҳимтарин рамзи парчам ин сарҷамъии миллат аст. Ҳоло вақти он аст, ки мо бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо нангу номус, бо меҳнати ҳалол дар зери ҳамин парчаме, ки ҳар як ранги он нишонаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо мебошад, аз ҳарвақта бештар муттаҳиду сарҷамъ гардем. Фарзандону пайвандон ва насли ояндаро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намоем. Суннату анъанаҳои парчамдориамонро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Имрӯз ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро такроран таъкид мешавад, ки парчам як рамзи хоссаи Истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст. Ба қавли роҳбари давлат Парчами миллии мо “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” аст.

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More