Home Articles ЭҲТИРОМ НИСБАТ БА ПАДАРУ МОДАР

ЭҲТИРОМ НИСБАТ БА ПАДАРУ МОДАР

ЭҲТИРОМ НИСБАТ БА ПАДАРУ МОДАР
2022-12-20
919

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Сабаби ба дунё омадани мо аз овони кўдакӣ, тарбия дидан ва дар ҳама ҳолат доимо дар мадди назари онҳо будан, илму касб омўхтан, дар ҳолати беморӣ бедорхобӣ ва парасторӣ кардани мо волидони меҳрубон ҳастанд, ки дар баробари ин хидматҳои шоёнашон шукргузорӣ бар зиммаи мо фарзандон зарур аст. Мо бояд доимо омодаи хидмати онҳо бошем ва ба ҳар як нидояшон «лаббайк»-гўён посух гардонда, аз суханонашон малолу озурда нашуда, дар ҳаққашон аз Худованди меҳрубон талаби омурзиш кунем. Худованд дар ояти 23-24-уми сураи мубораки «Исро» чунин мефармояд: «Парвардигори ту ҳукм мекунад, ки ѓайри ўро ибодат накунед ва ба падару модар некӣ кунед, агар ҳар дуи онҳо яке аз онон ба хидмати шумо муҳтоҷ шуданд, дар вақти хидмати онҳо «уф» нагўед ва онҳоро заҷр накунед ва суханони хуб гўед, ба онҳо изҳори муҳаббат кунед ва дар наздашон худро хору паст донед ва гўед, ки эй Парвардигор, ҳамчунон ки моро дар овони хурдсолӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун».

Ба падару модар муомилаи нохуб кардан, онҳоро озор додан, ҳақорат намудан, беэҳтиромӣ ва нофармонӣ кардан гуноҳи бузург аст. Расули Худо (с) мефармоянд: «Оқи волидайн аз бўи ҷаннат маҳрум мешавад, ҳол он ки бўи ҷаннат аз масофаҳои дур эҳсос карда мешавад».

Бояд фарзандон доимо аз ҳоли падару модар хабардор бошанд, ҳамаи ниёзҳои онҳоро бо ҷону дил иҷро намоянд, вақте ки сухан мегўянд,бидуни зарурат сухани зиёд нагўянд, суханони онҳоро набуранд, ба онҳо фармон надиҳанд, таъна накунанд, «шумо ин тавр нестед, ё ин тавр нашавад, ин тавр шавад» гуфта суханони онҳоро таҳқир накунед. Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегўяд: «Ҳар мусулмоне, ки ба падару модараш хидмат кунад ва ба рўи онҳо ба муҳаббат назар намуда, шабро рўз кунад, Худованд ду дари ҷаннатро ба рўяш боз мекунад. Агар фарзанд ба ѓазаби волидон гирифтор шавад, то вақте ки онҳо аз фарзанд розӣ нашаванд, Худованд аз он фарзанд розӣ намешавад». Шахсе дар маҷлиси Ибни Аббос (р) буд, пурсид, ки агар волидон нисбат ба фарзандашони зулм карда бошанд, дар ин сурат чӣ ҳукм дорад? Ибни Аббос (р) гуфт: Агарчи волидон зулм ҳам карда бошанд. («Адабул-муфрад»-и Имом Бухорӣ)

Ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Амр (р) аз Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: «Ризои Худованд дар ризои падару модар аст ва ѓазаби Худованд дар ѓазаби падару модар аст». (Сунани Тирмизӣ)

Фарзандон гумон накунанд, ки дар ҳама ҳолат ризои Худо ба ризои падару модар вобаста аст, балки ин дар умуре ҳаст, ки хилофи шариат набошад, агар волидон дар коре, ки хилофи шариат бошад, нисбат ба фарзандашон ѓазаб кунанд, дар ин ҳолат ѓазаби онҳо сабаби ѓазаби Худованд намешавад.

 Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: Касе бихоҳад, ки умраш дароз шавад ва ризқаш фарох гардад, ба падару модараш некӣ кунад ва ба онҳо силаи раҳм ба ҷо орад». (Ривояти Аҳмад) Агар падару модар ба хона ворид шаванд, бояд фарзандон ба истиқболи онҳо аз ҷой бархезанд ва бо эҳтиром онҳоро аз худ боло нишонанд, дар пеши онҳо бо тавозуъ бошанд, ва дар ҳузури онҳо пойҳои худро дароз накунанд ва бидуни узр ба паҳлу нанишинанд.

Хулоса хидмати падару модар дар зиммаи фарзандон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам пас аз маргашон лозим ва воҷиб аст. Хидмати онҳо пас аз даргузашташон ин аст, ки дар ҳаққи онҳо пас аз ҳар намоз дуо карда шавад, бо хешовандони онҳо мисли бародару хоҳар ва бо дўстонашон силаи раҳм ба ҷо оваранд, онҳоро эҳтиром кунанд ва ба онон некӣ кунанд. Ин амалҳо сабаби ризоят ва хушнудии рўҳи онҳо мешавад. Аз номи онҳо садақа ва эҳсон кардан ва дигар амалҳои некро ба ҷо овардан ва савоби онро ба рўҳи онҳо бахшидан вазифаи ҳар як фарзанд мебошад.

Абдулвоҳид Ҳомидов

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More