Home Articles ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
2023-02-21
805

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Парвардигореро, ки паёмбаронашро бо ҳуҷҷат фиристод ва тавассути мўъҷизаҳо қувваташон  бахшид ва барояшон дастур дод, то ростгў бошанд ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари охирузамон Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.

        Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрўз қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфт, ки яке аз артишҳои пешрафта маҳсуб меёбад. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрўз дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону аскарон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст.

Буданд рўзҳое, ки ҷавонон майли хизмати ҳарбӣ надоштанд, аммо имрўз аксари онҳо бо ихтиёри худ барои адои хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро хизмати Ватан-модар шараф буда, падару модарон ба амнияти фарзандонашон боварии комил доранд.

         Ҳамаи ин хизматҳои Пешвои миллат баҳри сулҳу суботи Ватан аст! Шахсе ки ватанашро дўст надорад, чизи дигареро дўст дошта наметавонад. Воқеан, Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хўрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар модар сабаб бошад инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, Ватан рўҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

        Дини мубини Ислом инсониятро барои дўст доштану ободонии Ватан ва холисона хидмат кардан ба ҷомеа, аз байн бурдани душманию нифоқ ва густариши дўстиву ҳамгироии одамон мудом даъват мекунад.  Худованд дар ояти 2-юми сураи «Моида» фармудааст: 

       «Барои некбахтӣ ва тақвои Худованд ҳамкорӣ кунед ва дар роҳи гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ макунед».

         Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигар муттаҳид будани мардумро дар назар дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Худованд буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад, зеро дар Қуръони карим омадааст:

         «Эй касоне, ки имон овардаед, ҳама дар итоати Худованд дароед ва ба роҳи шайтон наравед, албатта шайтон барои шумо душмани ошкораст».

         Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халқу ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дўст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромўш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ўҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомўзи дини мубини Ислом чунин аст: «Дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст».

         Инсони некбахт нафақат ватанашро дўст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесўзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дўст доштани Ватан мижа назада хидмат мекунад».

         Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дўзах дар амон хоҳад буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дўст доштани Ватан, мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

        Пайғамбар (с) дар хутбаи Ҳаҷҷату-л-вадоъ ба тамоми мардум хитоб карда гуфтанд: «Эй мардум, Парвардигори шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам (а) ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Дар ин ҳадиси муборак иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва аз як сарчашма будани башарият таъкид шудааст. Модом ки чунин аст, пас ягона роҳи пешрафт хидмати содиқона ба ватан ва сокинони ватан ва ҳамчунин дўстиву мадоро бо мардумони дигар кишварҳост.

         Ватандўсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро як хел дўст медорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо намекунад. Ҳар қадар мо зодгоҳамонро дўст дорем, ҳамон қадар ватани бузургамон – Тоҷикистонро бояд дўст дорем. Як хислати инсони ватандўст ҳамин аст, ки ў зодгоҳашро аз маҳалҳои дигар боло намегузорад. Касе, ки зодгоҳашро аз Тоҷикистон боло гузорад, маҳалгарост. Маҳалгароӣ бадтарин хислати инсон аст, зеро он давлатро пора-пора карда, миллатро рахна месозад. Набояд фаромўш кард, ки яке аз  сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳалгароӣ буд. Оқибат ин маҳалгароӣ мардумро хонавайрон кард. Таърих барои он аст, ки аз он сабақ омўзанд. Бояд аз таърих сабақ омўзем ва баҷои маҳалгароӣ ватандўст бошем. Он гоҳ Тоҷикистон обод мешавад.

         Имрўз дар масъалаи ватандўстӣ ба он хотир сухан мекунем, ки мо бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

         Шумо боре ба ҳоли баъзе кишварҳои ҳамсоя назар кунед, мебинед, ки одамон дар орзуи сулҳанд. Мардуми Сурия, Афғонистон, Ироқ чанд сол мешавад, ки ба хоку хун ғўтавар шудааст. Ҳар рўз садҳо нафар мардуми осоишта, пиру кўдак кушта мешавад, ба сари мардум аз тамоми силоҳҳои мавҷудбуда тиру тўп холӣ карда мешавад, шаҳрҳо вайрон, хонаҳо валангор гашта, фарзандон ятим мегарданд. Ин воқеа аз куҷо сар зад? Аз ношукрии одамон, зеро онҳо ба қадри тинҷиву оромӣ нарасиданд.

         Агар мо дар Тоҷикистони азиз ҳушёриву зиракиро аз даст диҳем, ба гуфтаи фитнагару иғвоангезон фирефта шавем, ҳоли мо чӣ мешавад?

        Имом Муслим дар муқаддимаи «Саҳеҳ»-аш ҳадисеро аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд:

«Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурўғгў пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на падарону бобоҳоятон онҳоро нашунидаед. Пас ҳушёр бошед ва худро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин берунатон созанд».

       Онҳое ки аз номи ислом сухан мегўянд, ояту ҳадис меоранд, мехоҳанд ба ин васила ба ғаразҳои худ ноил шаванд. Зеро дар асл, ҳар иғвоангезу фитнагар шайтон аст, шайтони инсӣ, ки мехоҳад дар рўи замин фасод кунад, мехоҳад кишвари моро ноором созад, зеро бадхоҳ ва душман пешрафту тараққӣ, сулҳу салоҳро дида наметавонад. Мисли Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон ба воситаи ҷангу хунрезӣ мехоҳад дунё ба даст орад. Огоҳ бошед, ки оромиву амнияти ватан дар дасти худи мост! Агар мо ба қадри ин неъмат нарасем, куфрони неъмат кардаем ва дар пешгоҳи Худованд носипос мегардем!

         Бинобар ин, биёед дар рўзи солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ дар ҳаққи марзбонон, ҳомиёни ватан ва ҳамаи онҳое, ки баҳри оромиву осудаҳолии халқи тоҷик, баҳри ҳимояи ватани азиз заҳмат мекашанд, дуо кунем:

          Худованд ҳамаи онҳоро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ дорад, ба онҳо далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ ато намояд, дунёву охираташонро обод сохта, ҳама ниятҳои неки диниву дунявиашонро баровардаи хайр созад.

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More